Ҳукумати Русия содироти зироати ғалладона, доруворӣ, нуриҳои минералӣ, инчунин зиёда аз 200 номгӯи таҷҳизоти технологӣ, телекоммуникатсионӣ, тиббӣ ва техникаи кишоварзиро манъ кард.
Манъи муваққатии содироти баъзе маҳсулот аз Русия ба бозории дохилии Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мекунад ва ин метавонад ба гароншавии молу маҳсулоти маҳаллӣ ва воридотӣ аз дигар кишварҳо боис гардад?
Ба ақидаи иқтисодчӣ Умед Ҷӯраев, ин набояд ба бозори Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расонад ва болоравии нархҳоро дар Тоҷикистон ба қарори ҳукумати Русия дар бораи маҳдудият ё пурра манъи содироти шакар ва ғалладонагиҳо аз ин кишвар марбут донистан лозим нест.
Иқтисодчӣ бар ин назар аст, ки дар қиматшавии молу маҳсулот дар Тоҷикистон болоравии нархи маводи сӯхт ва таваррум нақши асосӣ мебозад.
Дарвоқеъ нишондиҳандаи Тоҷикистон аз лиҳози воридоти молу маҳсулот аз Русия баланд буда, аммо аз нигоҳи маҳсулоти хӯроквории мавриди ниёзи аввал кишварҳои дигаре ҳастанд, ки воридот аз он ҷо сурат мегирад.
Ҳиссаи Русия дар воридоти шакар ба Тоҷикистон ҳамагӣ 15 дарсад аст ва камбуди ин маҳсулотро метавон аз ҳисоби афзоиши воридоти он аз кишварҳои дигар, масалан Покистон, ҷуброн кард.
Умед Ҷӯраев бо такя ба маълумоти савдои хориҷии Русия гуфт, соли 2021 Тоҷикистон воридоти шакар (қанд) аз Русия ва маснуоти қаннодӣ аз шакарроқ ариб ба маблағи 20 млн доллар кам кард.
Ҳаҷми асосии ғалларо Тоҷикистон аз Қазоқистон мехарад ва аз Русия ба ҷумҳурӣ маҳсулоти аз ғалладона истеҳсолшуда, ки 48,2% аз ҳаҷми умумии воридот аз Русияро ташкил медиҳаду манъ нест, ворид мегардад.
Бо дарназардошти афзоиши хароҷоти нақлиёт ин маҳсулот шояд 10-15% гаронтар шаванд, аммо камбуд ба вуҷуд намеояд, зеро Русия ба интиқоли онҳо идома медиҳад.
Тоҷикистон бештар аз воридоти равғани растанӣ аз Русия вобаста аст, ки воридоти он зиёда аз 60% аз ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад.
Ғайр аз ин, Русия содироти маводи доруворӣ ва нуриҳои минералиро низ манъ кард, лекин он умуман ба бозори Тоҷикистон таъсир нахоҳад кард, зеро ҳиссаи Русия дар воридоти ин молу маҳсулот ба Тоҷикистон мутаносибан 12 ва 6%-ро ташкил медиҳад.
“То ҷое, ки ман огаҳам, содироти равған ҳоло манъ нашуда, лекин бо назардошти вазъи иқтисодӣ дар замони ихтилоф баҳри таъмини амнияти оуқавории худ Русия метавонад мувақққатан содироти ин навъи маҳсулотро манъ кунад ва дар ин ҳолат, воқеъан ҳам нархи равған ба таври қобили мулоҳиза боло хоҳад рафт”, - пешгӯӣ мекунад иқтисодчӣ.
“Аз ин рӯ, маҳдудияти содироти баъзе маҳсулот аз Русияро наметавон сабаби аслии боло рафтани нархҳо дар Тоҷикистон арзёбӣ кард, - хулоса кард коршиноси масоили иқтисодӣ. – Зарур аст, ки суръати истеҳсоли маҳсулоти асосии озуқаро дар худи Тоҷикистон афзоиш дода, ба навъбахшӣ (диверсификатсия)-и воридот идома дод”.
Соли 2021 ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия зиёда аз 1,2 млрд долларро ташкил дод, ки 44,66% (беш аз 374,3 доллар) зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.
Соли гузашта содирот аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд 114 млн долларро ташкил дод, ки 40% бештар дар муқоиса бо соли 2020 аст.
Тавозуни савдои дуҷониба дар ҳаҷми зиёда аз 1 млрд доллар ба манифтаи Русия шакл гирифтааст.
Дар сохтори содироти Русия ба Тоҷикистон дар соли 2021 ҳиссаи асосӣ ба маводи сӯхт ва маҳсулоти минералӣ, маводи ғизоӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ, чӯб ва маснуоти коғазӣ, фулузот (металл) ва маснуот аз он, маҳсулоти саноати кимиё, мошинҳо, таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт рост меояд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Он сделал первые цветные снимки Центральной Азии. Был большим талантом, но умер в безвестности
«Ее действительно избили». Результаты проверки Минобрнауки подтвердили факт нанесения побоев учительнице из Вахдата
Ровно год прошел с нападения боевиков ХАМАС на Израиль и захвата заложников. Хроника войны на Ближнем Востоке
Нобелевскую премию по медицине присудили за открытие молекул микроРНК, важных для диагностики опухолей
Как разбогатеть в Таджикистане, выращивая виноград
Первый микрофинансовый банк: ребрендинг и амбициозные цели
Хакеры атаковали ВГТРК, прервалось онлайн-вещание телеканалов «Россия-1» и «Россия 24»
Япония помогла оснастить медоборудованием Национальный диагностический центр в Душанбе
Четвертый бой в UFC: Муину Гафурову дали не проигрывающего соперника из Японии
Почему Кремль ополчился на мигрантов в России?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста