Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз талафоти зиёди неруи барқ изҳори нигаронӣ намуда, дастур дод, ки дар ду соли наздик он ду маротиба коҳиш дода шавад. Оё ин имконпазир аст ва неруи барқ куҷо гум мешавад.
Умедворӣ ба ақли ҳисобкунак
Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон рӯзи 23 декабри соли 2023 зикр кард, ки аз панҷ як ҳиссаи барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ талаф ёфта, талафоти техникии барқ ба вазъи молиявии ширкатҳо ва корхонаҳои соҳа таъсири манфӣ мерасонад.
Зери мафҳуми талафоти техникӣ талафоти физикии барқ зимни интиқоли он аз ҷойи истеҳсол то нуқтаҳои фурӯш ба истеъмолгарро дар назар дошта шудааст.
Президент таъкид дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмир ва навсозии шабакаҳои барқи кишвар зиёда аз 10,7 млрд сомонӣ масраф шудааст. Аммо талафоти барқ, ба гуфтаи ӯ, “то ҳол боиси нигаронӣ мебошад” - дар зарфи 10 моҳи соли 2022 ин нишондиҳанда 20,4%-ро ташкил додааст.
Вазорати энергетика ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” уҳдадор шуданд, ки амалисозии лоиҳаҳоро дар самти коҳиши талафот, ки маблағи умумиашон 2,4 млрд сомониро ташкил медиҳад, дар сатҳи баланди хушсифат таъмин мекунанд. Дар ин лоиҳаҳо пайваст кардани зиёда аз 800 ҳазор ҳисобкунакҳои барқ дар шаҳру навоҳии ҷудогона пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин ба Вазорати энергетика супориш дода шуд, ки дар ҳамдастӣ бо ширкату корхонаҳои соҳа ҷиҳати роҳандозии низоми ягона ва мутамаркази биллингӣ тадбирҳо рӯйи даст гирад. Ба ақидаи президент, бо насби ҳисобкунакҳои ҳушманд то соли 2025 талафоти неруи барқро метавон то 9% коҳиш дод.
Барои коҳиши сатҳи талафот президент аз истеъмолгарон даъват намуд, ки “фарҳанги истифодаи барқро риоя намоянд, яъне сарфа кунанд, аз ҷумла тариқи истифодаи таҷҳизоти сарфакори барқ”.
Қобили зикр аст, ки сарвари давлат ҳанӯз ду сол пеш ба эергетикҳо дастур дода буд, ки ҷиҳати кам кардани талафоти барқ тадбирҳо андешанд. Дар паёми моҳи январи соли 2021 ӯ изҳор намуд, ки барои таъмини ҳамаи истеъмолгарони дохилӣ иқтидорҳои амалкунанда кофист, лекин талафот хеле зиёд буда, ба 16% аз ҳаҷми умумии истеъмол расидаанд.
Ӯ ба сохтору корхонаҳои дахлдор супориш дод, ки “ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳа, бахусус баҳисобгирии истеҳсол ва истеъмоли барқ, коҳиши талафот тадбирҳои амалӣ андешанд”.
Сарвари давлат илова карда буд, ки сохторҳои дахлдор дар мавриди масъалаи мазкур санҷиш мегузаронанд.
Аз натиҷаҳои санҷиш мо маълумот надорем, лекин маълум аст, ки бо гузашти ду сол ин талафот ба таври назаррас афзуд...
Масъала сари чист?
Пас аз раванди тӯлонии навсозии сохтори ташкилӣ имрӯз дар заминаи ШСХК “Барқи тоҷик” се ширкати мустақил ба идоракунии низоми энергетикии кишвар машғуланд. Акнун дар баробари холдинги собиқ, ки танҳо ба истеҳсоли барқ машғул аст, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” амал мекунанд.
Корхонаи аввал тариқи хатҳои баландшиддат бо истифода аз зеристгоҳҳо барқро аз нуқтаҳои истеҳсол (НБО, МБГ) то траснформаторҳо расонида, ширкати дуюм онро ба истеъмолгарони ниҳоӣ интиқол медиҳад.
Мутаносибан, ҳадди ақал барои сатҳӣ фаҳмидани маҳз дар куҷо талаф ёфтани чунин миқдори зиёди барқ, мебояд аз се ширкати гуногун маълумот гирифт.
Қаблан вақте тамоми низом аз ҷониби холдинги ягона идора мешуд, раҳбарияти “Барқи тоҷик” дар нишастҳои матбуотӣ доимо изҳор медошт, ки барои коҳиши талафоти техникӣ ҳамаҷониба тадбирҳо андешида мешаванд: неругоҳҳо таъмиру навсозӣ мешаванд, зерсохтори интиқоли барқ (зеристгоҳҳо, хатҳои интиқоли барқ, трансформаторҳо, ҳисобкунакҳо ва дигар таҷҳизот) навсозӣ мешаванд.
Ҳамчунин дар бораи талафоти тиҷоратӣ низ сухан рафта, зикр мешуд, ки далелҳои сершумори дуздии барқ ошкор мешаванд.
Талафоти тиҷоратӣ талафотест, ки дар натиҷаи дуздии нерӯи барқ, номувофиқатии нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳо оид ба пардохти ҳаққи нерӯи барқ ва дигар сабабҳо дар соҳаи назорати истеъмоли неруи барқ ба вуҷуд меояд.
Тобистони соли гузашта раҳбарияти “Барқи тоҷик” хабар дод, ки талафоти истеҳсолӣ аз 0,53% дар нимсолаи аввали соли 2021 то ба 0,48% коҳиш ёфт: ҳудуди 7,7 млрд кВт/соат барқ истеҳҳол шуда, ҳамагӣ 37 млн кВт/соат талаф ёфтааст.
Барои фаҳмо будан: ин талафот тақрибан ба нисфи барқи ҳамарӯза дар ҳамаи неругоҳҳои ҷумҳурӣ истеҳсолшуда баробар аст.
Ба иттилои ширкати “Шабакаҳои интиқоли барқ”, аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2022 талафот дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳо дар маҷмӯъ 3,37% (ҳудуди 380 млн кВт/соат)-ро ташкил додааст. Дар хабар зикр мешуд, ки талафот дар зерсохтори ҷараёни баланд тариқи амалисозии тадбирҳои гуногун, аз ҷумла таъмиру таҷдиди таҷҳизот, дар муқоиса бо моҳҳои январ-июни соли 2021 аз 3,75% то 0,38% кам шуд.
Дар ҳамин ҳол, дар ширкати тақсимоти барқ низ дар бораи чорабиниҳои сершумор, аз қабили таъмиру навсозии зерсохтор барои коҳиши сатҳи талафот маълумот медиҳанд. Зеристгоҳҳои трансформатор, трансформаторҳои пурқувват, хатҳои пастшиддат, ҳисобкунакҳои барқ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ барои тақсимот дар тавозуни ин ширкат мебошанд.
Тавре ки дар ширкат зикр мекунанд, талафот аз 32,2% дар моҳи январи соли гузашта то 19,96% аз рӯи натиҷаҳои соли 2002 коҳиш ёфтааст. Тибқи маълумоти ширкат, дар зарфи 6 моҳи соли гузашта дар шабакаҳои тақсимот 2 млрд киловатт-соат барқ талаф ёфтааст, ки ба 25,6%-и барқи қабулкарда баробар аст.
Танҳо ҳаминаш хурсандиовар аст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 талафот 171 млн кВт/соат (3,23%) кам шудааст.
Ба ин тариқ, маълум мешавад, ки ҳаҷми хеле зиёди барқ ҳангоми тақсимоти он талаф меёбад ва ин то андозае маънои онро дорад, ки техника ин ҷо ҳеҷ иртиботе надорад, балки гап сари одамон аст.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2022 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 21,4 млрд киловатт/соат барқ истеҳсол шудааст, ки 3,8% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.
Бо назардошти сатҳи эълонкардаи президент (20,4%) соли гузашта ҳаҷми умумии талафот наздики 4,4 млрд кВт/соатро ташкил додааст. Соли гузашта тақрибан ҳамин миқдор нерӯи барқ аз Тоҷикистон содир шуда буд, ки тавассути он ҷумҳурӣ беш аз 100 млн доллар даромад ба даст овард.
Ин сеяки маблағи умумии соли гузашта ҷудошуда барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” мебошад.
Оё андозаи воқеии талафот васеътар аст?
Энергетикҳои дорои таҷрубаи ғанӣ дар соҳаи барқ сабаби аслии зиёновар будани ширкати “Барқи тоҷик”-ро талафот унвон мекунанд. Онҳо бар ин назаранд, ки мизони талафоти тиҷоратӣ, ки ба истилоҳ дуздӣ номида мешавад, назар ба он чи дар омори расмӣ нишон дода мешавад, ба маротиб бештар аст.
Ба ин тариқ, аълочии “Барқи тоҷик”, узви вобастаи Академияи муҳандисӣ Ҳомидҷон Орифов қаблан дар мақолаи дар “Азия-Плюс” чопшудааш зикр карда буд, ки то 25%-и барқи дар кишвар истеҳсолшуда дуздида шуда, бо назардошти талафоти техникӣ, зиёда аз 40%-и барқи тавлидшуда талаф меёбад.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, дар кишвар “табақаи дахлнопазир” вуҷуд дорад, ки барои истифодаи барқ маблағ пардохт намекунанд.
Дуздии барқро дар ҳаҷми зиёд дигар мутахассисон ҳам тасдиқ мекунанд, лекин имкон надоранд, ки “барои матбуот” дар ин бора ҳарф зананд.
Дар мавриди эътимоднокии маълумот дар бораи содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя низ саволҳо вуҷуд доранд.
Яке аз энергетикҳо бидуни ифшои ному насаб ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки рақамҳои расмӣ дар бораи содироти барқ бамаротиб паст нишон дода мешаванд.
“Он маълумоте, ки ба шумо пешниҳод мешавад, ҳамагӣ ҳудуди сеяки интиқол ба хориҷи кишвар аст”, илова намуд ӯ.
Дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 гуфта мешавад, ҳукумат истиқлолияти энергетикии кишварро ҳадафи афзалиятнок мешуморад. Аз ҷумла, дар бахши рушди энергетикаи нишондиҳандаҳои асосии 10/10/10-500 муайян карда шудаанд. Ин рақамҳо чунин маъно доранд:
- афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ то 10 гигаватт;
- коҳиши талафот дар шабакаҳо то 10%;
- афзоиши содироти барқ то 10 млрд кВт/соат дар як сол;
- истеҳсоли зиёда аз 500 млн киловатт-соат аз ҳисоби сарчашмаҳои барқароршавандаи барқ.
Қариб нисфи муҳлати амалисозии Стратегия, ки соли 2016 қабул шуда буд, сипарӣ гардида, лекин нишондиҳандаҳои ҳадафноки дар боло зикршуда қариб бетағйир боқӣ мемонанд.