Хатти охири интиқоли барқ дар самти ҷанубу ғарб 1 август пайваст карда мешавад, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа.
Ӯ зикр кард, ки дар ин самт хати интиқоли барқи ХИБ 500 кВ (“Регар-Гузар”, - эзоҳи муаллиф), инчунин якчанд хатҳои интиқоли барқи 220кВ дар ҳолати коршоям қарор доранд.
«Бо сабабҳои гуногуни объективӣ ва субъективӣ аз ҷадвал таъхирҳо ҷой доштанд, ки мо аллакай онҳоро ҳал кардем», - гуфт вазир.
Вай таъкид кард, ки барои пайвастан ба шабакаҳои минтақавӣ дар самти шимол (дар вилояти Суғд) вақти бештар лозим аст.
«Мо дар нақша дорем, ки то охири соли ҷорӣ хатҳоро дар самти шимол омода созем, аммо ба кор андохтани мустақими ин хат дар моҳи апрели соли оянда хоҳад буд», - афзуд вазир.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2018 Бонки осиёии рушд (БОР) барои барқарор кардани фаъолияти мувозии (параллелии) низоми энергетикии Тоҷикистон бо низоми минтақавӣ тавассути пайвастшавӣ ба шабакаҳои энергетикии Ӯзбекистон ба маблағи 35 млн доллар грант тасдиқ кард.
Бо назардошти саҳми 5 млн доллари ҳукумати Тоҷикистон, арзиши умумии ин лоиҳа 40 млн долларро ташкил медиҳад. Интизор мерафт, ки амалисозии ин лоиҳа соли 2022 ба анҷом расад.
Низоми энергетикии Тоҷикистон аз соли 2009 тақрибан дар ҳолати ҷудогона кор мекунад.
Айни замон дар Низоми энергетикии Осиёи Марказӣ низомҳои энергетикии Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистони Ҷанубӣ муштарак кор мекунанд. Низоми энергетикии Қазоқистони Ҷанубӣ қисмати таркибии Низоми ягонаи энергетикии Қазоқистон буда, тариқи он Низоми муттаҳидаи энергеткии Осиёи Марказӣ ба таври мувозӣ бо Низоми ягонаи энергетикии ИДМ кор мекунад.
Низоми энергетикии Туркманистон аз ҳайати Низоми муттаҳидаи энергетикӣ соли 2003 хориҷ шуда, ба таври мувозӣ бо низоми энергетикии Эрон кор мекунад.
Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2018 содироти барқи барзиёдатии худро ба Ӯзбекистон дар мавсими тобистон бо реҷаи “ҷазиравӣ” оғоз кард. Яъне, барқ ба баъзе қаламрави вилояти Сурхондарё, ки аз низоми марказии энергетикии Ӯзбекистон бурида шудаанд, интиқол дода мешавад.