Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва хонандагони «Азия-Плюс» сарфаҳм намераванд, ки чаро ҳангоми гирифтани маблағ қурби рубл аз қурби мубодилаи асъор фарқ мекунад ва инчунин, ҳарчанд Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ҳамарӯза қурби расмии мубодиларо муайян мекунад, бонкҳо қурбҳои гуногун муқррар мекунанд.
Хабаргузории “Азия-Плюс” бо ин саволҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат кард.
Дар Бонки миллӣ изҳор намуданд, ки қурби расмии мубодилавӣ, ки ҳамарӯза аз ҷониби ин бонк муқаррар карда мешавад, қурби харид ё фурӯши асъори хориҷӣ нест.
“Қурби расмӣ ҳамарӯза аз ҷониби БМТ бо мақсади баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоб намудани маблағҳои пардохтҳои гумрукӣ муқаррар карда мешавад. Қурби расмӣ қурби харид ва ё фурӯши асъори хориҷӣ набуда, БМТ ва ё ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадор нестанд, ки бо ин қурб асъори хориҷиро харанд ва ё фурӯшанд”, - изҳор мекунанд дар Бонки миллӣ.
Ҳамчунин зикр мешавад, ки қурби амалиёти мубодилавӣ яъне, қурби хариду фурӯши асъори хориҷиро ташкилотҳои қарзии молиявӣ вобаста ба талабот ва таклифот ба асъори хориҷӣ дар бозори дохилии асъор мустақилона муқаррар менамоянд.
Шарҳ дода мешавад, ки аз ин лиҳоз, қурби амалиёти мубодилавӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ гуногун мебошад
"Қурби мубодилавии маблағҳои интиқолӣ – қурбе мебошад, ки ҳамарӯза аз ҷониби БМТ барои бо пули миллӣ мубодила кардани маблағҳои аз хориҷа интиқолшуда, алалхусус рубли русӣ муайян ва эълон карда мешавад. “Қурби мубодилавии маблағҳои интиқолӣ барои ҳама ташкилотҳои қарзии молиявӣ якхел муқаррар карда мешавад ва онҳо вазифадор ҳастанд, ки бо ҳамин қурб бар ивази рубли русии аз хориҷа интиқолшуда ба муштариён пули миллӣ - сомонӣ диҳанд”, - таъкид мекунанд дар БМТ.
Мувофиқи қурби муқарранамудаи Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз, 26 май, 1000 рубл ба 173 сомонӣ баробар аст. Яъне, мантиқан пулҳои фиристодаи муҳоҷиронро пайвандону наздикони онҳо маҳз бо ҳамин қурб гирифта метавонанд.
Қобили зикр аст, ки дар “бозори сиёҳ” барои 1000 рубл 180 сомонӣ пешниҳод карда, 183 сомонӣ мефурӯшанд. Дар чанде дигар бонкҳои тиҷоратӣ низ барои интиқоли маблағ аз Тоҷикистон ба Русия ҳамин қурби мубодила истифода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, поинравии қурби доллар идома дорад: тибқи қурби расмӣ имрӯз он ба 11,40 сомонӣ баробар аст.
Евро ҳам тибқи қурби Бонки миллӣ дар ҳоли тағйирёбист. Имрӯз 1 евро ба 12,16 сомонӣ баробар буда, дирӯз - 12,21 сомониро ташкил медод.
Дар “бозори сиёҳ” 100 долларро 1 ҳазору 100 сомонӣ харида, 1 ҳазору 125 сомонӣ мефурӯшанд.
Ёдрас мекунем, ки тамоили болоравии қурби сомонӣ нисбат ба доллар ва евро аз нимаи моҳи апрел идома дошта, дар муқоиса бо ҳафтаи гузашта қурби доллар ба таври наззарас поин рафт - аз 12,45 то 11,40 сомонӣ барои 1 доллар.
В Таджикистане начался прием заявок на учебу за рубежом. Какие документы необходимо собрать?
Парламент Абхазии отказался от ратификации инвестиционного соглашения с Россией
«Озоди»: Недалеко от Душанбе рухнул беспилотник
Талибы заявили о начале строительства афганского участка газопровода ТАПИ
Глава СПЧ России: «Нам не нужны люди, которые создают в городах кишлаки»
Как в Таджикистане дискриминируют женщин с инвалидностью
В Конгрессе США заявили о лабораторном происхождении коронавируса
В Кыргызстане планируют запретить использование мобильных телефонов в школах и вузах. А что в Таджикистане?
США ввели санкции против трех бывших узбекских чиновников за насилие над воспитанницами детдома
Президент Ирана встретится с Путиным для обсуждения ситуации в Сирии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста