Дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8% афзуд.

Соли 2022 дар Тоҷикистон ба маблағи 49,3 млрд сомонӣ (4,8 млрд доллар) маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд, ки 8% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст, хабар дода мешавад дар сомонаи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Аз ин ҳаҷм ҳиссаи маҳсулоти растанипарварӣ ва чорводорӣ тариқи зайл аст:


Истеҳсоли кадом навъи маҳсулот аз ҳама бештар афзуд?


Афзоиши истеҳсоли дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ ба истиснои пилла, аз 2 то 8%-ро ташкил медиҳад.

Маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ қадар истеҳсол шуд?

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёдшавии истеҳсоли ғизо дар кишвар ба андозаи 32% ва дигар зерсоҳаҳои саноати сабук ба миқдори 7,3% мусоидат намуд.

Бино ба маълумоти оморӣ, дар соли 2022 бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва истифодаи самараноки заминҳои таъиноти кишоварзӣ 858,4 ҳазор гектар замин киштукор шуда буд.


Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.