Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия супориш дод, ки қисмате аз қарзҳои КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”-ро ба “Эксимбонк”-и Чин ба маблағи ҳудуди 286,5 млн сомонӣ (зиёда аз 25 млн доллар) пардохт намояд.
Дар қарори қабулшудаи ҳукумат ин маблағ “фоиз ва ҷаримаҳо” аз рӯйи қарзи батаъхирафтода, ки соли 2015 барои татбиқи лоиҳаи “Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон” гирифта шуданд, зикр мешавад.
Дар қарор дастур дода мешавад, ки маблағи мазкур ҳамчун саҳми ҳукумат дар сармояи оинномавии корхона ба инобат гирифта шавад.
Корхонаи роҳи оҳан ба баргардонидани ин маблағ ба Вазорати молия дар муҳлати 5 сол уҳдадор мешавад.
Гуфта мешавад, тадбири мазкур дар доираи дастгирии давлатии молиявии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” роҳандозӣ мешавад.
Муовини аввали сардори корхона Баҳром Шодиев дар шарҳи ин масъала ба нашрияи роҳиоҳанчиёни Русия - “Гудок” гуфтааст, маблағи аз ҷониби ҳукумат ҷудошуда ба пардохти қисмате аз қарз имкон медиҳад, зеро корхона дар муҳлати муқарраршуда қарзро ба қарздиҳанда пардохта натавонист.
Ба гуфтаи ӯ, пардохти маблағи боқимондаро аз рӯйи қарз минбаъд худи корхона амалӣ месозад.
“Қарзи асосӣ аз он бояд дар муддати 9 соли аввал ва пардохти пурраи қарз давоми 25 сол сурат мегирад”, - илова кард ӯ.
Ҳаҷми умумии қарзи аз ҷониби бонки Чин ба КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” додашуда 68 млн долларро ташкил медиҳад.
Ин маблағҳо ба сохтмони нақбу пулҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон равона шуданд.
Дар тамоми масофаи шохаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, ки 40,7 километрро ташкил медиҳад, 3 нақб ва 11 пул сохта шудааст.
Ба корҳои сохтмони иншооти зикршуда Корпоратсияи сохтмони роҳи оҳани Чин машғул буд.
Ёдрас мекунем, ки сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон-Қӯрғонтеппа соли 2009 оғоз гардида, соли 2016 мавриди истифода қарор гирифт.
Масофаи умумии роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон-Қӯрғонтеппа ба 46,3 километр баробар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Подозреваемому в убийстве Кириллова узбекистанцу предъявили обвинение по трем статьям УК
Еда вкусная, дезертиров нет, но кому жаловаться – не знаем: Как соблюдаются права солдат в армии Таджикистана?
Известный российский тренер возглавил кулябский «Равшан»
Авария на высоковольтной подстанции оставила часть Душанбе без света
Какое место среди стран Центральной Азии занимает сборная Таджикистана по итогам сезона-2024
Афиша от «Азия-Плюс»: «Музыка чудес» Людовико Эйнауди, «Группа Neka и гости» и рождественский концерт
Таджикистан назвали самой зависимой от Китая страной в Центральной Азии
Владислав Бакальчук проиграл суд о передаче активов Wildberries
Тесты по русскому для детей мигрантов в России будут бесплатными
Таджикская шахматистка выиграла бронзовую медаль на чемпионате Азии-2024
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста