Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ иқтидори зиёди гидроэнергетикӣ доранд, ки камтар аз 10%-аш истифода мешавад, изҳор доштааст мудири рушди устувори Бонки авруосиёии рушд (БАОР) Конрад Албрехт.
Ба гуфтаи ӯ, иқтидори гидроэнергетикии минтақа дар ҳаҷми 310,1ТВсоат/дар як сол вобаста ба мавҷудияти захираҳои обӣ дар кишварҳо аз ҳам фарқ дорад.
“Даштҳои беканори хушку нимхушк дар Қазокистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон иктидорашон кам ё тамоман надоранд. Минтақаҳои кӯҳии шарқ ва ҷанубу шарқи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон (61,1% иқтидори умумӣ), Қирғизистон (19,4%) ва қисман Қазоқистон (12,1%) захираҳои зиёди об доранд ва дар ин ҷойҳо боришот низ зиёд аст”, - гуфтааст Албрехт зимни Конфронсии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР 27).
Ӯ таъкид доштааст, ки дар Қирғизистон ва Тоҷикистон зиёда аз 90%-и неруи барқ дар неруҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.
Намояндаи Бонк зикр кардааст, ки аз лиҳози иқтидори гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон зинаи 8-умро ишғол намуда, аз ин иқтидор ҳамагӣ 4-5% истифода мешавад.
“Рушди муштараки комплекс дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия метавонад ба 1,5% рушди ММД дар як сол, 40% беҳбуди таъминот бо об ва ҷаби сармоягузории иловагӣ ба маблағи 22 млрд доллар мусоидат намояд”, - иброз доштааст Конрад Албрехт.
Дар суханронии худ ӯ ба нақши болоравандаи гидроэнергетика, бахусус дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.
“Аввал, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ сармоягузориҳои назаррасро талаб намуда, лекин хароҷоти истифодааш кам буда, муҳлати истифодааш тӯлонӣ - 40-50 солро ташкил медиҳад ва бо қисман таъмиру таҷдид то 100 сол буда метавонад.
Дуюм, нерӯи барқи обӣ вобастагӣ аз сӯзишвории воридшударо коҳиш медиҳад, ки бо хатари ноустувории нархҳо, номуайянии таъминот ва талаботи асъори хориҷӣ алоқаманд аст.
Сеюм, низомҳои гидротехникӣ метавонанд манфиатҳои зиёд дошта бошанд, аз ҷумла захираи оби ошомиданӣ ва захираҳои об барои обёрӣ, омодагӣ ба хушксолӣ, муҳофизат аз обхезӣ, моҳипарварӣ, имконияти бунёди иншооти истироҳату фароғат ва ғайра.
Ва ниҳоят, гидроэнергетика метавонад имкон диҳад, ки энергияи бештар барқароршаванда, махсусан шамол ва офтоб ба низом илова карда шавад ва инчунин барои истеҳсоли гидрогени сабз (гидрогене, ки пурра аз ҳисоби энергияи барқароршаванда истеҳсол мешавад) имконот фароҳам орад”, - шарҳ додааст Конрад Албрехт.