Дар зарфи 6 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба маблағи 24,1 млн доллар 103 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст. Дар ин бора бо асос ба маълумоти Хадамоти гумрук Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Маблағи ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 млн доллар камтар аст.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2022 содироти пиёз ба таври назаррас - 19,6% кам шудааст.
Имсол дар Тоҷикистон дар зиёда аз 17 ҳазор гектар пиёз кишт шуда, ба даст овардани ҳосили рекордӣ - ҳудуди 700 ҳазор тонна дар назар аст.
Айни замон кишоварзон дар фикри онанд, ки пиёзашонро чӣ кор кунанд. Онҳо шикоят доранд, ки харидори яклухт нест.
Ба гуфтаи онҳо, имсол арзиши аслии 1 кило пиёз ҳудуди 1,5 сомониро ташкил дода, харидорон, аз ҷумла содиркунандагон 1,8-2,2 сомонӣ пешниҳод мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, содироти зироати полезӣ, асосан тарбуз ба андозаи 47,2%, хушкмева - 26,5% ва мева - 51,2% зиёд шудааст.
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон дар ҳудуди 22,6 ҳазор гектар зироати полезиҳо кишт шудааст, ки 1,9 ҳазор гектар зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст.
Дар зарфи 6 моҳи имсол зиёда аз 15 ҳазор тонна тарбузу харбуза ҷамъоварӣ шудааст, ки 5,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.
Сарфи назар аз ин, харидорон шикоят мекунанд, ки тарбуз дар кишвар гарон аст: тарбузи вазнаш миёнаи 3-4 кило на камтар аз 15 сомонӣ нарх дорад.
Деҳқонон мегӯянд, ки тарбузро дар саҳро онҳо бо нархи 2-3 сомонӣ барои 1 кило фурӯхта, нархро миёнаравон боло мебаранд.
Дар навбати худ, миёнаравон шикоят мекунанд, ки хидматрасонии нақлиёт гарон аст.