Вазорати кишоварзӣ чанде пеш хабар дод, ки истеҳсоли гӯшти мурғ дар Тоҷикистон зиёд шудааст, лекин нархи он поин нарафта, баръакс боло меравад.
Дар зарфи 2 моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 7,5 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол шуд, ки 47% зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст. Аммо аз афзоиши истеҳсоли он нарх поин нарафта, имрӯз 1 кило гӯшти мурғи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда аз 35 то 45 сомонӣ нарх дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта он ба 25-35 сомонӣ баробар буд.
Тайи солҳои ахир ҳукумати Тоҷикистон сиёсати ивази маҳсулоти воридотиро ба роҳ монда, барои истеҳсолкунандагони ватании гӯшти мурғ ва тухм имтиёзҳо, аз ҷумла бекор кардани боҷӣ гумрукӣ барои воридоти технология, таҷҳизот ва дигар мавод барои мурғпарварӣ ҷорӣ кард.
Ҳукумат ҳамчунин корхонаҳои истеҳсоли хӯрокаи омехтаро барои парандагон ва дигар ҳайвонот ба муҳлати 6 сол аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда (ААИ), андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз амволи ғайриманқул озод кард.
Қарори нави ҳукумат дар бораи боло бурдани меъёрҳои боҷи гумрукӣ то андозае ба дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шудааст.
Ҳукумат бар ин назар аст, ки ба рушди мурғпарварӣ дар дохили ҷумҳурӣ мавҷуд набудани квота барои воридоти гӯшти мурғ ва маҳсулоти пастсифат ба кишвар монеъа эҷод мекунад.
Соҳибкорон ва коршиносон изҳор мекунанд, ки аз ҳисоби коҳиши воридоти гӯшти мурғ Тоҷикистон дар як сол на камтар аз 10 млн доллар сарфа карда метавонад.
“Мурғпарварӣ ягона соҳаи бахши кишоварзист, ки аз ҳамаи андозҳо ва пардохтҳо озод карда шуд. Ин имкон дод, ки ҳамаи соҳибкорони манфиатдорро ҷалб намуда, маҳз ба рушди мурғпарварӣ машғул шавем", - мегӯяд академики Академияи илмҳои кишоварзии кишвар Давлатҷон Комилзода.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, шумори корхонаҳои мурғпарварӣ дар кишвар то 202 адад афзудааст, ки 3 баробар зиёд нисбат ба 3 соли пешин аст.
Ғайр аз ин, тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод, сатҳи истифодаи иқтидорҳо барои истеҳсоли гӯшт ва маснуоти гӯштӣ ҳамагӣ 20,5%-ро ташкил медиҳад. Вазорат бар ин назар аст, ки Тоҷикистон метавонад натанҳо аҳолии Тоҷикистонро бо гӯшт таъмин кунад, балки содироти онро ҳам роҳандозӣ намояд.
Дар муқоиса бо соли 2017 соли гузашта воридоти гӯшти мурғ ба Тоҷикистон 12 маротиба камтар шуда, воридоти тухм пурра манъ шуд.
Дар баробари афзоиши истеҳсоли гӯшти мурғ, нархҳо ҳам боло мераванд
Се сол пеш 1 кило гӯшти мурғ 15 сомонӣ нарх дошт, лекин он замон истеҳсоли гӯшти мурғ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 7 ҳазор тонна дар як солро ташкил медод. Имрӯз дар кишвар дар як сол ҳудуди 40 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол мешавад, лекин як кило гӯшти мурғ низ 40 сомонӣ нарх дорад.
Фурӯшандагон мегӯянд, аз соли гузашта меъёрҳои боҷи гумрукии воридотӣ барои гӯшти мурғ ду баробар боло рафта, аз ин рӯ, хариди гӯшти мурғ аз хориҷа фоидаовар нест. Холо асосан дар рафхои мағозаҳо маҳсулоти маҳаллӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Аммо нархи он баландтар аз нархи маҳсулоти воридотӣ мебошад. Чаро ин тавр аст?
Ин ҳолати нофаҳморо истеҳсолкунандагон ба гарон шудани хӯрока ва афзоиши хароҷот ба нақлиёт марбут медонанд.
Омилҳои дигар - ноустувории қурби асъор, маводи байторӣ ва хӯрока, маводи хароҷот барои таҷҳизот ва воридоти он бо доллар номбар мешаванд.
Талабот ба гӯшти мурғ ҳам аз ҷониби аҳолӣ ва ҳам аз ҷониби нуқтаҳои хӯроки умумӣ меафзояд, ки ин ҳам метавонад сабаби он бошад, ки дар савдои чакана фурӯшандагон нархҳоро боло мебаранд.
«Сабаби асосии бо гӯшти мурғ таъмин нагардидани аҳолии ҷумҳурӣ камбуди чӯҷаҳои якрӯза ва тухми инкубатсионӣ буд», - гуфтанд дар Вазорати кишоварзӣ. Вале имрӯз ин масъала ба таври мусбат ҳал карда шуда, истеҳсоли мурғу тухм боз ҳам зиёд карда мешавад.
Ба иттилои Вазорат, дар ин самт дар доираи барномаи комплексии рушди соҳаи чорводорӣ ва афзоиши истеҳсоли гӯшти мурғ дар ҷумҳурӣ дар заминаи КВД «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон» тадбирҳо мавриди амалишавӣ қарор доранд.
Оё ин ба поинравии нархи гӯшти мурғ дар кишвар мусоидат мекунад? Вақт нишон медиҳад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.