Дар пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои охир норасоии шадиди гази моеъ эҳсос мешавад. Бо сабаби арзонтар буданаш нисбат ба дигар сӯзишворӣ, он навъи серталаби сӯзишвории нақлиёт дар ҷумҳурӣ аст.
Ҳанӯз дар оғози ҳафта ҳар литри гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт бо нархи 5,8 сомонӣ фурӯхта мешуд. Аммо тайи ду рӯзи охир шумораи нуқтаҳои фурӯши ин навъи сӯзишворӣ тадриҷан кам шуда, дар ҷойҳое, ки то ҳол онро харидан мумкин аст, ҳар литр бо нархи 7 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Кормандони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС) инро бо гарон шудани гази моеъ дар Қазоқистон, ки таъминкунандаи асосии ин навъи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон мебошад, шарҳ медиҳанд.
Қаблан Вазорати энергетикаи Қазоқистон дар бораи танзими нархҳои гази моеъ аз 1 июли соли ҷорӣ хабар дода буд.
Дар ин ниҳод зарурати ин чораро бо чандин сабаб, аз ҷумла фоидаовар набудани истеҳсоли ин навъи сӯзишворӣ шарҳ медиҳанд.
«Айни замон нархи гази моеъи нафтӣ нисбат ба арзиши истеҳсоли он хеле пасттар аст», - зикр гардида буд дар хабари Вазорати энергетикаи Қазоқистон.
Дар ҳамин ҳол, дар Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати кишвар ба "Азия-Плюс" изҳор намуданд, ки ин масъаларо танҳо пас аз дарёфти дархости хаттии дахлдор метавонанд шарҳ диҳанд.
Қобили зикр аст, ки вазорату идораҳо ба муроҷиатҳои хаттии рӯзноманигорон дар беҳтарин ҳолат дар давоми ду ҳафта ҷавоб медиҳанд. Ин муҳлати ниҳоӣ тибқи қонун муқаррар шудааст, аммо дар амал барои ин аксаран вақти хеле зиёдтар лозим шуда, баъзан ҳатто бе посух ҳам мемонад.
Ҳамчунин мебояд гуфт, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, гази моеъ ба рӯйхати маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим (19 номгӯй) дохил шудааст, ки нархҳояш аз ҷониби ниҳоди зиддиинҳисорӣ назорат мешавад, ҳарчанд ширкатҳои ҳукмфармо ё худ дорои бартарии зиёд (доминант) дар ин бозор вуҷуд надоранд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, ба Тоҷикистон дар соли гузашта зиёда аз 411 ҳазор тонна газ ворид шудааст, ки 76%-и он ба ҳиссаи Қазоқистон, тақрибан 20% - ба Русия ва тақрибан 4% - ба Ӯзбекистон рост меояд. Айни замон дар Қазоқистон дар мавриди содироти гази моеъи нафтӣ маҳдудият амал мекунад.
Аммо қарор дар бораи манъи содирот ба ширкатҳое, ки гази моеъро ба Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ таъмин мекунанд, амал намекунад.
Топ полезных таджикских блюд для поддержания иммунитета во время холодов
Как не стать жертвой мошенников-продавцов мёда в Таджикистане?
"Бычьи знамена", "Диравши Ковиёни", "Султан тень Аллаха", красный стяг: как менялся флаг таджиков?
Ужесточите наказание! Почему в Таджикистане нет культуры вождения?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 24 ноября 2024 года
Что нужно знать о профилактике простатита в наступающие холода?
ООН: В 2024 году зафиксировано рекордное число смертей гуманитарных работников
От настольных солнечных вентиляторов до эко-искусства: проекты молодежи Таджикистана
5 чудес Китая: объекты наследия ЮНЕСКО, которые вас поразят
СМИ: Трамп планирует создать должность спецпосланника по российско-украинской войне
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста