Дар ояндаи наздик ҳамаи пардохтҳои ҳатмии давлатӣ танҳо ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд. Ин хидматрасониҳо аз чиҳо иборатанд, чӣ гуна амалӣ мешавад ва барои ин  ин оё суръати пасти интернет дар кишвар монеъ намешавад?

"Азия-Плюс" ба ин ва дигар саволҳои марбут ба пардохтҳои ғайринақдӣ аз Сироҷиддин Икромӣ, раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, ки ҳақи хидматрасониҳои асосии давлатӣ тавассути он пардохт мешавад, посух гирифт.

- Дар бораи кадом пардохтҳо сухан меравад?

- Мувофиқи паёми президенти кишвар аз 23 декабри соли 2022 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” ва амри президент №586 аз 22 июни соли ҷорӣ бо мақсади дастгирии бахши молиявӣ, фарогирии пурраи шабакаҳои рақамии хидматрасониҳои молиявӣ, таъмини хидматрасониҳои гуногун пардохтҳои зерин тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешаванд:

- пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ, иҷозатномаҳо;

- суғуртаи ҳатмӣ;

- хидматрасониҳои коммуналӣ;

- ҳисоббаробариҳои бонкӣ.

Ҳамаи навъҳои муносибатҳои молиявӣ ғайринақдӣ тариқи КВД БА “Амонатбонк”, инчунин дигар бонкҳои Тоҷикистон, ки дар онҳо чунин тарзи пардохт ҷорӣ шудааст, анҷом дода мешаванд.

Доир ба дигар бонкҳо шарҳ медиҳам: вақте ки шумо аз ҳамёнҳои электронии дигар бонкҳо, масалан “Алиф Бонк” пардохт мекунед, пули шумо тариқи суратҳисоби “Амонатбонк” гузаронида мешавад.

Ба ибораи дигар, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, “Алиф Бонк” ва дигар бонкҳо ба мисли пешина хадамоти пардохти хидматрасониҳои давлатӣ аз қабили пули барқ, об, гармидиҳӣ ва ғайраро пешниҳод мекунанд.

Ҳар кадоме аз муассиса ё корхонаи коммуналӣ танҳо дар “Амонатбонк” суратҳисоб дорад. Мутаносибан, суратҳисобҳо аз дигар бонкҳо ба бонки мо гузаронида мешаванд.

Сироҷиддин Икромӣ
Сурат: Asia-Plus

- Барнома чӣ гуна кор мекунад?

- Барои идоракунии пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи онҳо вазорату идораҳо барномаи “Фронт-офис”-ро роҳандозӣ намуданд. Ҳар як мақомот ва муассисаи давлатӣ дар он кабинети шахсии рақамии худро дорад ва аз ҳамин ҷо қабули пардохту гузаронидани пардохтҳои худро идора мекунад.

Тавре ки пештар гуфтам, барои пардохтҳои ғайринақдӣ дар “Амонатбонк” ҳамаи муассисаву корхонаҳо суратҳисоб доранд.

Яъне барои гирифтани маълумотнома аз ягон мақомот шуморо лозим меояд, ки тариқи замимаи мобилӣ ё сомона андози давлатӣ пардохт намоед ва мақомот ба смартфонатон ҳуҷҷати даркориро ирсол мекунад.

- Чӣ гуна пардохт шудани андозҳо ва хидматрасониҳои коммуналиро муфассалтар шарҳ медодед?

- Нахуст аз Google Play ё AppStore замимаи «Амонат мобайл»-ро боргирӣ мекунем.

Шумо бояд рақами телефони худро ворид намоед. Замима барои истифодаи маълумоти шумо, ирсоли смс-паёмак ба рақами шумо, хондани QR-кодҳо ва ғайра иҷоза мепурсад.

Пас аз ин ба телефони шумо коди чоррақама барои тасдиқ меояд. Ҳамаашро тасдиқ кардан лозим аст.

Баъдан замимаро кушода, пин-коди иборат аз чор рақамро бо салоҳдиди худ ворид мекунем (онро дар хотир нигоҳ доред).

Дар дохили замима ҳамёни электронӣ бо кортҳои гуногуни бонкӣ ҳаст.

Дар идома корти “Корти милли”-ро интихоб карда, ба он рақамҳо аз қисмати пеши корт ва муҳлати кортро ворид мекунем. Замима ном ва насаби дар корт навишташударо мепурсад, онҳоро ҳам ворид мекунем.

Агар ин корти “Фарогир” (корти беноми бонкӣ ба муҳлати 1 сол)-и “Амонатбонк” бошад, ба ҷойи маълумоти шахсиатон (ному насаб) метавон навиштаҷоти “ Фарогир”-ро ворид кард.

Баъди аз ҷониби шумо ворид намудани ҳамаи маълумот аз корт, ба телефони шумо смс-тасдиқ бо чор рақам меояд, ҳамаашро тасдиқ кардан лозим аст. Корт ба телефони шумо пайваст мешавад.

Дар замима нишонаи “Платежи” (Пардохтҳо) ҳаст, тариқи он шумо андозҳо, хидматрасониҳои коммуналӣ ва ғайраро пардохт карда метавонед.

Агар смартфон надошта бошед ё аз интернет истифода бурда наметавонед, дар ин ҳолат хати телефони фаъоли бонк - 1885 ҳаст, ки дар реҷаи 24/7 (шабонарӯзӣ) кор мекунад. Дар ин хати телефон кормандони бонк машғули коранд ва ба шумо тарзи пардохти ғайринақдиро шарҳ медиҳанд.

“Аз ҳар гӯшаи ҷаҳон метавон пардохт кард”

- Пардохтро тариқи QR-код анҷом додан мумкин аст?

- Бале, касоне, ки QR-аломатҳо барои пардохт доранд, метавонанд пардохт кунанд. То 22 июни соли 2023 шумори умумии нуқтаҳои фурӯш ва хидматрасониҳое, ки дар онҳо QR-кодҳо насб шудаанд, 1095 адад барои шахсони ҳуқуқӣ ва 1 ҳазору 442 адад барои шахсони воқеиро ташкил медиҳад.

- Дар ҳолати пайдо шудани мушкилоти гуногуни техникӣ пардохти маъмулӣ бо пули нақд имконпазир аст?

- Муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои коммуналӣ пули нақдро қабул намекунанд. Ин кор бо мақсади шаффофият ва мубориза бо фасод роҳандозӣ шудааст.

Барнома (низом) дурусту бенуқсон кор карда, ба ҳама гуна озмоиш ё сарборӣ тоб меорад. Ҳеҷ як мушкилоти техникӣ пайдо намешавад.

- Замина бидуни интернет кор мекунад?

- Оянда чунин нақшаҳо ҳастанд, яъне таҳияи замимаи нави бонк, ки дар ҳолати сифр (нол) будани трафики интернет кор кунад.

- Пардохти ғайринақдии андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ тариқи замимаи мобилӣ бо кортҳое мисли “Мир”, MasterCard, Visa ва дигарҳо имконпазир мешавад?

- Тариқи замимаи мобилии “Амонатбонк” пардохти ғайринақдӣ бо истифода аз корти низоми миллии пардохти “Корти миллӣ” ва корти Visa имконпазир аст.

Сайёҳон ва меҳмонон пардохтҳоро танҳо тариқи замимаҳои бонкҳои Тоҷикистон амалӣ карда метавонанд.

Сурат аз манбаъҳои боз

- Дар берун аз ҳудуди Тоҷикистон ҳам амалиёт анҷом додан имкон дорад? Масалан, муҳоҷирони меҳнатии мо, ки дар Русия қарор доранд, ба ҷойи наздикону пайвандони худ, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, метавонанд пардохт намоянд?

- Шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирон дар куҷое, ки набошанд, аз ҳама гӯшаи ҷаҳон тариқи замимаи мобилии бонк метавонанд маблағҳои наздикону паййвандону худро озодона пардохт кунанд.

Ҳоло ҳамаи хидматрасониҳо ба замимаи “Амонат мобайл” илова нашудааст

- Боз як чизи дигар. Хидматрасониҳои коммуналӣ низ ба хидматрасониҳои давлатӣ шомиланд. Лекин то ҷое медонем, Раёсати истифодабарии манзил (ЖЭУ) суратҳисоби бонкӣ надорад, ки ҳақи хадамот пардохта шавад. Ин мушкил чӣ гуна ҳал мешавад?

- Ҳамаи сохтору ташкилот, аз ҷумла ЖЭУ дар “Амонатбонк” суратҳисоб доранд. Дуруст аст, ки хидматрасониҳо барои пардохти суратҳисоби баъзеи онҳо ҳоло аз лиҳози техникӣ ба замимаи “Амонат мобайл” илова карда нашудаанд. Аз ин рӯ, барои пардохти онҳо ба дафтари кории наздиктарини Маркази хидматрасонии бонкӣ муроҷиат кардан лозим аст.

Такрор мекунам, барои пардохти ғайринақдии хидматрасонии корхонаҳое, ки алҳол дар рӯйхати хидматрасониҳо дар замимаи “Амонатбонк” нестанд, ба яке аз дафтарҳои кории Марказҳои хидматрасонии бонкӣ муроҷиат намоед. Дар ин ҷо ба шумо суратҳисоби корхонаи лозимаро медиҳанд ва шумо тариқи замимаи “Амонат мобайл” амалиётро анҷом дода метавонед. Яъне дар ин кор ба шумо кормандони Марказҳои хидматрасонизҳои бонкӣ ёрӣ мерасонанд. Дар оянда иловаи ҳамаи хидматрасониҳо ба замимаи бонк ба нақша гирифта шудааст, - зикр кард Сироҷиддин Икромӣ.

Дастурамал барои пардохти ин ё он андозу хидматрасониҳо

Масалан, шумо мехоҳед, ки андоз аз амволи ғайриманқулро пардохт кунед. Шумо бояд чунин амалҳоро анҷом диҳед:

1. Аз Google Play ё AppStore замимаи “Амонат мобайл”-ро боргирӣ мекунем.

2. Ба замимаи "Амонат мобайл" ворид мешавем.

3. Бахши "Пардохтҳо"-ро мекушоем.

4. Нишонаи "Хадамоти давлатӣ"-ро мекушоем.

5. Аз рӯйхат “Андоз"-ро интихоб мекунем.

6. Дар идома - "Шахсони воқеӣ".

7. "Андоз аз амволи ғайриманқул"-ро пахш мекунем.

8. Рақами РМА-ро ворид мекунем.

9. Пардохтро анҷом медиҳем.

- Дар сурати хато гузаронидани пул ба дигар суратҳисоб ҳангоми пардохти хидматрасониҳоми давлатӣ чӣ мебояд кард?

- Дар ин ҳолат ба бонк муроҷиат кардан лозим аст. Агар ин оператори мобилӣ ё корхонаи коммуналӣ бошад, ба онҳо муроҷиат намудан даркор аст. Онҳо муроҷиати шуморо баррасӣ намуда, пули нодуруст гузаронидаро ба суратҳисоби зарурӣ ирсол мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.