Тоҷикистон дар се соли охир - пандемия ва пас аз пандемия - тавонист сатҳи камбизоатиро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш диҳад, дар ҳоле ки дар дигар кишварҳои узви Бонки авруосиёии рушд (БАОР) дар ин давраи душвор шумораи мардуми камдаромад баръакс, хеле афзуд.
Мувофиқи маълумоти гузориши моҳи апрели БАОР, дар соли 2022 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон 22,5%-ро ташкил дод, ки 3,8% поинтар нисбат ба нишондиҳандаи соли 2019 мебошад. Тибқи маълумоти расмӣ он вақт сатҳи камбизоатӣ ба 26,3% баробар буд.
Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки маълумоти онҳо аз паёми президенти Тоҷикистон гирифта шудааст. Дарвоқеъ, президенти кишвар зимни ироаи паёми ахири худ рӯзи 23 декабри соли 2022 изҳор дошт, ки “сатҳи камбизоатӣ аз 27,4% дар соли 2018 то ба 22,5% дар соли 2022 коҳиш ёфт”.
Яъне, боқимонда 77,5%-и аҳолии кишвар камбизоат нестанд.
Дар ҳамин ҳол, дар гузориши БАОР зикр мешавад, ки дар аввали соли 2022 сатҳи камбизоатӣ дар Арманистон ба 26,5% ва Қирғизистон - 33,3% расида, то замони пандемия ин нишондиҳандаҳо мутаносибан 23,5% ва 20,1%-ро ташкил медоданд.
Бино бар асоси гузориш, мизони камбизоатӣ дар дигар кишварҳои узви БАОР тариқи зайл аст: дар Беларус - 4,1%, Қазоқистон - 5,2% ва Русия - 11%.
Қаблан моҳи феврали соли равон раҳбарияти Вазорати меҳнати Тоҷикистон хабар дод, ки тайи ду соли ахир сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ 0,9% поин рафта, акнун ин ншондиҳанда 22,5%-ро ташкил медиҳад.
Дар Вазорат зикр карда буданд, ки ба ҳолати 1 декабри соли 2022 маоши миёна дар кишвар ба 1730,12 сомонӣ (166,62 доллар) баробар шуда, 13,4% ё худ 204,7 сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Барои муқоиса: дар Арманистони “камбизоат” маоши миёна ба ҳолати аввали соли равон тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз 235 ҳазор драм (605 доллар) ва Қирғизистон - ҳудуди 27 ҳазор сом (310 доллар)-ро ташкил додааст.
Как советский "мусульманский" батальон в 1979 году свергал афганского президента Амина
Где она, самая высокая новогодняя ёлка в СНГ?
Эмомали Рахмон направил телеграмму соболезнования Ильхаму Алиеву
Пять причин посетить Узбекистан зимой
«Главное – внимание, но и IPhone16 – тоже хорошо». Что хотят получить на Новый год жители Душанбе?
Новый тренд у таджикских подростков – фотографироваться с ножами. Откуда он появился?
В Душанбе задержали подростка, подозреваемого в нанесения ножевого ранения другому юноше
Пассажирский самолет Azerbaijan Airlines потерпел крушение в Актау
Таджикистан отстает от других стран Евразии по взаимному инвестированию
Трое из четверых – бывшие заключенные. «Азия-Плюс» поговорила с родственниками подозреваемых в убийствах в Канибадаме
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста