Дар зарфи 7 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба миқдори беш аз 48 млн доллар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфт.
Ба иттилои Агенти омори ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ-июли соли равон ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоиҷикистону Ӯзбекистон ҳудуди 267 млн долларро ташкил дод, ки 15,3% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Коҳиши гардиши мол байни ду кишвар пеш аз ҳама, ба камшавии содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон - аз 118 млн доллар дар 7 моҳи соли гузашта то 86 млн доллар дар ҳамин давраи соли равон.
Коҳиши содирот дар навбати худ ба камшавии ҳаҷми интиқоли маҳсулоти минералӣ (семент, неруи барқ, маъдан, консентратҳо ва дигар ашёи хом) ба кишвари ҳамсоя марбут мебошад.
Коҳиши содири сементро ба гунаи мисол вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир чанде қабл дар нишасти матбуотӣ чунин шарҳ дод, ки дар худи Ӯзбекистон иқтидорҳои нави истеҳсоли ин навъи маҳсулот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Ҳамчунин воридоти маҳсулоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон низ начандон зиёд - аз 191 млн то 181 млн доллар кам шудааст.
Тамоили коҳиши гардиши молу маҳсулот байни ду кишвар дар замони сари қудрати Ӯзбекистон будани Шавкат Мирзиёев бори аввал ба мушоҳида мерасад, ки аз моҳи аввали сол оғоз гардид.
Дар давраи ҳукмронии шашсолаи Шавкат Мирзиёев ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 8 баробар - аз 70 млн доллар дар соли 2016 то 555 млн доллар аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 зиёд шуд.
Аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя асосан ашёи хом, аз қабили алюминии аввалия, неруи барқ, нахи пахта, семент, пӯсти коркарднашуда, пилла, абрешими хом, инчунин матоъҳои гуногун, нӯшокиҳо, аз ҷумла машрубот, қолинҳо ва ғайра интиқол дода мешавад.
Аз Ӯзбекистон ба кишвари мо маҳсулоти нассоҷӣ, гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, маснуоти сафолӣ, фулузот (металлҳо)-и ранга, таҷҳизоти барқӣ ва механикӣ ворид карда мешавад.
Муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 7 моҳи соли равон дар маҷмӯъ ҳудуди 4 млрд долларро ташкил додааст, ки 3,5% ё худ 146 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.
Ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз ҷумҳурӣ ба 767 млн доллар баробар шудааст, ки 592 млн доллар ё худ 43,6% камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст.
Ҳаҷми воридоти молу маҳсулот бошад, баръакс 16% - аз 2,8 млрд доллар то 3,2 млрд доллар афзудааст.
Как в Таджикистане дискриминируют беременных женщин
Что сказал Эмомали Рахмон коллегам по ОДКБ?
Путин на заседании ОДКБ объявил о начале серийного производства «Орешника»
Завершилась акция «VISA Direct» Банка Эсхата: кто стал обладателем «iPhone 15»?
Рубль обесценился к сомони за последние сутки почти на 5%
В Таджикистане выбирают «Лучшего супруга»: как проходит конкурс и кто становится победителем?
Почему в Таджикистане растет стоимость сжиженного газа?
В Таджикистане впервые проведена операция на сосудах головного мозга
Кыргызские авиакомпании могут исключить из «черного списка» Евросоюза, - Жапаров
СМИ: администрация Байдена предоставит Киеву пакет военной помощи на 725 млн долларов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста