Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2023 сарфи назар аз болоравии назарраси арзиши молу маҳсулот дар ҷаҳон, ҳамагӣ 3,8%-ро ташкил дод, изҳор дошт имрӯз президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон.

Дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолии кишвар сатҳи пассттар аз ин танҳо соли 2013 (3,7%) ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, сатҳи пасти таваррум давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон ба поинравии нарх ба гурӯҳи маҳсулоте чун маснуоти нонӣ ва ярма, равған ва чарбу, сабзавот, қанд (шакар) ва маснуоти қаннодӣ, моҳӣ ва маҳсулоти баҳрӣ, маҳсулоти ширӣ ва тухм вобаста аст.

Агентии омори кишвар соли дуюм аст, ки дар бораи сатҳи бесобиқа пасти таваррум дар ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти оморӣ, соли 2022 нарху тарифҳо ба андозаи 4,2% боло рафта буданд.

Мизони ҳадафноки Бонки миллии Тоҷикистон тайи солҳои ахир дар ҳудуди 6,0% (±2 банди фоизӣ) боқӣ мемонад.

Қобили зикр аст, ки болоравии нархҳои истеъмолӣ ва тарифҳо дар кишварҳое, ки Тоҷикистон асосан аз онҳо молу маҳсулот ворид мекунад, нисбат ба Тоҷикистон хеле баландтар аст.

Тибқи маълумоти расмӣ, ба ин тариқ, давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ мизони таваррум дар Тоҷикистон 3,4%, Қазоқистон - 10,3%, Русия - 8,0% ва Ӯзбекистон - 7,4%-ро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.