Ба корҳои таъмиру навсозии қитъаи роҳи мошингарди Душанбе-Қулма, ки маркази маъмурии ноҳияи Дарвозро бо ноҳияи Ванҷ (то сарҳади ноҳияи Рӯшон) пайваст мекунад, имрӯз, 27 сентябр бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшида шуд.
Ин қитъаи масофааш 109 километр яке аз қисматҳои душворгузари роҳи мошингард шуморида мешавад. Дар назар аст, ки пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ масофаи он то 92 километр кам мешавад.
Дар доираи корҳои таҷдид дар ин қитъа сохтмони роҳи духатаи дараҷаи 3-юми техникӣ, ҳамчунин бунёди ду нақб (масофаашон 5,2 км), айвончаҳои муҳофизат аз тармафароӣ (галереяҳо) бо масофаи умумии 490 метр, 15 пул (масофаашон 634 метр) ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Оғози бевоситаи корҳо оид ба таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ чандин маротиба ба вақти дигар гузаронида шуданд.
Ҳанӯз аз соли 2019 ҳукумат зикр мекунад, ки Тоҷикистон созишномаро дар бораи аз ҷониби Чин ҷудо гардидани кумаки бебозгашт ба маблағи ҳудуди 360 млн доллар тасдиқ намуд, ки қисмате аз ин маблағ барои таъмиру навсозии роҳ аз Дарвоз то Ванҷ ва сарҳади Рӯшон сарф мешавад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим моҳи июли соли равон мавқуф гузошта шудани оғози амалисозии лоиҳаро дар ин қитъа ба “Азия-Плюс” пандемия ва таъхири таъмини маблағгузорӣ маънидод намуд.
"Дар маблағгузории лоиҳа баъзе таъхирҳо ба амал омад, бидуни пул ба кор шурӯъ кардан ғайриимкон аст", - гуфта буд вазир.
Ҳамзамон, ӯ зикр кард, ки барои гирифтани маблағ, мувофиқа ва имзои ҳуҷҷатҳои зиёде лозим буд, аммо пандемия ин чорабиниҳоро низ ба таъхир гузошт.
Азим Иброҳим гуфт: "Ҳеҷ кас интизор набуд, ки дар ҷаҳон пандемия сар зада, таъсири он дар соли дуввум эҳсос мешавад".
Эмомалӣ Раҳмон имрӯз инчунин қисмати шоҳроҳи Кӯлоб - Хоруғ - Қулма - Чин аз деҳаи Ёгед то маркази ноҳияи Дарвозро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Масофаи роҳи мошингарди қисмати шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин 26 километр буда, бо маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон, Бонки исломии рушд, Хазинаи саудии рушд, Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб ва Хазинаи ОПЕК бо харҷи қариб 32 млн доллар куллан навсозӣ шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как Малика Джуракулова меняет мир и борется за права таджикских женщин
На дорогах Душанбе всё чаще замечают LiXiang L9: что за автомобиль покоряет столицу?
Google Pay с Mastercard от Алифа уже доступен: оплачивайте покупки телефоном бесконтактно
«Барки точик»: Если бы не модернизация, мы могли вообще остаться без электроэнергии
В ответ лишь длинные гудки. Как работают номера горячих линий служб по миграции в Таджикистане?
В Фархоре сдали новые дома для 36 семей, пострадавших от весеннего паводка
Какой он, идеальный муж в Таджикистане?
Афиша от «Азия-Плюс»: Вечер киномузыки Болливуда, спектакль «Женитьба» и лекция о путешествиях
Бензин в Таджикистане – самый дорогой в Центральной Азии
Более 58% детей мигрантов в РФ показали хорошее знание русского языка – исследование
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста