Бо вуҷуди хеле кам будани заминҳои обёришаванда барои ҳар сари аҳолии Тоҷикистон - тақрибан 0,06 гектар, онҳо имкон доранд, ки аҳолии на камтар аз 50 млн нафарро бо ғизо таъмин кунанд, изҳор дошт раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода рӯзи 15 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.
Ба гуфтаи ӯ, ин захираҳои замин барои пурра таъмин намудани амнияти озуқавории ҷумҳурӣ барзиёд кифоя аст.
“Зарурати воридоти баъзе навъҳои озуқа, масалан, равғани растанӣ боқӣ мемонад, - гуфт раиси Кумита. — Аммо агар кишти зироатҳои равғандор зиёд шудаву барои истеҳсоли равғани растанӣ корхонаҳои нав сохта шаванд, ин масъала ҳам роҳи ҳалли худро меёбад”.
Хоҷазода зикр кард, ки барои бештар ҳосилхез шудани заминҳои Тоҷикистон, бояд ҳамаи субъектҳои хоҷагидорӣ - кооперативҳо, кишоварзон, моликони қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ муносибати худро ба замин ба куллӣ тағйир диҳанд.
Масалан, ба воситаи ҷорисозии технологияи муосири кишт ва коркарди замин, ба гардиш даровардани заминҳои истифоданашуда ва бекорхобидаи кишоварзӣ, истифода кардани обёрии қатрагӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як порчаи замин, гирифтани ду-се ҳосил бо роҳи кишти такрорӣ.
Ба сифати истифодаи оқилонаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ Хоҷазода кори баъзе хонаводаҳои ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Истаравшанро мисол овард.
“Онҳо оби боронро дар зарфҳо ҷамъ карда, тобистон дар полезҳои худ истифода мебаранд ва дар натиҷа ҳар як ҳавлӣ ҳамеша бо помидору бодиринг, картошкаву кабудӣ ва дигар сабзавоти худӣ таъмин аст”, - иброз дошт раиси Кумита.
Дар ҳамаи қаламрави Тоҷикистон 49,2%-и заминҳо таъиноти кишоварзӣ дошта, аз он ҳамагӣ 10%-аш обёришаванда аст.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол дар Тоҷикистон барои ҳосили аввали ғалла, картошка, сабзавот, хӯроки чорво ва растаниҳои саноатӣ зиёда аз 605 ҳазор гектар замин кишт мешавад. Пас аз ҷамъоварии ҳосили якум ба ҷойи онҳо кишти такрории шолӣ, ҷуворимакка, навъҳои дерпази сабзавот гузаронида шуда, ба ин васила дар як сол ду ҳосил мегиранд.