Ҳукумати Қазоқистон содироти навъҳои бештар серталаби маҳсулоти нафтиро ба муддати чор моҳ тариқи ҳама гуна воситаи нақлиёт манъ мекунад, хабар медиҳад Zakon.kz.

Дар фармони муштараки вазорату идораҳои дахлдор «Дар бораи баъзе масъалаҳои содироти маҳсулоти нафтӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон» содироти бензин, сӯзишвории дизелӣ (солярка) ва баъзе навъҳои маҳсулоти нафтӣ, ба истиснои равғанҳои молиданӣ, сӯзишвории моеъ, сӯзишвории авиатсионӣ барои баргузории корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин интиқол дар зарфҳои бензин (бензобакҳо)-и аз ҷониби корхонаи истеҳсолкунандаи нақлиёт пешбинишуда манъ мешавад.

Фармони муштарак бо анҷоми 10 рӯзи тақвимӣ пас аз рӯзи аввали нашри расмии он мавриди амал қарор мегирад.

Қаблан, 20 январ ҳукумати Қазоқистон муҳлати манъи содироти маҳсулоти дар боло зикршударо тариқи нақлиёти автомобилӣ ба муҳлати ним сол дароз кард.

Манъи содироти ин маҳсулот ба масоили таъмини бозори дохилӣ бо маводи сӯзишворӣ ва равғанҳо молиданӣ вобаста дониста шуд.

Манъи аввал ба содироти чунин маҳсулоти нафтӣ рӯзи 12 июли соли гузашта муқаррар шуда буд.

Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсире хоҳад дошт?

Манъи содироти маҳсулоти нафтӣ аз Қазоқистон вазъ дар бозори дохилии чаканаи Тоҷикистонро начандон тағйир дода метавонад.

Гап сари он аст, ки ҳудуди 90%-и бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистон аз Русия тариқи имтиёз (аз соли 2013 бидуни пардохти боҷи содироти гумрукӣ) интиқол дода мешавад.

Чанде пеш Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ хабар дод, ки соли равон воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия тариқи имтиёз зиёд шудааст.

Аз Қазоқистон ба Тоҷикистон асосан гази моеъ оварда мешавад, ки зиёда аз 84%-и воридот ба он рост меояд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, соли гузашта ба Тоҷикистон ҳудуди 853 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва 397 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, аз ҷумла 387 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 320 ҳазр тонна бензин, 60 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ ва ғайра.

Дар муқоиса бо соли 2021 воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дар соли гузашта 14% ё худ 154 ҳазор тонна афзуд.

Мувофиқи маълумоти Хадамоти зиддинҳисорӣ, нархи воридоти бензин дар соли гузашта 30% ва гази моеъ - 20,1% поин рафта, арзиши сӯзишвории дизелӣ баръакс, қариб 12% боло рафт.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2022 нархи чаканаи бензин 27,9% ва гази моеъ - 27,3% поин рафта, арзиши сӯзишвории дизелӣ баръакс, 11,9% зиёд шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.