Зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо директори Фонди Роҳи абрешими Чин Тсай Сиютзюн маблагузории лоиҳаҳои афзалиятнок дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот дар робита ба аз ҷониби ҳукумати Чин ҷудо гардидани 26 млрд юан (3,6 млрд доллар) барои маблағгузорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Завқизода имконоти сармоягузории Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Вазир пешниҳод намуд, ки маблағгузории лоиҳаҳои қаблан барои баррасӣ ба ҷониби Чин пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор гиранд, аз ҷумла:
- «Модернизатсияи корхонаи «Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО)»;
- «Сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ дар ноҳияи Ашт»;
- «Таъсиси корхонаи нассоҷӣ дар шаҳри Душанбе дар заминаи ҶДММ «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик»;
- «Таъсиси маркази логистикӣ дар ноҳияи Данғара»;
- «Сохтмони Парки индустриалӣ-технологии муштарак»;
- «Сохтмони гармхонаҳо дар вилояти Хатлон»;
- «Мутобиқ гардонидани қитъаҳои роҳи автомобилгарди Гулистон-Кулоб ва Рӯшон-Варшез».
Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли гузашта раиси Чин Си Ҷинпин эълом дошт, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати таҳкими имконоти рушд, коҳиши камбизоатӣ ва фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ 26 млрд юан кумаки бебозгашт ҷудо карда мешавад.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузории ҷумҳурӣ, Чин сармоягузори асосии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳои Чин (давоми солҳои 2007-2023) ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 3,9 млрд долларро ташкил медиҳад, ки қисмате аз он кумаки бебозгашт мебошад.
Ғайр аз ин, Чин қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон шуморида мешавад. Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, то аввали соли 2024 қарзи Тоҷикистон аз Чин 900 млн долларро ташкил дода, ба 27,8% аз ҳаҷми умумии қарзи берунаи кишвар баробар аст.
Дар савдои хориҷии Тоҷикистон Чин пас аз Русия зинаи дуюмро ишғол мекунад. Бино ба маълумоти оморӣ, соли 2023 ҳаҷми умумии савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин зиёда аз 1,5 млрд долларро ташкил дод, ки 24,2% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад. Аз ҷумла, содирот ба Чин 313,8 млн доллар ва воридот аз ин кишвар ба ҷумҳурӣ - ҳудуди 1,2 млрд долларро ташкил дод.
Ҳиссаи савдо бо Чин дар ҳаҷми умумии гардиши моли хориҷии Тоҷикистон ба 18% баробар шуд.
Легендарные роли. Самые известные актрисы таджикского театра и кино в СССР
Афиша от «Азия-Плюс»: Retro Auto & Retro Music Plus, худжандский Stand-Up и вечер Анны Егоян
В Узбекистане впервые выделили 100 тысяч гектаров под иностранные сорта хлопка
Петр Сегрт: «Возможно, однажды буду управлять клубом Суперлиги». Чем занимается бывший наставник сборной Таджикистана?
Из Таджикистана в Германию. Истории таджикистанцев, переехавших в новую страну и построивших карьеру
Чапаны, сумки и платья. В Душанбе проходит фестиваль атласа и адраса
ЧМ по футзалу: Таджикистан проиграл Португалии, но шансы на плей-офф еще есть
Груз 200 из Украины. Тела двух таджикистанцев вернули на Родину
В Узбекистане разработали программы по борьбе с пыльными бурями и улучшению качества воздуха
Таджикистан оказался ниже среднемирового уровня и позади Афганистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста