Алмасадам Саткалиев, вазири энергетикаи Қазоқистон эътироф кардааст, ки дар кишвараш камчинии газ мушоҳида мешавад, аммо дар баробари ин, ӯ ваъда додааст, ки ин мушкил дар фурсатҳои наздик роҳҳалли худро пайдо мекунад. Нуктаи муҳиме, ки ӯ ишора намудааст, ин дар сатҳи ҳукумат баррасӣ шудани масъалаи баланд бардоштани нархзи газ аст. Дар ин бора centralasian.org иттилоъ медиҳад.
“Дар бозори сӯзишвории мо камбуди газ ҷиддӣ хоҳад шуд. Ҳоло мо маҷбурем бо дарки масъулият эълом намоем, ки давлат ҳамин ҳоло бо мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯст ва ин масъала дар ояндаи наздик ҳал намешавад”, - гуфтааст Алмасадам Саткалиев.
Ӯ таъкид кардааст, ки танҳо дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ истифодаи газ дар Қазоқистон 25 дарсад боло рафта, талабот ба он дар моҳ ба 225-250 ҳазор тонна дар моҳро ташкил додааст.
Ба қавли Саткалиев дар муқоиса бо бензин арзон будани газ бисёре аз ронандаҳоро водор кардааст, ки ба ин навъи сӯзишворӣ гузаранд ва ба ин далел, иқтидори истихроҷ ва коркарди газ дар Қазоқистон кифоят накардааст.
“Бо назардошти вазъи кунунӣ масъалаи гарон кардани қимати газ дар сатҳи ҳукумати Қазоқистон баррасӣ мешавад”, - гуфтааст Алмасадам Саткалиев.

Таъсири гароншавии газ дар Қазоқистон ба Тоҷикистон
Агар дар Қазоқистон нархи газ дар сатҳи ҳукумат ва ба андозаи қобили таваҷҷуҳ гарон карда шавад, ин ба иқтисоди Тоҷикистон метавонад таъсири мустақим расонад. Зеро Қазоқистон содиркунандаи аслии гази моеъ ба Тоҷикистон аст. Дар Тоҷикистон бошад, бештари нақлиётӣ шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.
Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати кишвар, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 73 дарсади ин навъи маводи сӯхт аз Қазоқистон, қариб 25 дарсад аз Русия ва ҳудуди 2 дарсад аз Ӯзбекистон ворид шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар шаш моҳ 14 ширкат ба ҷумҳурӣ ҳудуди 170 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ ба маблағи 68,2 миллион доллар ворид кардаанд.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, беш аз 60 дарсади мошинҳо дар Тоҷикистон бо гази моеъ ҳаракат мекунанд ва дар чунин ҳолат, табиист, ки боло рафтани қимати гази моеъ ба зиндагии рӯзмарраи сокинони кишвар таъсири манфӣ мерасонад.
Масалан, дар моҳи октябри соли 2023 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон арзиши гази моеъ беш аз 30% - аз 6,10 сомонӣ барои 1 литр дар аввали моҳ то 8 сомонӣ боло рафт.
Дар баробари боло рафтани қимати гази моеъ, дар нуқтаҳои фурӯш онро пайдо кардан ҳам душвор шудааст. Ронандагон аз он шикоят мекунанд, ки дар ҷустуҷӯи ин навъи сӯзишворӣ аз як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба нуқтаи дигари сӯзишворӣ саргардон шуда, дар навбат меистанд.
Гароншавии қимати гази моеъ аввалин шуда ба болоравии нархҳои кирокашҳои хусусӣ (кирокашҳои 5-сомона) оварда расонид. Ронандагони ин навъи кирокашҳо роҳкироро аз 7 сомонии қаблӣ то 10 сомонӣ боло бурданд. Нархи сафар аз пойтахт ба баъзе манотиқи наздик низ 3-5 сомонӣ боло рафтааст.
Ҳамакнун, дар сурати дар сатҳи ҳукумат боло бурдани нархи гази моеъ дар Қазоқистон, ки кишвари аслии содиркунандаи ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аст, ба андешаи коршиносон, нархи он дар Тоҷикистон боз ҳам афзоиш меёбад.
Страны – участницы проекта CASA-1000 подписали ключевой документ по параллельной работе своих энергосистем
Рустам Ятимов стал первым таджикским футболистом в финале Кубка России
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 16 мая 2025 года
Гениальный сатирик. Аловуддина Абдуллоева нет, но память о нем жива
«Когда работаешь с людьми, нужно идти к ним с добротой». Памяти Махкама Аслонова
В Душанбе открыли мультибрендовый магазин Urban Plaza
В Туркменистане миллионные призовые «Аркадага» отдали на благотворительность — футболисты остались без поддержки
Зеленский прилетел в Турцию, Путин нет. Что сказал Трамп?
Андрей Рогачев о секретах мультикультурного менеджмента и культурного интеллекта в бизнесе
Как не убить соседа, что мешает спать? Что такое шумовая агрессия и как с ней бороться
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста