Қурби рубли Русия нисбат ба пули миллии Тоҷикистон - сомонӣ пас аз босуръат болоравии он дар ҳафтаи гузашта, тайи ду рӯзи ахир ба сатҳи то аввали моҳи апрел баргашт.
Мувофиқи қурби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), имрӯз, 14 апрел 1 рубл ба 0,1525 сомонӣ баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта қурби он - 0,1715 сомониро ташкил медод.
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, қурби пули русӣ дар бозори нақди асъори ҷумҳурӣ фарқияти хеле зиёд дорад.
Масалан, қурби хариди рубл чанде пеш дар нуқтаҳои мубодилаи асъори “Амонатбонк” 0,1360 сомонӣ ва дар нуқтаҳои “Аввалин бонки молиявии хурд” - 0,1565 сомониро ташкил медод.
Қурби фурӯши рубли русӣ дар “Амонатбонк” ба 0,1370 сомонӣ ва дар “Коммерсбонк Тоҷикистон” - то ба 0,1660 сомонӣ баробар буд.
Қурби нақди хариди рубл дар нуқтаҳои бонкӣ 0,1462 сомонӣ ва қурби фурӯш - 0,1515 сомониро ташкил медиҳад.
Зуд-зуд тағйирёбии қурби рубл дар Тоҷикистон пас аз оғози даргириҳои ҳарбӣ байни Русия ва Украина ду моҳ инҷониб ба мушоҳида мерасад. Қурби рубл ҳам расмӣ ва ҳам дар бозори нақдӣ қариб ҳар рӯз тағйир меёбад.
Кормандони бонкҳои Тоҷикистон инро ба тағйирёбии қурби рубл нисбати асъори ҷаҳонӣ дар пасманзари амалиёти ҳарбӣ дар Украина ва таҳримҳои кишварҳои ғарб нисбати Русия марбут медонанд.
Тайи шабонарӯзи ахир Бонки марказии Русия қурби рублро нисбат ба доллар аз 79,63 рубл дар рӯзи 13 апрел то ба 79,85 рубл барои имрӯз поин бурд.
Қобили зикр аст, ки рубли русӣ дар ҳаҷми зиёд тариқи интиқолҳои шахсони воқеӣ аз Русия ба низоми бонкии кишвар ворид мешавад, лекин ба қабулкунандагон танҳо бо пули миллӣ - сомонӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Мирзиёев хочет возродить оппозицию в парламенте Узбекистана
Президент потребовал построить в каждом городе и районе Согда музыкальные школы
Великобритания и ЕС расширили санкции против Ирана за поставок оружия в Россию
Экзамент по русскому устно. В Думе предложили 10 «незамедлительных» мер по мигрантам
Операция «Против пробок» в Душанбе: более 1000 транспортных средств отправлены на штрафстоянку, водители оштрафованы
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 19 ноября 2024 года
Всемирный банк презентовал в Душанбе Доклад о климате и развитии
Храп и апноэ во сне: как лишний вес ставит под угрозу ваш отдых и здоровье?
Япония построила школу в селе Таги Чинор в Истаравшане
Президент запустил футбольную школу и обувную фабрику на севере Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста