Бо вуҷуди афзоиши ҳаҷми даромад, амалиётӣ бонкӣ ва имтиёзҳои андозӣ ба низоми бонкии кишвар, дар 5 соли охир 2 бонки калон ва 15  ташкилоти қарзӣ барҳам хӯрда, эътимоди аҳолӣ ба ин соҳа нисбатан коста гардид. Ва муҳимтар аз ҳама, дар ин муддат фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда ба таври қобили таваҷҷӯҳ кам нашуд.

Бонкҳо чӣ имтиёз доранд?

Тибқи моддаи 251-и Кодекси андози Тоҷикистон бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурд зимни фурӯши молу мулки багаравмондашуда, ҷалби  амонату, пасандозҳо ва сармоягузорӣ, интиқоли маблағҳои электронӣ, хариду фурӯши асъори хориҷӣ, додани пул тавассути банкоматҳо ва амалиёт тариқи терминалҳои электронӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод мебошанд.

Номгӯи пурраи хизматрасониҳои молиявие, ки аз пардохти ин намуди андоз озоданд, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ шудааст

Ҳарчанд масъулини Бонки миллӣ онро ҳамчун имтиёзи андозӣ намедонанд, вале маблағи он ҳамчун  имтёзҳои андозӣ ба соҳаи бонкӣ дар мақомоти андоз ҳисоб карда мешавад.

Тибқи иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, манбаъ ва маблағи имтиёзҳои андозӣ ба соҳаи бонкӣ дар 5 соли охир аз 800 млн сомонӣ то ба 1,5 млрд сомонӣ расидааст. Ҳамин тариқ, дороиву ҳаҷми амалиётҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурд дар ин давра афзоиш ёфтааст. Вале чизи нигаронкунанда ин кам шудани шумораи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурд ва дар ҳамин замина, коста гардидани шароит барои рақобати озод ва эътимоди аҳолӣ ба ин соҳа аст. 

Барҳамхӯрии 4 бонки низомсози Тоҷикистон

Давоми 5 сол (2018-2022) шумораи бонкҳо аз 17 ба 15 ва ташкилотҳои қарзии хурд аз 62 ба 48 адад расид.

 

 

Дар ин давра, тағйироти чашмрас дар шумораи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурд дар соли 2020 ба назар мерасад. Шумораи бонкҳо  дар ин сол 2 адад зиёд шуда, ба 19 адад расид, вале шумораи ташкилотҳои қарзии хурд ҳамасола кам шуд. Аз ҷумла, дар соли 2019 10 адад ва дар соли 2020 8 адад кам шуда, ба 50 адад расид. 

Афзоиши теъдоди бонкҳоро дар соли 2020 ба гирифтани иҷозатномаи Бонки миллӣ аз сӯи чанд ташкилоти қарзии хурд барои фаъолият ҳамчун бонк метавон унвон кард. Аз ҷумла, ба ташкилоти қарзии хурди “Алиф” иҷозатномаи Бонки миллӣ барои фаъолиятӣи бонкӣ дода шуд. Ҳамчунин, соли 2019 ташкилоти хурди қарзии “Арванд” иҷозатномаи Бонки миллиро барои фаъолияти бонкӣ  соҳиб шуд.

Солҳои баъдӣ, ҳам шумораи бонкҳо ва ҳам шумораи ташкилотҳои қарзии хурд коҳиш ёфт. Ҳамин тариқ, дар соли 2022 шумораи бонкҳо ба 15 ва ташкилотҳои қарзии хурд ба 48 адад расид.

Омили барҳамхӯрӣ ва муфлисшавии бонкҳо зиёд аст. Ҳанӯз соли 2021 Ҳоким Холикзода, раиси Бонки миллӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, “Мушкили аслӣ роҳбарӣ ва мудирияти нодуруст дар замони бӯҳрони молиявию иқтисодӣ аст. Эҳтимолан аз сӯи танзимгар – Бонки миллӣ низ хато содир шудааст, аммо бонкҳо тиҷоратӣ буданд ва мебоист худашон манфиатдор мебуданд, ки ба ин мушкилот дучор нашаванд”.

Иқтисодонҳо сабаби аслии муфлисшавии бонкҳоро мудирияти нодуруст ва дахолати аз ҳад зиёди танзимгар медонанд.

Як шореҳи иқтисодӣ, ки мавзӯи муфлисшавии бонкҳоро пайгирӣ мекунад, дар суҳбат бо мо бидуни зикр номаш гуфт, ки яке аз сабабҳои дигари ба мушкилоти рӯбарӯ шудани бонкҳо, аз ҷумла барҳамхӯрии бархе ташкилотҳои қарзии хурд, кори муштараки хешовандони наздик дар мансабҳои роҳбарикунанда аст.

Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, соли 2020 фаъолияти хешу табор дар мансабҳои роҳбарикунандаи ташкилотҳои қарзӣ манъ гардид, аммо аллакай дер шуда буд.

Ҳамсуҳбати мо сабаби дигари ба мушкил рӯбарӯ шудани бонкҳоро дахолати зиёд ба фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ марбут донист.

Дороиҳои бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурд дар ҳоли афзоиш аст

Бо вуҷуди кам шудани шумораи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурд дороии онҳо ҳамасола дар ҳоли афзоиш аст. Масалан, агар соли 2018 дороии бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурд 21 млрду 201 млн. сомонӣ бошад, соли 2022 он ба 30 млрду 30 млн. сомонӣ баробар гаштааст. 

Маблағе, ки дар бонк қарор дорад ва дар гардиш аст, бино, мошинҳои хидматӣ, бинои филиалҳо, саҳмияҳо, захираҳои бонк дороии бонк ҳисобида мешаванд.

Дар 5 соли охир афзоиши дороиҳои бонкҳои кишвар танҳо дар соли 2021 нисбат ба аввали сол 20,1%  поён рафтааст. Вале соли 2022 бошад якбора то ба 40,4% афзоиш ёфтааст.

Соли 2023 дороии сохторҳои молиявию қарзии кишвар нисбат ба соли гузашта 22 фоиз зиёд гардида, 39,6 миллиард сомониро ташкил кард.

 

 

Бонкҳо ба аҳолӣ чӣ қадар қарз доданд?

Бо вуҷуди баланд будани фоизи қарзҳо сол то сол теъдоди қарзгирандагон меафзояд. Соли 2023 пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ дар муқоиса бо соли 2022-юм 31,1 фоиз афзоиш ёфта, ба 18,5 миллиард сомонӣ баробар гардидааст.

Соли 2018 ҳаҷми қарзҳои додашуда аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар беш аз 8 миллиард сомониро ташкил дод, ки фоизи миёнавазн аз рӯи қарзҳои додашудаи бонкҳо бо пули миллӣ зиёда аз 1 сол ба 28,58% баробар буд.

 

 

Соли 2022 бошад, ҳаҷми қарзҳои додашуда беш аз 13 млрд сомониро ташкил дод ва фоизи пешниҳодшудаи қарз 24,46%  буд. Дар муддати 5 сол фоизи қарзҳои пешниҳодшуда каме поён рафт. Дар ҳоле, ки натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзӣ бо фоидаи 1 179,5 млн. сомонӣ дар соли 2022  ҷамъбаст гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 1 071,2 млн. сомонӣ ё 988,3 фоиз зиёд шуд.

Фоизи қарзҳо ҳанӯз ҳам баланд аст

Бо вуҷуди афзоиши дороиҳо, бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии кишвар ба мизоҷон бо фоизи баландтар хизматрасонӣ мекунанд.

Аз рӯи нишондиҳандаи оморӣ меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо сол ба сол поин меравад, вале он чашмрас нест. Пешниҳоди қарз ба муштариён аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бо фоизи паст ба дороии он вобастагӣ дорад. Тавре дида мешавад, даромади ташкилотҳои қарзии кишвар бо зиёд мешавад, вале фоизи қарзҳо ба таври назаррас поён намешавад.

 

 

Абдуллоҷон Камолов, мутахассиси идораи таҳлили бонкҳои Департаменти назорати бонкии Бонки миллӣ гуфт, ки “дар шароити кунунӣ бевосита маҳдуд намудани сиёсати фоизии ташкилотҳои қарзии молиявӣ тариқи чораҳои маъмурӣ хавфҳои манфии зиёд дошта метавонад, ки боиси кам шудани даромади ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва эҳтимоли муфлисшавии онҳо мегардад”.

Амалиёт ҳам рушд мекунад, вале…

Низоми нави пардохт тавассути ҳамёнҳои электоронӣ ва кортҳои бонкӣ имкон фароҳам овард, ки шумораи амалиётҳои бонкӣ бо суръат афзоиш ёбад. Танҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2023 дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 21,8 млн. амалиёти ғайринақдии пардохти молу хизматрасониҳо ба маблағи 5,5 млрд. сомонӣ анҷом дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аз рӯи шумора 52,1 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 83,2 фоиз афзоиш ёфтаанд.

 

 

Соли 2018 шаҳрвандон барои хариди молу хидматрасонӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ 500 млн сомонӣ истифода кардаанд ва соли 2022 ин рақам то ба бештар аз 8 млрд сомонӣ афзоиш ёфт. 

Яке аз омилҳои босуръат рушд кардани падохтҳои электронӣ ин истифодаи васеъи шаҳрвандон аз барномаҳои бонкӣ ва бештар шудани шумораи кортҳо мебошад. 

Бо вуҷуди зиёд шудани кортҳо ва қабули пардохти электронӣ аз ҷониби марказҳои хидматрасонӣ ҳанӯз ҳам шаҳрвандон аз пули нақд истифода мекунанд. Соли 2018 ҳаҷми пули нақди аз бонкаматҳо гирифта 10 млрд сомониро ташкил медод ва ин рақам дар соли 2022 ба 60,1 млрд сомонӣ расид. 

Омил ин аст, ки низоми пардохти электронӣ дар шаҳрҳо рушд кардааст, вале 70% аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунад. Аз ин сабаб, муштариёни бонкҳо бо гузаштани маблағ ба корт дар пайи пурра гирифтани маблағ аз банкомат мешаванд, то дар давоми моҳ бе пули нақд намонанд. Камбуди маблағ дар банкоматҳо сокинонро водор кардааст, ки пули якмоҳаи худро нақдӣ кунанд.

Чаро имтиёзҳо кӯмак накард?

Соли 2018 бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд дар кишвар наздик ба 800 млн сомонӣ имтиёзи андозӣ ихтиёр карданд. Ин рақам дар соли 2022 ба 1,5 миллиард сомонӣ расид. Ин рақам дар 5 соли охир беш аз 5 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

 

 

Роҳи ҳал чист?

Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, дар панҷ соли охир низоми бонкии кишвар марҳилаи душворро пушти сар кард. Дар ин давра баъзе бонкҳо рушд карданд, баъзе муфлис шуданд. Дар ин миён, аҳолии оддӣ – муштариёни бонкҳои муфлисшуда саргардон шуданд. Ин боис гардид, ки эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ коста шавад.

Дар чунин шароит, имтиёзҳои андозӣ, ки 5 сол (2018-2022) пешниҳод шуд, то кадом андоза тавонист ба низоми бонкӣ кӯмак кунад?

Пас аз таҳлили омор метавон ба ин савол посухи қаноатбахш дод, аммо дар ниҳоят, он “ҳа” қатъӣ нахоҳад буд. Зеро, ба андешаи коршиносони иқтисодӣ, интизорие, ки вақти пешниҳоди имтиёзҳо буд, пурра бароварда нашуд.

Ҳарчанд, аксари иқтисоддонҳо зикр мекунанд, омили аслии муфлисшавии чанд бонки нимзомсоз ба адами имтиёзҳо вобаста набуда, бештар таъсири мудирияти нодуруст ва дахолати беруна аст, аммо вақти пешниҳоди имтиёзҳо ба низоми бонкӣ яке аз ҳадафҳо маҳз рушди ин соҳа, яъне мантиқан наҷоти ташкилотҳои ба мушкилпечида буд, ки амалӣ нашуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.