Бонки ҷаҳонӣ масъалаи маблағгузорӣ ба сохтмони Неругоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун”-ро моҳи сентябр баррасӣ мекунад. Дар ин бора имрӯз, 9 август муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Маҷидӣ хабар дод.
“Дар ин масъала мо бо Бонки ҷаҳонӣ ҳамкории зичи мутақобила дорем, дар ҳаимн ҳол, бонк натанҳо дар маблағгузорӣ саҳм мегузорад, балки дар ҳамкорӣ бо дигар мададрасонон нақши муҳим мебозад. Аз рӯи модели аз ҷониби коршиносон ба мо пешниҳодшуда, ин ҷо дар бораи 6,2 млрд доллар сухан рафта, қисмати мутааллиқ ба Бонки ҷаҳонӣ ҳудуди 650 млн долларро ташкил медиҳад”, - иброз дошт Маҷидӣ.
Зикр шуд, ки барои сохтмони неругоҳи “Роғун” аллакай 250 млн доллар қарзҳои имтиёзнок ҷудо шуда, кор дар самти ҷалби сармоягузориҳо идома дорад.
Юсуф Маҷидӣ изҳор намуд, ки шурӯъ аз соли 2025 бунёди неругоҳ бештар аз ҳисоби сармоягузориҳо маблағгузорӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки сармоягузорони аввали сохтмони неругоҳи “Роғун” Бонки исломии рушд” (150 млн доллар) ва Фондҳои рушди арабӣ (400 млн доллар) шуданд, ки аллакай маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳро маъқул шумориданд. Ҳамчунин, тибқи маълумоти Вазорати молия, дар бораи ҷалби қарзи имтиёзнок аз Бонки осиёии сармоягузориҳои зерсохторӣ (Чин) ба маблағи 500 млн доллар тавофуқ ҳосил шудааст.
Ба сафи сармоягузорони имконпазири сохтмони неругоҳи “Роғун” Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки осиёии рушд, Бони авруосиёии рушд ва ғайра шомиланд. Барои амалисозии пурраи лоиҳа 6,2 млрд маблағ лозим аст.
Қаблан вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа хабар дод, ки “аксарияти манбаъҳои маблағгузорӣ аллакай муайян шуда, ҳамаи шариконии рушди муқими Тоҷикистон ба ин лоиҳа пайваст шудаанд ва ҳар кадоме аз онҳо расмиёти мувофиқасозии худро дорад”.
Бино ба маълумоти Вазорати молия, ҳукумати кишвар дар сооли 2024 ба сохтмони неругоҳ равона кардани 5 млрд сомонӣ (456 млн доллар)-ро ба нақша гирифтааст, ки 2,2 млрд доллари он аз ҳисоби ҷалби маблағгузории беруна ва қисмати боқимонда - аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ мебошад.
Мувофиқи маълумоти Вазорати энергетика, ба идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” ҳамасола 1 млрд доллар равона кардан лозим буда, барои пурра амалисозии лоиҳа ба сурати умум 6,2 млрд доллар маблағ зарур аст.