Захираҳои байнулмилалии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) то аввали соли ҷорӣ зиёда аз 7 моҳи рӯйпӯши воридот ба кишварро ташкил доданд, хабар дод раиси БМТ Ҳоким Холиқзода имрӯз, 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ.
“Бо вуҷуди дар қурби устувор нигоҳ доштани асъори хориҷӣ, захираҳои байнулмилалии мо дар муқоиса бо солҳои пешин зиёд шуданд”, - иброз дошт ӯ.
Қобили зикр аст, ки агар тағйироти начандон назаррас ба ин ё он самт ба назар гирифта нашавад, қурби сомонӣ нисбати доллар соли дуюм инҷониб қариб дар як сатҳ боқӣ мемонанд (11,3 сомонӣ барои 1 доллар).
Маълумот дар бораи ҳаҷми захираҳои тиллову асъор аз ҷониби сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ифшо намешавад.
Ба ҷуз БМТ, Вазорати молияи кишвар низ захираҳои тиллову асъорро дар ихтиёр дорад.
Ин муассисаҳо захираҳои тиллои худро аз ҳисоби истеҳсолоти маҳаллӣ, ки тайи солҳои ахир истеҳсол дар он то 10 тонна дар як сол афзуд, зиёд мекунанд.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, зиёда аз 40%-и маҳсулоти содиротии кишварро дар соли 2021 фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳо ташкил медиҳанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
10 самых неочевидных вопросов, которые могут возникнуть у постящихся в месяц Рамазан
Гафур Шерматов выпустил книгу о выдающихся людях, похороненных на православном кладбище в Душанбе
Какую погоду ожидать в Таджикистане 8 марта?
Таджикистан в списке «худших» по уровню свободы и прав
ФАО поможет таджикистанцам бороться с лишним весом
«Оскар-2025»: Фильм «Анора» забрал пять статуэток, став главным триумфатором премии
Спикер «Талибана» назвал «дезинформацией» слова Трампа о контроле Китая над авиабазой Баграм
Власти Душанбе усилили контроль за ценами на продукты в месяц Рамазан
Сияние высокой звезды. К 85-летию академика Бахрома Сирожева
В Таджикистане объявлен конкурс на президентские гранты для ремесленников
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста