Арзиши патенти кор барои муҳоҷирони корӣ дар соли 2024 дар ҳамаи минтақаҳои Русия тағйир меёбад. Патенти аз ҳама гарон дар Ҷумҳурии Саха (12 957 рубл) ва арзонтарин - дар Чеченистон (2 880 рубл) муқаррар шудааст.

“Ҳамасола арзиши патент аз 3 таркиб ҳисоб карда мешавад:

- пардохти сабтшуда дар ҳаҷми 1200 рубл мувофиқи Кодекси андози Русия;

- коэффисиенти минтақавӣ, ки аз рӯи қонуни минтақа муқаррар мешавад;

- коэффисиент-дефлятор, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисоди Русия муайян карда мешавад”, - менависад Интерфакс бо истинод ба Маҷлиси Қонунгузории минтақаи Перм.

1/7

Дар соли 2023 чӣ қадар буд?

Барои муқоиса, дар Маскав соли гузашта патент 6 600 рубл нарх дошт, имсол - 7 500.

Дар вилояти Ленинград соли 2023 - 4 400 рубл, имсол - 4 600 рубл.

Дар кишвари Красноярск соли 2023 - 6 701 рубл, имсол - 8 153 рубл.

Дар Ёқутистон (Якутия) соли 2023 - 12 255 рубл, имсол - 12 957 рубл (гаронтарин).

Дар Чеченистон соли 2023 - 2 742 рубл, имсол - 2 880 рубл (арзонтарин).

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.