Дар Феҳристи давлатии корхона ва ташкилотҳои Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 зиёда аз 48 ҳазор субъектҳои ҳуқуқии хоҷагидорӣ (корхонаҳои хусусиву давлатӣ ва дигар корхонаҳо) ба қайд гирифта шудааст.
Ба аввали соли ҷорӣ танҳо ҳудуди 36 ҳазор адади онҳо (75%) фаъолият дошта, зиёда аз 12 ҳазор адади онҳо (25%) кор намекарданд.
Сабабҳои қатъи фаъолияти ин иқтидорҳо омилҳои гуногун номбар мешаванд, аз қабили камбуди ашёи хом ё воситаҳои гардиш, анҷоми муҳлати иҷозатнома, кори мавсимӣ, фарсудашавии таҷҳизоти технологӣ, рақобатпазир набудани маҳсулоти истеҳсолмешуда, тағйирёбии самти кор, баҳсҳои амволӣ ва ғайра.
Соли гузашта (2020) 1193 корхонаи нав ба қайд гирифта шуда, 850 корхона фаъолияти худро қатъ намуданд.
Ҳудуди 36% аз ҳамаи корхонаҳои амалкунанда дар қаламрави вилояти Суғд, 31,5% - дар вилояти Хатлон, 18,4% - дар Ноҳияҳои тобеи марказ, 12,7% - дар шаҳри Душанбе ва 1,7% - дар қаламрави ВМКБ фаъолият доранд.
Аксарияти корхонаҳои фаъол дар бахши кишоварзӣ, тиҷорату савдо, сохтмон, миёнаравии молиявӣ ва дигар соҳаҳои хизматрасонӣ кор мекунанд.
Тибқи маълумоти Вазорати саноат, дар ҷумҳурӣ 2274 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, 265-тои онҳо ба корҳои истихроҷ, зиёда аз 1,8 ҳазорашон ба коркарди маҳсулот ва 76-тоашон ба таъминот бо барқу газ ва об машғуланд.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ба ҷуз идоракунии корхонаҳои воҳиди давлатӣ, ҳукумат дар сармояи оинномавии 140 ширкат ҳисса дорад, аз ҷумла дар 136 ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва 4 Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд.
Байни онҳо 47-тоашон корхонаҳои истеҳсолӣ ва 19-тоашон ширкатҳои сохтмон буда, 74-то аз онҳо ба пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун машғуланд.
Дар сармояи оинномавии 118 ширкатҳои саҳҳомӣ 100%-и бастаҳои саҳмия ба давлат тааллуқ дорад.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, то 1 октябри соли 2020 қарзи умумии корхонаҳои кишвар наздики 87 млрд сомонӣ (8,2 млрд доллар)-ро ташкил дода буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Любовь к природе и простому труженику. В Душанбе открылась выставка художника Фарруха Негматзаде
Как таджикские кавалеристы не дали немецкой армии вырваться из Сталинграда
Под натиском парниковых газов и пылевых бурь. Как остановить исчезновение ледников в Таджикистане?
Каких животных нельзя держать в столице? Напоминаем правила, ведь штрафы возросли
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 2 февраля 2025 года
Январская "чистка", иранские инвестиции, "дело о госперевороте" и страхи таджикских мигрантов: важные события января-2025 по версии "Aзия-Плюс"
Ярко, весело и с размахом. Как в Душанбе отметили праздник Сада
В Филадельфии на жилые дома рухнул самолет медицинской эвакуации
Сборная Таджикистана на Азиаде-2025 в Китае оказалась самой малочисленной среди стран Центральной Азии
Что делать, если инспектор ГАИ снимает номера с вашей машины?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста