Имрӯз, 17-уми ноябр, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон конфронси минтақавӣ оид ба муаррифии лоиҳаи нави Иттиҳоди Аврупо “Робитаи устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ” (SECCA) оғоз гардид, ки дар он намояндагони мақомоти энергетикии панҷ кишвари ОМ якҷо бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.
Лоиҳаи “Робитаи устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ” бо буҷаи умумии 6,8 млн доллар барои роҳандозии тавозуни устувори энергетикӣ дар минтақа бо назардошти таҷрибаи ИА таҳия ва пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, ин лоиҳа таҳкими сиёсати миллӣ оид ба гузариш ба низоми устувори энергетикӣ ва афзоиши сармоягузорӣ, рушди энергетикаи барқароршавандаро дар назар дорад.
Ҳамчунин, дар доираи ин лоиҳа, рушди иқтидори минтақа дар самти нерӯи барқи офтобӣ, бодӣ дар назар дошта шудааст.
Ҳамин тавр, иштирокчиёни ин конфронс оид ба ҳадаф ва нақшаҳои худ, ҷиҳати амалисозии лоиҳаи мазкур дар кишварҳои худ иттилоъ доданд.
Ёдовар мешавем, ки ин конфронс дар доираи ҳамоиши ҳамбастагии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: Дарвозаи ҷаҳонӣ, ки бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ОМ ва Ҷозеп Боррел, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ ва муовини раиси Комиссияи Аврупо, пагоҳ, 18-уми, ноябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, ҷараён гирифт.