Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз ширкаткунандагони Маҷмааи Ҳисоби барқарорсозии экологӣ хостааст, ки дар бозсозии маконҳои мероси урани Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати саноат хабар медиҳад.
Маҷмаии саҳҳомони Ҳисоби барқарорсозии экологӣ (ҲБЭ) барои Осиёи Марказӣ рӯзи 9-уми декабр баргузор шудааст, ки Шералӣ Кабир дар он ба таври маҷозӣ ширкат кардааст.
Шералӣ Кабир дар суханронии худ ба мушкилоти мавҷуд ишора карда аз ширкаткунандагонии Маҷмааи ҲБЭ хостааст, ки ба зарурати таъмини бехатарӣ ва бозсозии маконҳои мероси уран, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондаанд, таваҷҷуҳ кунанд.
Вазири саноати Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳалли мушкилоти марбут ба маконҳои урани баҷомонда аз Шӯравӣ танҳо бо ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ имконпазир аст.
Вазири тоҷик гуфтааст, ки танҳо барои ислоҳи хок дар қаламрави Тоҷикистон бештар аз 35 млн евро ниёз аст. Шералӣ Кабир гуфтааст, ки маблағҳои ихтисосдодашудаи ҳозир барои иҷроӣ кардани ҳадафҳои барномаҳои ҲБЭ кофӣ нестанд ва барои нигоҳдории некуаҳволии мардум ва таъмини амнияти экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ 40 миллион еврои иловагӣ зарур аст.
Вазири тоҷик аз кишварҳои сармоягузор хостааст, ки дар ин замина бештар саҳм бигиранд ва ба оқибатҳои фоҷиаҳои экологӣ таваҷҷуҳ кунанд.
Раиси Маҷмааи сармоягузорон Адриан ван дер Меер дар поёни ин ҳамоиш изҳор кардааст, ки Комиисияи Аврупо бо ҳадафи мусоидат ба корҳои беҳсозӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тасмим гирифтааст, ки ба ҲБЭ 10 миллион евро бидиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таджикистанцев призвали не брать у незнакомцев никаких посылок и документов
Сироджиддин Насриддинов — дипломат и первый посол Таджикистана в России отмечает 85-летие
Пять лет Covid-19: Позитивные аспекты «крупнейшего психологического эксперимента в истории»
В СНБО Украины назвали самую массированную атаку дронов на города России «сигналом Путину»
В День таджикской печати 9 журналистов получили премию имени Лохути
Бывшего президента Филиппин Родриго Дутерте арестовали по ордеру МУС
Год вызовов и побед: чего добилась "Азия-Плюс" в 2024 году
Пешком, верхом, на машине и по воздуху: Древние маршруты Таджикистана и Центральной Азии
В Саудовской Аравии начались переговоры Украины и США
Администрация США запустила приложение для "самодепортации" мигрантов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста