Ҳукумати Тоҷикистон зиёдшавии қарзи хориҷии кишварро дар соли равон ба миқдори 140 млн доллар дар нақша дорад.
Дар Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2022 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023-2024 гуфта мешавад, афзоиши ҳаҷми қарзи хориҷӣ аз 3,96 млрд доллар дар 1 январи соли 2023 то ба 4,1 млрд доллар дар ҳамин давраи соли 2024 дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, муаллифони санад коҳиши таносуби қарзи берунаро ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мутаносбан аз 41,6% то 40,9% пешгӯӣ мекунанд. Ин пешгӯӣ ба интизории афзоиши ҳаҷми ММД аз 9,53 млрд доллар дар соли 2022 то ба 10,4 млрд дар соли 2023 асос ёфтааст.
Дар соли ҷорӣ ҳукумат азхудкунии беш аз 300 млн доллар маблағҳои қарзӣ ва баргардонидани қарзи хориҷиро аз ҳисоби буҷет ба маблағи ҳудуди 253 млн доллар ба нақша гирифтааст.
Қарздиҳандаи асосии хориҷии Тоҷикистон Бонки содироту воридоти Чин мебошад, ки қарз аз ин ниҳоди молиявӣ зиёда аз 1 млрд долларро ташкил медиҳад. Қарзҳои кишвар ба Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки исломии рушд ва қарзҳо аз евробондҳо низ зиёданд.
Ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ чандин маротиба ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия доданд, ки аз ҷалби қарзҳо бидуни имтиёз худдорӣ кунад.
Дар таҳлили муштараки устувории қарзи Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2022 аз ҷониби мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор гузаронида шуд, ҷумҳуриро аз хавфи баланди буҳрони қарзи ҳам хориҷӣ ва ҳам дар маҷмӯъ қарзи давлатӣ огоҳ карданд.
Дар Гузориши Бонки ҷаҳонӣ оид ба хароҷоти давлатии Тоҷикистон, ки нимаи моҳи ноябри соли гузашта ба нашр расида буд, зикр гардид, ки сатҳи баланди қарзи кишвар яке аз масъалаи ҷиддии осебпазирии ҷумҳурӣ мебошад, ки дар дурнамои миёнамуҳлат ҳукумат ба он дучор мешавад.
Ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки аз ҷалби қарз бидуни имтиёз худдорӣ варзида, ба ин тариқ хатари буҳрони қарзиро коҳиш диҳад.
Непобедимый таджикский боец Сарвар Хамидов поборется за $500 тысяч в PFL
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 19 февраля 2025 года
«Пересмотрите и отпустите». Адвокаты Шокирджона и Рухшоны Хакимовых обжаловали приговор Верховного суда
В Узбекистане на тысячу выросло число предприятий с китайским капиталом
Действительно ли в Казахстане конный спорт дорогостоящий?
Что на самом деле портит облик Душанбе? Спросили об этом у жителей столицы
В Госдуме РФ предложили обязать мигрантов проходить повторный медосмотр
Куда в Таджикистане уходят деньги, собранные на автоутиль?
Общие доходы блогеров в Таджикистане в 2024 году оценили в $2,5 млн
В Душанбе пройдёт международный конгресс по хирургии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста