Бо гузашти панҷ рӯз аз расман ҷорӣ шудани низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Туркия беш аз ҳама тоҷирони тоҷик нигаронӣ мекунанд. Аксари онҳо мегӯянд, ин иқдом ба тиҷорати онҳо таъсири бевосита мерасонад, яъне воридоти маҳсулот душвор ва арзиши он гарон мешавад. Аммо теъдоде аллакай самти дигари тиҷоратро пайдо кардаанд.
Ҳамакнун тоҷирони тоҷик, ки то ин лаҳза аз Туркия маҳсулот меоварданд, тиҷорати худро чӣ гуна идома доданӣ ҳастанд ва кадом роҳҳои дигарро ҷустуҷӯ доранд?
Бояд гуфт, ки Туркия аз 20-уми парел барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми равуо тавассути раводидро ҷорӣ кард, аммо сабаби ин иқдомро шарҳ надод. Дар посух Тоҷикистон ҳам барои шаҳрвандони Туркия низоми раводид ҷорӣ намуд.
Арзиши раводиди Тоҷикистон барои шаҳварндони Туркия айни ҳол маълум нест, аммо барои дастрас кардани раводиди Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон аз 90 то 160 доллар бояд пардохт кунанд.
Тоҷирон мегӯянд, ин маблағ албатта болои маҳсулоти аз ин кишвар воридшаванда зам ва аз ҷайби харидори тоҷик пардохт мешавад.
“Акнун ба Чин меравам”
Фариза, як соҳибкори тоҷик, ки наздики 20 сол аст аз Туркия либосҳои занона оварда, дар маркази савдои “Садбарг” мефурӯшад, баъди ҷорӣ шудани низоми раводид ният дорад аз Чин маҳсулот ворид намояд.
Ӯ гуфт, сафар ба Туркия ва воридоти мол аз ин кишвар хароҷоти зиёд дорад ва ҳамакнун, пули раводид ба ин зам мешавад. Аз ин лиҳоз, беҳтар аст аз кишвари дигар маҳсулот ворид кунад.
“Ба наздикӣ ба шаҳри Гуанҷоуи Чин барои хариди маҳсулот рафта будам, писандам омад. Сифати маҳсулоти ин кишвар хуб ва арзон аст. Акнун, ки барои сафар ба Туркия раводид талаб мешавад, беҳтар аст ба Чин равам ва аз ин кишвар маҳсулот ворид кунам”, - мегӯяд Фариза.
Сабрина, як соҳибкори дигар ҳам шаш сол инҷониб аз қаламрави Эрон ба Туркия ворид шуда, маҳсулоти туркиро ба модараш мефиристод, то дар маркази савдои “Садбарг” фурӯшад. Ҳоло Сабрина ба Тоҷикистон омадааст ва мегӯяд, акнун аз Чин маҳсулот меорад, зеро барои сафар ба Туркия раводид бояд гирад ва ин вақту маблағи иловагиро талаб мекунад.
Бояд таъкид кард, ки барои сафар ба Чин ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон бояд раводид гиранд. Арзиши раводид, тибқи иттилои аз Сафорати Чин дар Тоҷикистон дастрасшуда, аз 50 то 150 доллар аст. 50 доллар барои 30 рӯз, 95 доллар барои 90 рӯз (метавон ду маротиба истифода кард) ва 100 доллар барои 6 моҳ ва 150 доллар барои 1 сол (бо имкони истифодаи чандкарата) мебошад.
Роҳи дигар, аммо пур аз таваккал
Чанде аз соҳибкорони тоҷик роҳи камтаъсир кардани ҷорӣ шудани низоми раводидро пайдо кардаанд, аммо боз ҳам мегӯянд, он боэътимод нест.
Масалан, баъзе аз савдогарон ба харид тавассути миёнарав ё онлайн оғоз кардаанд. Аммо дар ду ҳолат ҳам, ин ба арзишу сифати маҳсулот таъсири худро мерасонад.
Тоҷирон мегӯянд, маҷбуранд ба нафари дигар маблағи камтар аз раводидро пардохт кунанд, то ӯ маҳсулоти барояшон лозимро фиристад, аммо ин ҳам хароҷоти иловагӣ аст, зеро барои ин хидмат ба миёнарав ҳақ пардохт бояд кард.
Мушкили хариди онлайн ин аст, ки метавонад маҳсулоти пастсифат ё умуман дигар дастрас гардад.
Яке аз тоҷирони дигар, ки дар маркази савдои “Садбарг” фаъолият мекунад ва нахост аз ӯ ном барем, ба хабарнигори “Азия-Плюс” либосҳоеро нишон дод, ки тариқи онлайн ва барои мавсими тобистон фармоиш дода буд. Вале ба ӯ либоси зимистона ва он ҳам бо сифати паст фиристоданд. Ӯ намедонист, ки ҳамакнун дар мавсими тобистон чӣ мефурӯшад.
Яке аз нафъҳои шиносномаи Русия
Як тоҷири дигаре, ки дар мавкази савдои “Садбарг” фаъолият дорад, роҳи ҳалли мушкилашро пайдо кардааст: шиносномаи Русия!
Ӯ ҳам аз зикри номаш худдорӣ кард ва гуфт, дар баробари шаҳрванди Тоҷикистон табааи Русия низ ҳаст ва бо шиносномаи русиаш бидуни раводид ба Туркия меравад.
“Ҳарчанд ҳоло шаҳрванди Русия будан ҳам дар баъзе давлатҳо мушкилофар аст, аммо барои сафар ба Туркия кӯмак мекунад”, - гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.
“Муносибат тағйир ёфтааст”
Дар ҳамин ҳол, бештари тоҷирони тоҷике, ки дар чанд муддати охир ба Туркия сафар кардаанд, мегӯянд, муносибати мақомоти ин кишвар, махсусан кормандони гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар фурудгоҳҳо аз чанд соли пеш куллан тағйир ёфтааст. Кормандони гузаргоҳҳои сарҳадӣ тоҷиконро бештар мавриди санҷиш қарор медиҳанд ва бо онҳо рафтори нисбатан сард доранд.
Аз ҷумла, Бибиоиша, тоҷири 72-солаи тоҷик, ки ҳафтае қабл, 17-уми апрел, барои хариди маҳсулот ба Туркия рафта буд, мегӯяд дар фурудгоҳ се соат санҷишу бозпурсӣ шудааст.
“Вақте ба фурудгоҳ расидем, масъулин фурудгоҳ ва гузаргоҳи сарҳадӣ чиптаҳоро санҷиданд, сабаби сафарро пурсиданд ва ин се соат давом кард. Қаблан ҳеҷ гоҳ чунин санҷиши шадиду дурудароз набуд. Аз гушнагиву ташнагӣ азият кашидам. Замоне маро ҷавоб доданд, ки пулҳоямро нишон додам ва гуфтам, тоҷирам. Аммо чанд нафарро ихроҷ карданд”, - гуфт Бибиоиша.
Бояд зикр кард, ки тоҷирони тоҷик аз Туркия асосан либос, пойафзол, ҷиҳози хона ва маҳсулоти сохтмон ворид мекунанд ва бо ин мақсад зиёд ба ин кишвар сафар мекунанд. Маҳсулоти ин кишвар дар бозорҳои Тоҷикистон харидори зиёд дорад ва бо сифати хуби худ фарқ мекунад.
Ҳамчунин, тоҷикон ба Туркия барои истироҳат ва саёҳат низ мераванд.
Туркҳо бошанд, дар Тоҷикистон бештар бо тиҷорати хӯрокворӣ машғуланд ва соҳиби даҳҳо тарабхонаи туркӣ мебошанд, ки муштариёни он ҳам зиёд аст.
Новый постпред АБР подтвердил готовность поддержать энергетические проекты в Таджикистане
Гражданина Узбекистана задержали по подозрению в убийстве российского генерала
Мигрант 2024-го года: коллективное наказание от «большого брата»?
Таджикские школьники завоевали 18 медалей на Евразийской олимпиаде по информатике
В Узбекистане 22-летний студент получил пять лет за участие в военных действиях в Украине
Moody's присвоил «Коммерцбанку Таджикистана» рейтинг «B3» с прогнозом «стабильный»
Фальшивые лекарства в Таджикистане: как уберечь себя от подделки?
Глава Согда обсудил с активистами Канибадама серию жестоких убийств в городе
Спецпосланник Трампа по Украине и России планирует приехать в Киев в начале января
Трамп получил необходимое количество голосов выборщиков для победы на выборах
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста