Дар як моҳи охир қурби доллари амрикоӣ нисбат ба пули миллӣ – сомонӣ беш аз якуним дарсад поён рафтаст. Агар як моҳ қабл 1 доллари амрикоӣ 10 сомону 90 дирам иваз мешуд, ҳоло дар бонкҳо барои 1 доллар 10 сомониву 74 дирам медиҳанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ба дархости “Азия-Плюс” сабабҳои асосии паст шудани қурби долларро шарҳ дод.
Аз ин ниҳод гуфтанд, дар моҳҳои январ-майи соли 2024 қурби расмии доллари ИМА нисбати сомонӣ 1,8 дарсад коҳиш ёфтааст.
“Тамоюли устуворшавии қурби пули миллӣ нисбати доллари ИМА аслан дар моҳи май ба вуқуъ омад, ки дар умум 1,5 фоизро ташкил медиҳад”, гуфтанд аз БМТ.
Аз ин ниҳод гуфтанд, омилҳои асосие, ки ба тағйирёбии қурби пули миллӣ нисбати асъори хориҷӣ таъсир мерасонанд, омилҳои берунӣ, аз қабили тағйирёбӣ дар иқтисодиёт ва сиёсати ҷаҳонӣ, устувор шудани қурби асъорҳои асосии ба ҷумҳурӣ воридшаванда ва инчунин омилҳои дохилӣ мебошад.
“Омилҳои асосии устуворшавии пули миллӣ нисбати доллари ИМА дар моҳи майи соли 2024, зиёд шудани имконоти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати таъмин намудани талаботи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо асъор, инчунин бештар шудани пешниҳоди асъор нисбат ба талабот ва устуворшавии қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА мебошад, - шарҳ доданд аз БМТ.
Ҳамчунин аз ниҳоди танзимкунанда гуфтанд, ки “ҳолати зиёд шудани талабот ба асъори хориҷӣ ҳамчун омилӣ мавсимӣ ҳамасола дар ҳамин давра ба назар мерасад, ки дар натиҷа ба устуворшавии қурби пули миллӣ сабаб мегардад”.
Бонки миллӣ мегӯяд, ки “қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷорат ва ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон нисбати доллари ИМА устувор гаштанд. Аз ҷумла, қурби рубли Русия 2,17 фоиз, лираи Туркия 0,54 фоиз, соми Қирғизистон 0,99 фоиз, суми Ӯзбекистон 0,001 фоиз ва рубли Беларус 1,48 фоиз нисбат ба доллари ИМА устувор гаштанд”.
Дар ҳаимн ҳол, бархе коршиносони уфти долларро ба афзоиши додугирифт бо Русия ба воситаи рубл ва ҳам коҳиши нархи як бушка нафт аз 94 то 77 доллар пайванд медиҳанд.
Аз ҷумла, Баҳром Шарифзода, иқтисоддони Пажуҳишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин раванд барои иқтисоди Тоҷикистон пайомадҳои гуногун дорад.
"Ҳам тарафи мусбат дорад, ҳам тарафи манфӣ. Тарафи мусбаташ он аст, ки қобилияти харидории пули миллӣ зиёд мегардад. Аз назари сармоягузороне, ки ба Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд, ба иқтисодиёти миллӣ, паст шудани нархи доллар ба кам шудани ҳавасмандгардонии онҳо мегардад, чунки ба як доллар камтар ашё мехаранд, камтар музди меҳнат медиҳанд ва он лоиҳаҳои инвеститсионие, ки онҳо дар Тоҷикистон татбиқ мекунанд, ба онҳо камтар фоида меорад,"-гуфт ӯ.
Шарифзода мегӯяд, ки агар пойинравии арзиши доллар дарозмуддат бошад, метавонад ба камшудани сармоягузории хориҷӣ ва паст шудани рақобатпазирии молҳои ватанӣ дар бозорҳои беруна сабаб шавад.
Болову поён рафтани қурби доллар дар Тоҷикистон як мавзӯи муҳим аст, чунки савдогарон болоравии нархи молу маҳсулотро ба болоравии қурби доллар нисбат медиҳанд.
Денежные переводы в Узбекистан выросли на треть в 2024 году
Саки-властелины степей на Крыше мира. Как саки пришли и спустя время ушли с Памира
Главы МИД Таджикистана и Китая обсудили договоренности лидеров двух стран
"Озоди": "Боим" экстрадирован в Таджикистан из Турции, куда уехал после 14 лет отсидки в России
Разложение мозга. Оксфордский словарь назвал слово 2024 года
Спецпредставитель ЕС: «Молодежи Таджикистана нужны образование и рабочие места»
Smartup: инновационные технологии для дистрибьюторов Таджикистана
На трассе Хорог-Шугнан-Ишкашим машина упала в реку, водителя ищут
Кэш Патель выдвинут Трампом на пост директора ФБР. Что о нем известно?
Таджикистан может стать лидером в производстве сурьмы
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста