Тоҷикистон ният дорад, ки иқтидори истеҳсоли равғани растаниро зиёд кунад. Аммо барои бо маҳсулоти худӣ пурра таъмин намудани аҳолӣ ин хоҳ-нохоҳ кифоя нахоҳад буд. Аввалан, корхонаҳо каманд ва сониян ашьёи хом намерасад.
Бе воридот ғайриимкон аст
Тоҷикистон ҳамасола барои хариди равғани растанӣ ҳудуди 170-180 млн доллар масраф карда, ҳаҷми истеҳсоли ин маҳсулот дар дохили ҷумҳурӣ талаботи ҳамагӣ 15%-и аҳолиро қонеъ мекунад.
Тоҷикистон дар давоми се соли наздик ният дорад, ки истеҳсоли равғани растаниро ба миқдори 20% зиёд карда, воридоти онро 6,5% кам кунад.
Айни замон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 25 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шуда, 98 ҳазор тонна ин маҳсулотро мо аз хориҷи кишвар ворид мекунем. Мувофиқи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, соли 2025 ин нишондиҳандаҳо бояд мутаносибан 30,3 ва 92 ҳазор тоннаро ташкил диҳанд.
Тибқи арзёбии иқтисодчиён, бо назардошти 16,6 кг будани меъёри истеъмол барои як кас дар як сол ва назардошти афзоиши аҳолӣ, талабот ба равған аз 160,8 ҳазор дар соли равон то 171 ҳазор тонна дар соли 2025 мерасад.
Бино ба маълумоти манбаъҳо аз ҳукумат, айни замон дар ҷумҳурӣ 52 корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ фаъолият дошта, иқтидори умумиашон 80 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад.
Дар соли 2022 ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 172 млн доллар равғану чарбу ворид карда шуд. Маҳсулоти асосӣ дар воридоти моли ин гурӯҳ маргарин, равғани офтобпараст, равғанҳои растании сафлор, пахта, лӯбиё, рапс ва дигар навъҳои равғани растанӣ мебошанд.
Нархи як килои равғани воридшуда 1,1-1,6 долларро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, Тоҷикистон барои истеҳсоли равған дар дохили кишвар ба миқдори начандон зиёд зироатҳои равғании зағир, офтобпараст ва дигар зироатҳо мехарад.
Аз куҷо ашёи хом гирифтан мумкин аст?
Дар Тоҷикистон ашёи хоми асосии истеҳсоли равғани хӯрокӣ тухмии пахта (пунбадона) ба шумор меравад. Ғайр аз ин, зироатҳои равғандор аз қабили офтобпараст, кунҷит, зағир (зағири Осиёи Миёна), рапс, арахис ва сафлор парвариш карда мешаванд.
Дар Вазорати кишоварзӣ хабар доданд, ки соли равон дар қариб 27 ҳазор гектар заминҳои Тоҷикистон зироатҳои равғандор кишт карда мешаванд.
Доктори илмҳои кишоварзӣ, муаллифи таҳқиқот дар бораи сафлор Мастибек Норов зикр мекунад, ки парвариши зироатҳои равғандор, бахусус дар шароити иқлими хушк ва нисбатан камзамин будани Тоҷикистон хеле муҳим аст.
Зироатҳои равғандор, ки дар заминҳои лалмӣ парвариш карда мешаванд, бар асари ҳосилнокии пасташон айни замон ба талаботи истеҳсол ҷавобгӯ нестанд.
Ба ақидаи олим, баланд бардоштани ҳосили зироатҳои равғандор дар ин минтақаҳо бояд дар асоси технологияи пешқадам бо истифодаи зироатҳои нави серҳосил ва ба хушксолӣ тобовар, ки ба шароити иқлими заминҳои лалмӣ тоб оварда метавонанд, ба роҳ монда шавад. Ба ин талаботро сафлор ҷавобгӯ аст, ки аз рӯи хусусиятҳои биологии худ дар заминҳои лалмӣ ҳосили хуб медиҳад.
Ҳосилнокии сафлор ба ҳисоби миёна 1 тонна аз 1 гектар буда, истеҳсоли равған аз тухмии он ба ҳисоби миёна 35-40%-ро ташкил медиҳад.
Дигар растании равғандори ояндадор офтобпараст мебошад. Маҳсулнокии онро дар шароити Тоҷикистон олим Мавзуна Мустафоқулова таҳқиқ кардааст. Тибқи маълумоти ӯ, дар заминҳои лалмӣ офтобпараст аз 1 гектар то 3,3 тонна тухмӣ дода метавонад. Вобаста ба навъҳо аз офтобпараст то 50% равған гирифтан мумкин аст.
Кунҷит ҳам ояндадор буда, аз як гектар ба ҳисоби миёна 1-1,2 тонна ҳосили тухмӣ дода метавонад. Сатҳи равғандории он низ баланд - дар ҳудуди 35-40% аст. Дар шароити Тоҷикистон рапс ҳам парвариш карда мешавад, ки аз як тоннаи он то 400 кг равған гирифтан имкон дорад.
Ба гуфтаи доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев, бо муносибати дуруст ва риояи тамоми қоидаҳои агротехникӣ, дар Тоҷикитсон аз зироатҳои равғандор ҳосили фаровон гирифтан имконпазир аст.
Кам мекоред - кам мегиред
Барои истеҳсоли 160 ҳазор тонна равған қариб 800 ҳазор тонна ашьёи хом - тухмии зироатҳои равғандор лозим аст. Бо ҳосилнокии ҳозира ва захираҳои маҳдуди замин, ба гумон аст, ки Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсоли равғану чарбуи худро бо ашёи хоми худӣ таъмин карда тавонад. Аз ин рӯ, дар ояндаи наздик барои қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти равғану чарбу воридот нақши асосӣ хоҳад бозид.
Коршиносон як мушкили дигар - камтаваҷҷуҳии кишоварзонро ба парвариши зироатҳои равғандор зикр мекунанд. Даромад аз зироатҳои равғандор нисбат ба сабзавоту ғаллаона камтар аст. Аз ин рӯ, истеҳсолкунандагонро барои парвариши зироатҳои равғанӣ ҳавасманд кардан лозим аст, вагарна ин соҳа барои кишоварзон зиёновар мешавад.
Ҳукумат таъмиру таҷдиди корхонаҳои кӯҳнаи истеҳсоли равған ва сохтмони корхонаҳои начандон бузурги равғанбарориро бо технологияҳои нав ба нақша гирифтааст. Дар ин самт якчанд лоиҳаҳои сармоягузорӣ вуҷуд доранд. Ин масъала дар музокироти ахир бо Қазоқистон баррасӣ шуд ва шояд ояндаи наздик дар Тоҷикистон корхонаҳои муштараки истеҳсоли равғани растанӣ ба кор дароварда шаванд.
Ҳоло ин маҳсулот барои оилаи тоҷикон гаронарзиш буда, вобаста ба тамғаи истеҳсолкунанда як кило равғани офтобпараст ва пахта 18-25 сомонӣ нарх дорад.