Дар зарфи 10 моҳи соли равон ба буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби ҷамъоварии андозҳо ҳудуди 21,2 млрд сомонӣ (зиёда аз 1,9 млрд доллар) маблағ ворид шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Ин нишондиҳанда ба андозаи 4,7% зиёдтар аз нақшаи тасҳеҳшуда ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2022 - 18,8% (қариб 3,4 млрд сомонӣ) зиёдтар мебошад.
Байни андозҳои асосӣ афзоиши ҷамъоварии андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) дар муқоиса бо моҳҳои январ-октябри соли 2022 қариб ба миқдори 1,4 млрд сомонӣ, андоз аз даромад - 836,4 млн сомонӣ ва аксизҳо - 362,4 млн сомонӣ зикр мешавад.
Ҳиссаи андозҳо дар ҳаҷми умумии даромадҳои буҷети давлатӣ давоми моҳҳои январ-октябри соли равон 62,0%-ро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молия, ҳаҷми умумии даромадҳои буҷет дар ин давра ҳудуди 34,2 млрд сомониро ташкил додааст, ки 2,8% зиёдтар нисбат ба нақшаи тасҳеҳшуда аст.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумат ният дорад, ки дар соли 2024 ҳаҷми афзоиши воридоти маблағ аз ҳисоби андозро қариб 15% зиёд кунад.
Воридоти маблағ аз андоз дар сохтори қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2024 дар ҳаҷми 26,3 млрд сомонӣ (2,4 млрд доллар) муқаррар шудааст. Ин 3,3 млрд сомонӣ зиёдтар дар муқоиса бо ҳаҷми муқаррраршудаи воридоти маблағ аз андоз дар соли 2023 мебошад.
Аз ҷумла, соли оянда аз ҳисоби андозҳои дохилӣ, ки ба он Кумитаи андоз машғул аст, ҷамъоварии 18,9 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Воридоти маблағҳо аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 8,4 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи нишондиҳандаҳои тасдиқшуда воридоти маблағ аз ҳисоби андоз зиёда аз 61%-и даромади буҷетро дар сол 2024 ташкил медиҳанд.
Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми умумии қисми даромади буҷет дар соли оянда ба маблағи 43 млрд сомонӣ (3,9 млрд доллар) ё худ 15,9% зиёдтар нисбат ба ҳаҷми тасдиқшудаи даромадҳои буҷет дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Что сделал USAID для Таджикистана и какие из его проектов теперь под угрозой полного закрытия?
Агент Дмитрий Селюк – о крутых африканцах и «полумертвых сербах» в таджикском футболе
DC Next объединяет 1,5 миллиона пользователей в единой финансовой экосистеме
МВД Душанбе: «За невыполнение родительских обязанностей грозит изъятие ребенка из семьи»
Таджикистан и Иран обсудили планы по увеличению товарооборота до $500 млн
Этнический состав Центральной Азии: где самое большое разнообразие?
Авиатопливо в Казахстане оказалось дороже, чем в России
Международный банк Таджикистана стал партнером Федерации футбола республики
Россия и США обсудили конфликт в Украине. О чем договорились главы МИД двух стран в Эр-Рияде?
Непобедимый таджикский боец Сарвар Хамидов поборется за $500 тысяч в PFL
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста