Барои оилаи иборат аз 4 нафар 300 доллар дар як моҳ кофист?

Чанде пеш шаҳрдории Душанбе барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон карда, маоши баландтарини зикршуда дар ин вазифаҳо тақрибан 150 долларро ташкил медиҳад. Агар дар як оила зану шавҳар кор кунанду ҳар ду 150 долларӣ маош гиранд, ин барои таъмини зиндагиашон кофист?

Мо хароҷоти зарурии оилаи маъмулии иборат аз 4 нафар, яъне волидон бо 2 фарзандашонро ҳисоб кардем. Агар лозим донед, чизҳое, ки дар ин ҷо заруранду зикр нашудаанд, илова намоед.


Ана бо ҳамин маблағи боқимонда шумо барои худ ва фарзандонатон бояд либосу пойафзол харед, пули кӯдакистону мактабро диҳед ва роҳкирои нақлиётро пардохт кунед (ба кор рафтану омадан).

Аксарияти оилаҳо манзил надошта, дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунанд. Дар Душанбе барои иқомат дар хонаи иҷора боз тақрибан 1200 сомонӣ (106,7 доллар) лозим асту он ба масоҳати хона (1, 2, 3-ҳуҷрагӣ) вобаста аст.

Ғайр аз ин, дар ҳама оилаҳо барои муолиҷа ва доруҳо маблағ хароҷот мешавад, ки ин ҳам ҳатмӣ аст.

Фароғату истироҳатро ба хотир ҳам намеорем.

Дар шарҳҳо (комментарияҳоятон) нависед, ки шумо чӣ қадар маош мегиреду он барои чиҳо мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.