Имрӯз, 10-уми октябр, чанд ронанда ба “Азия-Плюс” гуфт, ки гази моеъро аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе 6,80 сомонӣ ва дар Хуҷанд 6,70 сомонӣ харидаанд. Ду рӯз пеш қимати гази моеъ 6,10-6,20 сомонӣ буд.
Нархи дигар навъҳои сузишворӣ тағйир наёфтааст. Бензини АИ-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе бо нархи 10,90 сомонӣ, дар Хуҷанд 10,80 сомонӣ фурӯхта мешавад. Бензини навъи АИ-95 дар Душанбе 11,50 сомонӣ, дар Хуҷанд 11,30 сомонӣ фурӯхта мешавад. Сӯзишвории дизелӣ дар Душанбе 11,60 сомонӣ ва дар Хуҷанд 11,20 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Намояндагони мақомоти расмӣ мегӯянд, афзоиши қимати гази моеъ дар кишварҳои содиркунандаи ин маводи сӯхт низ мушоҳида мешавад.
Илова бар ин, ба гуфтаи манобеъ, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ камбуди гази моеъ мушоҳида мешавад.
Яке аз ронандагон ба “Азия-Плюс” гуфт, аз чанд нуқтаи фурӯши сӯзишвории шаҳр натавонистааст гази моеъ харидорӣ намояд. Сокиноне, ки аз балони газ истифода мебаранд, дар пур кардани сӯзишворӣ барои эҳтиёҷоти рӯзгор низ мушкил доранд.
Коршиносон болоравии нархи гази моеъро на танҳо бо таъсири қурби асъор ва болоравии нархи гази моеъ дар кишварҳои истеҳсолкунанда, балки ба лағви квотаҳои содиротӣ барои гази моеъ дар Қазоқистон ва маҳдудиятҳо дар содироти сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ аз Русия вобаста медонанд.
Тоҷикистон гази моеъро асосан аз Қазоқистон ва Русия ворид мекунад. Тағйирёбии қимати сӯзишворӣ дар ин кишварҳои таъминкунанда, ки дар пайи тағйирёбии қурби рубли русӣ аст, мустақиман ба нархҳо дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад.
Дар ин бора муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода дар авоили моҳи август гуфта буд: “Нархи гази моеъ дар ҷумҳурӣ мустақиман аз қимати ин навъи маҳсулот дар кишварҳои содиркунанда вобаста аст”.
Қобили зикр аст, ки аз соли 2018 бо қарори ҳукумати кишвар гази моеъ ба рӯйхати молҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ дохил карда шудааст. Дар ин рӯйхат 18 маҳсулоти дигар низ мавҷуданд. Ин тасмим ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳақ дод, ки дар сурати ғайриқонунӣ боло рафтани нархи гази моеъ дар давоми як моҳ, яъне то 20 дарсад боло рафтани нархи он, барои муътадил кардани нарх дахолат кунад.
Как в Таджикистане дискриминируют беременных женщин
Что сказал Эмомали Рахмон коллегам по ОДКБ?
Путин на заседании ОДКБ объявил о начале серийного производства «Орешника»
Завершилась акция «VISA Direct» Банка Эсхата: кто стал обладателем «iPhone 15»?
Рубль обесценился к сомони за последние сутки почти на 5%
В Таджикистане выбирают «Лучшего супруга»: как проходит конкурс и кто становится победителем?
Почему в Таджикистане растет стоимость сжиженного газа?
В Таджикистане впервые проведена операция на сосудах головного мозга
Кыргызские авиакомпании могут исключить из «черного списка» Евросоюза, - Жапаров
СМИ: администрация Байдена предоставит Киеву пакет военной помощи на 725 млн долларов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста