Қарзи кредитории корхонаву ташкилотҳои Тоҷикистон то аввали нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ҳудуди 93 млрд сомонӣ (зиёда аз 8,5 млрд доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Ин нишондиҳанда 40% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи нимсолаи аввали соли 2022 мебошад.
Ҳиссаи корхона ва ташкилотҳои зиёновар аз шумори умумии корхонаҳои ҳисоботдиҳанда ба 22,5% расид.
Ин асосан корхонаҳои соҳаи истихроҷи маъдани кӯҳӣ (17% аз шумори умумии корхонаҳои зиёновар), сохтмон (11,8%), нақлиёт ва алоқа (3%) мебошанд.
Маблағи умумии зиёни тавозунӣ дар нимсолаи аввали соли равон 927 млн сомонӣ (85 млн доллар)-ро ташкил дод.
Кадом корхонаҳо аз ҳама бештар қарздоранд?
Қаблан моҳи феврали соли равон Вазорати молияи кишвар зиёновартарин корхонаҳоро байни корхонаҳои бузурги саноатии ҷумҳурӣ номбар кард.
Дар садри рӯйхат собиқ ШСХК “Барқи тоҷик” қарор дорад, ки ҳозир ба сифати Ҷамъияти саҳҳомии кушода (ҶСК) танҳо иқтидорҳои истеҳсоли барқро идора мекунад.
Дар ҷойи дуюм ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” қарор дорад, ки бар асари мушкилоти техникӣ ва молиявӣ, аз моҳи сентябри соли 2020 дигар парвозҳои мунтазам анҷом намедиҳад.
Қарзҳои “Тоҷик Эйр” 40 млн доллар арзёбӣ мешаванд, ки нисфи он бояд ба ширкати Skyroad Leasing-и Литва барои истифода аз ду ҳавопаймои он пардохт шавад.
Ҳамчунин дар назди мақомоти андоз, бонку фурудгоҳҳо ва дигар ширкатҳои хидматрасон қарзҳо вуҷуд доранд.
Ғайр аз ин, дар Вазорати молия ба сафи корхонаҳои бештар зиёновар ҶСК “Адюминсохтмон”-ро низ шомил кардаанд, ки бастаи пурраи саҳмияҳои он ба “Ширкати алюминии тоҷик” тааллуқ дорад.
Маълумот дар бораи ҳаҷми қарзи ин корхона дар манбаъҳои боз дастрас нест.
ҶСК “НБО Роғун” низ дар байни корхонаҳои давлатии зиёновар номбар шудааст, ки ҳаҷми умумии қарзи он ҳанӯз дар соли 2020 зиёда аз 1 млрд сомониро ташкил медод. Доир ба то кадом андоза тағйир ёфтани қарзи корхонаи мазкур тайи ду соли ахир маълумот пайдо кардан муяссар нашуд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз аввали соли 2019 ба Вазорати молия дар ҳамдастӣ бо сохторҳои марбута дастур дода буд, ки дар мавриди коҳиши қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои тахирнопазир андешанд.
Зикр шуда буд, ки шумори умумии чунин корхонаҳо дар кишвар 21 ададро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, дар ҷумҳурӣ ҳудуди 800 корхона бо сармояи давлатӣ ба қайд гирифта шудааст.
Нисбатан бузуртаринашон миёни онҳо ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» (100%), ҶСК «Роғун» (95%), ҶСК «Тоҷиктелеком» (95%), воҳидҳои «Барқи тоҷик» (100%), ҶСК «Тоҷиктрансгаз» (100%), ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» (100%), ҶСК «Тоҷик Эйр» (100%) мебошанд.
Бундестаг вынес вотум недоверия правительству канцлера Олафа Шольца
АБР назначил своего нового представителя в Таджикистане
Евросоюз принял 15-й пакет санкций против России
Таджикский спортсмен стал абсолютным чемпионом турнира «Золотой заяц»
"Когда государство попадает в руки террористов, любая должность теряет смысл". Заявление Асада из Москвы
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 17 декабря 2024 года
Идеальная фигура к Новому году — как похудеть за 14 дней
Сухроб Касымов: "Я жалею, что воевал против своих…"
Стихия с начала года унесла жизни 17 таджикистанцев
Минтруд России назвал самые высокие зарплаты мигрантов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста