Раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон - “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ аз амалкарди мардуми кишвар дар мавриди идоракунии пасандозҳои арзии худ изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ рӯзи 22 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт: «Онҳо шикоят мекарданд, ки дар бонкҳо долларро дастрас карда наметавонанд, ҳоло изҳори норозигӣ мекунанд, ки дар банкоматҳо сомонӣ нест».

Ба гуфтаи Икромӣ, яке аз сабабҳои аслии камбуди пули миллӣ дар моҳҳои ахир дар он аст, ки мардум пас аз поин рафтани қурби пули Амрико ба таври оммавӣ пасандозҳои долларии худро ба сомонӣ иваз карданд.

Вай таъкид кард, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми пули миллӣ дар муомилот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,5 млрд сомонӣ афзоиш ёфтааст, вале бо вуҷуди ин, дар кишвар камбуди пули тоҷикӣ мушоҳида мешавад.

Раиси «Амонатбонк» зикр кард, ки амонатгузорон дар бонкҳо низ пасандозҳои долларии худро ба сомонӣ табдил медиҳанд.

Ӯ мутмаин аст, ки баробари боло рафтани қурби доллар нисбат ба  сомонӣ раванди баръакс оғоз мешавад.

Гуфтугузорҳо байни аҳолиро дар бораи он, ки пули амрикоӣ дар оянда “ба ҳеҷ кас лозим нашуда, ба коғази одӣ табдил меёбад”, ӯ бемаънӣ мешуморад.

"Ин танҳо замоне иттифоқ меуфтад, ки аввалин иқтисоди ҷаҳон (ИМА) суқут кунад", - иброз дошт Икромӣ ва дар идома афзуд, ки "доллар ҳамчунон боътимодтарин арзи ҷаҳон боқӣ мемонад."

Ба доллар чӣ шуд?

Пас аз ҷорӣ кардани таҳримҳои нави "Ғарби дастаҷамъӣ" алайҳи Русия ба далели даргирии низомӣ бо Укроин, дар бозори арзи Тоҷикистон ҷаҳишҳои шадид оғоз шуданд.

Нахустин ҳаросҳои ҷиддии соҳибони пасандозҳои доллар дар моҳи март, замоне пайдо шуд, ки бонкҳои Тоҷикистон дар баробари тағйири шадиди қурби асъор муваққатан аз хариду фурӯши доллар худдорӣ карданд.

Вазъи бавуҷудомада ба якбора боло рафтани қимати доллар дар «бозори сиёҳ» боис гардида, Бонки миллии Тоҷикистонро водор кард, ки қурби расмии долларро нисбат ба сомонӣ қариб 16% - аз 11.30 то 13.00 сомонӣ барои як доллар боло барад.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад. Бонкҳо аз он барои ивази ба пули нақд истифода намебаранд.

Дар ҳамин ҳол, қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ то ба поинтарин сатҳи бесобиқа, яъне 91 сомонӣ барои 1000 рубл поин рафт.

Пас аз он ба назар чунин менамуд, ки барои дорандагони пасандозҳои доллар ҳама чиз хуб аст - пули амрикоӣ ба таври назаррас боло рафт ва бонкҳо бо он амалиётро дубора оғоз карданд.

Аммо баъди талаботи раҳбарияти Русия дар мавриди пардохти маблағи гази табиӣ бо рубл аз кишварҳои Ғарб, вазъият бакуллӣ тағйир ёфт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, қурби расмии доллар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар баробари сомонӣ 9% - аз 11,3 сомонӣ барои 1 доллар дар санаи 31 декабри соли 2021 то 10,3 сомонии қурби имрӯза коҳиш ёфт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.