Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои ширкатҳои тадқиқотӣ ва маркетингӣ-иҷтимоии ватанӣ озмун эълон кард.
Тавре шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, дар таҳқиқот баргузории назарпурсӣ оид ба интизориҳои аҳолӣ аз таваррум пешбинӣ шудааст.
Ҳуҷҷатҳои заруриро барои иштирок дар тендер довталабон бояд то 12 феврали соли равон пешниҳод кунанд.
Мувофиқи шартҳои озмун, шумори респондентон (пурсидамешудагон) набояд аз 1500 нафар камтар буда, иштироки сокинони ҳама минтақаҳои кишвар дар назарпурсӣ ҳатмист ва ҳар семоҳа, яъне чор маротиба дар як сол гирифтани назари шахсони тасодуфӣ лозим аст.
Пешниҳод мешавад, ки пурсиш тариқи телефон гузаронида шуда, дар он бояд муштариёни ҳамаи ширкатҳои мобилӣ иштирок кунанд. Ғайр аз ин, баробарии шумори мардон ва занон дар пурсиш талаб шуда, пурсидашавандагон бояд тариқи зайл аз рӯйи синнусол гурӯҳбандӣ шаванд: 18-25; 26-40; 41-65; 66+.
Пурсишномаи омодашуда ба доваталабон пешниҳод мегардад.
Қобили зикр аст, ки нигаҳдории сатҳи дарозмуҳлати дохилии устувории нарх яке аз вазифаҳои асосии БМТ ба шумор меравад.
Соли 2020 дар ҷумҳурӣ болоравии бештар баланди арзиши маҳсулот ва хизматгузориҳо тайи 10 соли охир ба қайд гирифта шуд: сатҳи таваррум 9,4%-ро ташкил дод.
Соли гузашта бештар маҳсулоти хӯрокворӣ - ба андозаи 13% қимат шуд.
Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум дар соли 2021 аз ҷониби БМТ дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) муқаррар шудааст. Соли гузашта низ таваррум дар ҳамин сатҳ пешбинӣ гардида буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.