Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта баҳри татбиқи Лоиҳаи тақвияти омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон грантро ба маблағи 50 млн доллар маъқул шуморид.
Кумаки бебозгашт аз ҳисоби Асссотсиатсияи байнулмилалии рушд барои “таҳкими устувории зербинои калидӣ ба хавфҳои табиӣ, беҳбуди тадбирҳо бобати сабуксозии хавфҳои марбут ба иқлим ва тақвияти имконоти миллӣ дар бахши идоракунии хавфҳои офат ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим пешбинӣ шудааст”, - омадааст дар иттилоияи Бонки ҷаҳонӣ.
Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли таъкид доштааст, ки ин кумак аҳамияти муҳим дорад, зеро барои ҳифзи одамон, сарчашмаҳои даромад ва зерсохтор ҳам имрӯз ва ҳам дар оянда ёрӣ мерасонад.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон ба бисёре аз офатҳои табиӣ осебпазир буда, ин омил ва тағйири иқлим ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон таҳдид мекунанд.
“Давоми солҳои 1992-2016 зиёни расида аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 1,8 млрд долларро ташкил дода, ҳудуди 7 млн нафар аз ин офатҳо осеб диданд”, - баён мешавад дар иттилоия.
Мувофиқи арзёбии чанде пеши Бонки ҷаҳонӣ, арзиши иқтисодии офатҳое, ки ба шабакаи роҳҳои автомбилгарди Тоҷикистон дахл доранд, ба ҳудуди 0,5% нисбати ММД дар як сол баробар аст, яъне наздики 445 млн сомонӣ дар соли 2022.
Тибқи арзёбии коршиносон, бар асари тағйирёбии иқлим, ки ба шабакаи роҳҳои автомбилгард таъсир мерасонанд, миқёси офатҳо дар муддати 10 соли наздик ҳамасола 3% зиёд мешаванд.
Дар лоиҳа ба таъмиру барқарор ва навсозии роҳу пулҳо дар вилояти Хатлон, ду пул дар роҳи Душанбе - Рӯдакӣ, қитъаҳои роҳи хавфноки байни Лабиҷар ва Қарамиқ дар долони пайвасткунандаи Душанбе бо Қирғизистон дар водии Рашт, таҳкими имконот ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани марказҳои идоракунии хавфҳо дар Хуҷанду Хоруғ ва Бохтар афзалият дода мешавад.
Лоиҳа аз ҷониби Вазорати молия, Вазорати нақлиёт ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода амалӣ мешавад.
Қобили зикр аст, ки айни замон Бонки ҷаҳонӣ 23 лоиҳаро дар Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 1,3 млрд доллар амалӣ мекунад. Аз соли 1996 Бонки ҷаҳонӣ дар доираи грантҳои Асоостсиатсияи байнулмилалии рушд, қарзҳои имтиёзнок ва фондҳои трастӣ (ғайритиҷоратӣ) ба Тоҷикистон беш аз 2,3 млрд доллар ҷудо кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.