Ҷараёни беқурбшавии рубли Русия аз аввали ҳафтаи равон суръат гирифта, дар натиҷа қурби рубл нисбат сомонӣ то сатҳи моҳи апрели ҳамин сол поин рафт.
Қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷиикистон муқаррар карда мешавад, аз аввали ҳафтаи ҷорӣ қариб ба андозаи 6% - аз 156,5 сомонӣ рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта имрӯз, 21 декабр то 147,5 сомонӣ барои 1000 рубл поин рафт.
Дар давраи аз 1 декабр рубл нисбат ба сомонӣ 8,9% (аз 163 сомонӣ то 147,5 сомонӣ) беқурб шуд. Ахиран аввали моҳи апрели соли 2022 рубл дар чунин сатҳи паст қарор дошт.
Қурби доллар нисбат ба сомонӣ дар ин давра қариб бетағйир боқӣ монда, евро 2,4% қимат шуд - аз 10,5939 сомонӣ барои 1 евро рӯзи 1 декабр то 10,8516 сомонӣ барои имрӯз.
Дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни савдои Биржаи Маскав рӯзи чоршанбе бори аввал аз 11 май қурби доллар аз 70 рубл боло рафт, менависад РБК. Ҳамчунин зикр мегардад, ки қурби евро низ бори нахуст аз ахири моҳ апрел аз нишондиҳандаи 75 рубл боло рафта, то 75,01 рубл расид.
Ҷорӣ шудани таҳримҳо, коҳиши воридоти асъор аз содирот ва барқарор шудани воридотро коршиносони рус аз ҷумлаи сабабҳои поинравии қурби рубл номбар мекунанд.
Мутахассисон зикр мекунанд, ки дар натиҷаи аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ ба Русия вобаста будани Тоҷикистон аз Русия, сомонӣ дарвоқеъ аз рубл вобастагии зиёд дорад. Соли равон бо сабаби аз доллар ба рубл гузаштани ҳисоббаробарӣ дар савдои байни Тоҷикистон ва Русия ин вобастагӣ зиёдтар шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳудуди аз се як ҳиссаи молу маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти мавриди ниёзи аввалро Тоҷикистон аз Русия ворид мекунад. Ғайр аз ин, аз Русия ба Тоҷикистон пули муҳоҷирон интиқол меёбад, ки ҳаҷми солонаи он ба аз се як ҳиссаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мерасад.
Беқурбшавии рубл нисбати сомонӣ ба некӯаҳволии хонаводаҳои муҳоҷир таъсири манфӣ мерасонад: чӣ қадре қурби рубл паст шавад, ҳамон қадр онҳо бо сомонӣ камтар пул мегиранд.
Аз соли 2016 интиқолҳо бо рубл ба қабулкунандагон дар Тоҷикистон танҳо бо сомонӣ бо қурби замони пулро гирифтан дода мешаванд. Дар Тоҷикистон аксарият ин таҷрибаро қобили қабул намедонанд ва онро амалан мубодилаи маҷбурии асъор мешуморанд.
Дар соли 2021 ҳаҷми умумии интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд долларро ташкил додааст, ки 94,3%-и он бо рубл, 5,6% - бо доллар ва 0,1% бо евро ирсол шудааст.
Манучехр Беназирзода одержал победу на FORMULA55 CUP по FC25
Каждый житель Таджикистана ежедневно выбрасывает 100 граммов пластика
Во Франции мужчину, который в течение 10 лет накачивал свою жену наркотиками и насиловал, приговорили к 20 годам
Центральноазиатские страны лидируют в репатриации граждан из лагерей Сирии
Демографический бум Центральной Азии помог экономике?
«Когда правда становится жертвой клеветы». Бывший партнер героини материала о семейном насилии отвергает ее обвинения
Народная демократическая партия Таджикистана выдвинула 28 кандидатов на парламентские выборы. Кто они?
Безлюдные улицы, испуганные жители: репортаж из кишлака в Канибадаме, где за одну ночь убили 4 человека
В Узбекистане планируют ввести оплачиваемый отпуск для мужчин при рождении ребенка. Как с этим в Таджикистане?
Ахмед аль-Шараа отверг подозрения, что он хочет превратить Сирию в подобие Афганистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста