То 1 июли соли 2023 дар Тоҷикистон аз майдони 5 ҳазору 735 гектар ҳосили картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки 2 083 гектар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ. Ҳосилнокии картошка 16,8 тонна аз 1 гектарро ташкил додааст, ки 1,4 тонна камтар нисбат ба соли пешин мебошад.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Вазорат, дар соли 2023 майдони умумии кишти картшка 36 ҳазору 508 гектарро ташкил медиҳад, ки 1 ҳазору 169 гектар зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад.
Сабаби коҳиши истеҳсоли картошка, ба гуфтаи коршиносон, сардии ғайримуқаррарӣ дар зимистон ва тӯфони чангу ғубор дар охири фасли баҳор ва аввали тобистон аст.
Ба ин далел, имрӯз қимати 1 кило картошка дар бозорҳои Тоҷикистон 6-8 сомониро ташкил медиҳад, соли гузашта як кило картошка дар фурӯшгоҳҳои кишвар ҳудуди 4-5 сомонӣ нарх дошт.
Тибқи маълумоти дар боло зикршуда метавон ҳисоб кард, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳудуди 97 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст, дар ҳоле ки ҳамагӣ дар 6 моҳи соли гузашта истеҳсоли «нони дуюм» дар ҷумҳурӣ аз 142 ҳазор тонна гузашта буд.
Бино ба маълумоти хадамоти гумрук, воридоти растаниҳои бехмева дар соли ҷорӣ тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст. Агар дар нимаи аввали соли гузашта Тоҷикистон барои воридоти картошка ҳудуди 8 млн доллар масраф карда бошад, пас имсол он беш аз 15 млн долларро ташкил медиҳад.
Қаблан дар Вазорати кишоварзӣ изҳор карда буданд, ки як нафар дар як сол ба 92 кило картошка эҳтиёҷ дорад, аммо ҳаҷми воқеии истеъмоли картошка аз ҷониби як нафар дар ҷумҳурӣ дар як сол 130 кг арзёбӣ мешавад.
Бо назардошти ин, талаботи умумии кишвар ба картошка то ба 1,3 млн тонна мерасад. Соли 2013, 2020 ва 2021 дар Тоҷикистон ҳосили зиёд ҷамъоварӣ шуд. Ин солҳо дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд.
Имсол агар дар нимаи дуюми сол ҳамин гуна суръати ҷамъоварии картошка давом кунад, он гоҳ тамоми ҳосил қариб 70% аз ҳаҷми соли гузаштаро ташкил дода метавонад. Ин маънои онро дорад, ки картошка ба яке аз маҳсулоти кишоварзии гаронбаҳои Тоҷикистон табдил меёбад.
Как Россия и Англия Памир делили. О последней военной кампании русских в Центральной Азии
«TikTok стал ключом к моей поездке в Гарвард». История Дильшода из Кайраккума
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 апреля 2025 года
Таджикский суп: 7 рецептов необычного вкуса
Узбекистан впереди Ирана, Таджикистана и Кыргызстана. Какие футбольные команды дороже всех в Азии?
Душанбинская чайхана «Фарогат» - память тысячи людей
Рост ксенофобии в России - спланированная государственная политика?
Визуальный журнал прошлого. Как Фарзона из Душанбе создала проект о старом Таджикистане
Трамп продлил работу TikTok в США на 75 дней
Что делать, если вы попали под «облаву»? 5 вопросов от призывников Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста