Бо мақсади бештар самаранок истифода бурдани қарзи имтиёзнок аз Бонки исломии рушд (БИР) ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ барои воридоти маҳсулоти ниёзи аввал имтиёз дода шуд, хабар медиҳад Вазорати молияи Тоҷикистон.
Тағйирот ба Буҷети давлатии соли 2021 дар бораи аз пардохти боҷи гумрукӣ, аксиз ва ААИ озод кардани ин корхонаи воридкунандаи маҳсулот 31 марти ҳамин сол аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати молия, Агентӣ бо БИР созишнома дар бораи маблағгузорӣ ба савдо ба имзо расонидааст, ки дар он барои воридоти маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили бензину сӯзишвории дизелӣ, инчунин, гандуму шакар, биринҷ ва ғайра додани қарзи имтиёзнок пешбинӣ шудааст.
Дар бораи ҳаҷми қарзе, ки дар доираи ин қарордод пешниҳод мегардад, маълумот дода нашудааст. Ҳамчунин саҳеҳ нест, ки Агентӣ имтиёзро танҳо дар доираи қарзи БИР мегирад ё тағйирот инчунин ба маҳсулоти аз ҷониби маблағи худи Агенти воридшуда низ дахл дорад ё не.
Дар Вазорати молия бар ин назаранд, ки имтиёзҳои ба Агентӣ додашуда, ба беҳбуди таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти дар боло зикршуда, инчунин ҷиҳати ба эътидол омадани вазъи нархҳо ба он мусоидат менамояд.
Изҳороти вазорат нисбати ба эътидол омадани вазъи арзиши маҳсулот баҳснок ба назар мерасад, зеро дар бозори воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷуз ин Агентӣ, боз зиёда аз 50 дигар ширкати таҳвилкунанда кор мекунанд, ки имтиёз нагирифтаанд.
Ин корхонаи давлатӣ дар баробари ҶСК “Газпромнефт-Тоҷикистон” ва ҶДММ “Сеганҷ” дар бозор мавқеи ҳукмрон доранд, лекин ҳиссаи умумии ин ду ширкат беш аз 70%-ро ташкил дода, ҳиссаи Агентӣ - ҳамагӣ ба 10% аз ҳаҷми умумии воридоти маҳсулоти нафтӣ баробар аст.
Боҷи гумрукии воридотӣ барои ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ 0,25% ва ААИ - 18% аз арзиши маҳсулотро ташкил медиҳад. Меъёри аксиз барои ҳар як тонна бензин $65 ва сӯзишвории дизелӣ - $10-ро ташкил медиҳад. Аксиз ба нархи маҳсулот дахл надошта, меъёри он тағйир намеёбад.
Қобили зикр аст, ки афзоиши нархи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши ҷумҳурӣ аз аввали сол ба мушоҳида мерасад, лекин болоравии нархи сӯзишворӣ барои автомашинаҳо давоми даҳаи аввали моҳи март назаррас шуд.
Аз 1 январ то имрӯз нархи бензини тамғаи АИ-92 дар Душанбе қариб зиёда аз 30% (аз 6,5 то 8,5 сомонӣ барои 1 литр), АИ-95 – 27% (аз 6,90 то 8,80 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ (солярка) - 13% (аз 6,80 – 7,70 сомонӣ) ва гази моеъ - 9% (аз 4,25 то 4,60 сомонӣ) боло рафт.
Тибқи маълумоти омори расмӣ, дар зарфи 2 моҳи соли ҷорӣ нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 2% зиёд шудааст.
Дар ин давра нархи картошка (29,4%), тухм (5,0%), мева (1,8%), шир ва маҳсулоти ширӣ (1,4%), шакар (1,3%), гӯшт (1,1%), равған ва чарбу (0,7%) нисбатан боло рафтааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.