Нархҳои чакана ба маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас боло рафтанд ва ба гумони ғолиб, ояндаи наздик ин тамоил идома меёбад. Идораи Asia+ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба сабабҳои он, баъзе масоили чӣ гуна нархгузории он ва интизориҳои мо дар оянда равшанӣ андозад.

Афзоиши нархи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши ҷумҳурӣ аз аввали сол ба мушоҳида мерасад, лекин ҳафтаи ахир ин болоравӣ назаррастар шуд.

Аз 1 январ то имрӯз нархи бензини тамғаи АИ-92 дар Душанбе 15,4% (аз 6,5 то 7,5 сомонӣ барои 1 литр), АИ-95 – 13% (аз 6,90 то 7,80 сомонӣ), АИ-98 –  3,8% (аз 7,90 то 8,20 сомонӣ) боло рафтанд. Сӯзишвории дизелӣ (солярка) дар ин давра ба андозаи 10,3% (аз 6,80 – 7,50 сомонӣ), гази моеъ - 7% (аз 4,25 то 4,55 сомонӣ) қимат шуд.

Нархҳо ба сӯзишворӣ дар минтақаҳои кишвар низ боло мераванд, ки бо назардошти хароҷоти иломагӣ зиёдтаранд: дар муқоиса бо пойтахт дар Суғду Хатлон онҳо ба андозаи 2-3% ва дар ВМКБ - 8% қиматтаранд.

Сабаб чист?

Болоравии нархҳоро ба сӯзишворӣ барои нақлиёт ширкатҳои воридкунанда дар навбати аввал ба қиматшавии нафт ва афзоиши нархҳои фурӯш дар корхонаҳои коркарди нафт (ККН) нисбат медиҳанд.

Нархи нафти Brent аз 1 январ қариб $15 боло рафта, бори нахуст аз 8 январи соли 2020 аз нишондиҳандаи $70 гузашт.

Сӯзишворӣ ба Тоҷикистон асосан аз ду корхонаи Русия: ККН Омск (“Газпром”) ва ККН Орск (“Русснефть) оварда мешавад.

Нархҳои фурӯши бензини корхонаҳои Русия аз аввали соли ҷорӣ тақрибан $100-150 (вобаста ба тамға) ва сӯзишвории дизелӣ - қариб $60 боло рафтанд.

Ҳамчунин афзоиши арзиши маҳсулоти нафтӣ коҳиши ҳаҷми коркарди ашёи хом дар корхонаҳои Русия дар партави пандемия маънидод мешавад. Коҳиши истеҳсол ба камшавии фоидаи корхонаҳо боис гардида, онҳо мутаносибан нархи маҳсулоти худро зиёд карданд.

Ғайр аз ин, ба арзиши сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ беқурбшавии асъори тоҷикӣ, ки тайи соли охир нисбат ба доллар 16,6% поин рафт, низ таъсири муайян расонид.

Маҳсулоти воридотӣ дар кишварҳои истеҳсолкунанда бо асъори хориҷӣ, асосан бо доллар харида мешавад. Маълумоти оморӣ давоми солҳои 2010-2021 гувоҳи онанд, ки арзиши чаканаи маводи сӯзишворӣ бо сомонӣ дар ин давра зиёда аз 2 баробар афзуда, нархҳо бо доллар баръакс, кам шудаанд. Нархҳои чакана ба 1 литр бензин ба 1 январи соли 2010 ва аввали моҳи марти соли 2021: АИ-92 - $0,77 в $0,66, АИ-95 – $0,84 ва $0,69, АИ-98 - $1,1 ва $0,73. Масалан, агар моҳи январи соли 2010 ронандаи автомашина дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории Душанбе бо 100 сомонӣ 30 литр бензини АИ-92 харида метавонист, пас имрӯз бо ҳамин миқдор маблағ ҳамагӣ 13 литр чунин навъи бензин харида метавонад. Нархҳои сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ низ ба ҳамин минвол тағйир меёфтанд.

Нархҳо чӣ гуна муқаррар мешаванд?

Нархҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон бо назардошти се таркиби асосӣ муқаррар мешаванд: арзиши маҳсулот дар корхона, интиқол (овардани он) ва андозҳои дохилӣ.

Соли 2020 ширкатҳои воридкунандаи Тоҷикистон ба истеҳсолкунандагон барои 1 тонна бензин ба ҳисоби миёна $416, сӯзишвории дизелӣ - $461 ва гази моеъ - $422 маблағ пардохт кардаанд.

Дар идома ширкатҳои воридкунанда маблағи хизматрасониҳои роҳи оҳан ва иҷораи вагонҳоро пардохт кардаанд.

Сипас пардохти маблағ дар Тоҷикистон оғоз мегардад: расмиёти гумрукӣ (0,25%), ААИ (18%) ва аксиз. Меъёри аксиз барои ҳар як тонна бензин $65, сӯзишвории дизелӣ - $10 ва гази моеъ - $5-ро ташкил медиҳад. Аксиз ба нархи маҳсулот дахл надошта, меъёри он тағйир намеёбад.

Пас аз ин ширкати воридкунанда вобаста ба имконоти иқтисодии худ як нархгузории муайян анҷом дода, онро бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа мекунад.

Боз дигар хароҷот ҳам ҳастанд: пардохти кори гирифтани маҳсулоти нафтаӣ аз вагонҳо, нигаҳдории сӯзишворӣ дар анбори нафт, расонидаи сӯзишворӣ то нуқтаи фурӯш. Фоидаи софи воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ пас аз ҳамаи хароҷот аз ҷониби коршиносон 4-5% арзёбӣ мешавад.

Пешгӯйӣ

Коршиносон бо эҳтимоли зиёд болоравии минбаъдаи арзиши маҳсулоти нафтиро, ҳадди ақал то охири ҳамин моҳ пешгӯйӣ мекунанд. Ин интизориҳо дар баробари тамоили афзоиши нархҳои ҷаҳонӣ ба нафт, инчунин ба оғози корҳои саҳро дар Тоҷикистон дар фасли баҳор нисбат дода мешаванд. Дар ин давра ҳамасола талабот ба маводи сӯзишворӣ дар худи кишварҳои содиркунандаи нафт меафзояд, дар навбати аввал ба сӯзишвории дизелӣ.

Ғайр аз ин, аввали соли ҷорӣ бо сабаби мушкилиҳои техникӣ яке аз бузургтарин корхонаҳои коркарди нафти Атирау дар Қазоқистон фаъолияти худро қатъ намуд. Корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар корхона то охири моҳи март идома меёбанд, хабар дод рӯзи 4 март МИА «Казинформ». 

Қисмате аз сӯзишвориро Тоҷикистон аз ин кишвар меорад. Ҳамчунин ба болоравии нарх қарори ҳукумати Қирғизистон дар бораи манъи содироти нафт аз 3 март таъсир расонида метавонад.

Танзими давлатии нархҳо хатарнок буда метавонад

Зимни болоравии нархи ҳама гуна маҳсулот истеъмолгарон маъмулан ба шигифт меоянд, ки чаро ҳукумат инро назорат намекунад! Эҳсосоти одамонро фаҳмидан мумкин, лекин тадбирҳои давлатии танзимкунанда ва нигаҳдории сунъии нарх вазъро дар бозор метавонад боз ҳам мушкилтар созад.

Ҳатто каме ба таъхир афтодани мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ воридкунандагонро маҷбур карда метавонад, ки овардани маҳсулотро боздоранд, зеро нархҳои фурӯш дар корхона боло рафта, фурӯши чаканаи маҳсулот бо нархҳои пешина аллакай фоидаовар нест.

Дар ин ҳолат дар бозор норасоӣ ба вуҷуд омада, камбуди маҳсулот ногузир ба боз ҳам болоравии нархи он боис шуда метавонад.

Дар чунин ҳолати дар бозор бавуҷудомада ҳукумат бо қисман кам кардани андозбандӣ, меъёр ба аксиз ва ААИ кумак карда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.