Қурби расмии рубли Русия, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар карда мешавад, нисбат ба сомонӣ аз 114,7 сомонӣ барои 1000 рубл дар рӯзи 27 сентябри соли 2024 то ба 109,3 сомонӣ барои имрӯз, 10 октябр поин рафт.
Таносуби ин ду асъор қариб дар ҳамин сатҳ (109,2 сомонӣ) як сол пеш - 9 октябри соли 2023 қарор дошт.
Аз оғози соли равон рубл нисбат ба сомонӣ ба андозаи 10,2% - аз 121,7 сомонӣ барои 1000 рубл беқурб шуд.
Коҳиши дуҳафтаинаи қурби рубл нисбат ба сомонӣ дар пасманзари поинравии асъори Русия нисбат ба доллар сурат мегирад. Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, дар ин давра қурби рубл нисбат ба асъори амрикоӣ ба андозаи 4,9% - аз 92,41 рубл барои 1 доллар то ба 96,95 рубл коҳиш ёфт.
Поинравии қурби рубл нисбат ба сомонӣ даромади бе ин ҳам начандон зиёди хонаводаҳои муҳоҷирони тоҷикро, ки дар қаламрави Русия кор мекунанд, боз ҳам кам мекунад. Агар ду ҳафта пеш дар нуқтаҳои мубодилаи асъор барои 1000 рубл 114 сомонӣ медоданд, ҳоло ин рақам ҳамагӣ 109 сомониро ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо аввали соли ҷорӣ фарқият боз ҳам бештар аст: он вақт барои 1000 рубл 120-121 сомонӣ мегирифтанд.
Бино ба маълумоти манбаъҳои гуногун, дар қаламрави Русия ҳудуди 1,5 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
Мувофиқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2023 ҳаҷми интиқоли пул ба ҷумҳурӣ ба 5,7 млрд доллар расид, ки 6,6% зиёдтар нисбат ба соли 2022 аст.
Қобили зикр аст, ки зиёда аз 90%-и маблағҳои интиқолёфта ба ҷумҳуриро рубл ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, ҳисоббаробаркуниҳо бо рубл дар савдои Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ то охири нимаи аввали соли равон то 60% боло рафта, ҳиссаи амалиёт бо доллар, баръакс - то 36% поин рафтааст.
Дар Бонки миллӣ зикр мекунанд, ки ҳанӯз се сол пеш (моҳи июни соли 2021) ин нишондиҳандаҳо комилан баръакс буданд — 66,4% ҳисоббаробаркуниҳо бо доллари ИМА ва 30,5% бо рубли русӣ анҷом дода мешуданд.
Панҷ сабаби заифшавии рубл
Нашрияи интернетии vbr.ru бо истинод ба коршиносони «БКС Мир инвестиций» панҷ омилҳоеро номбар кардааст, ки ба беқурбшавии рубл оварда расонидаанд:
1. Поинравии нархи нафт. Айни замон нархҳои нафт боло рафтаанд — нархи нафти навъи Brent дар биржаи ICE Лондон дар сатҳи тақрибан 80 доллар барои як баррел қарор дорад. Аммо як ё ду ҳафта пеш нархи нафт паст буд. Ба қурби рубл маҳз ҳамин омил таъсир мерасонад. Чӣ қадаре ки нархи нафт паст бошад, ҳамон қадар содиркунандагон камтар асъор иваз мекунанд. Мутаносибан, ҳар қадаре ки пешниҳоди асъор дар бозор камтар шавад, қурби он боло меравад.
2. Барқарор шудани ҳисоббаробаркуниҳо барои воридот бо асъори хориҷӣ. Баъди ҷорӣ кардани таҳримҳои ИМА алайҳи Биржаи Маскав, пардохтҳо барои молҳои воридотӣ мушкил шуданд. Бо мурури замон ин мушкилот камтар шуд. Ин талаботро ба асъори хориҷӣ зиёд карда, ба гароншавии он боис мегардад.
3. Камбуди юан дар бозори Русия. Айни замон дар Русия вазъият чунин аст: бонкҳо бо юани Чин фаъолона қарз медиҳанд, аммо мардум ба кушодани пасандозҳо бо юан шитоб надоранд. Ҳамзамон, дар Биржаи Маскав харидани юан ғайриимкон аст, зеро он таҳти таҳрим қарор дорад ва дар хориҷа метавонад бо асъор мушкилот пеш ояд.
Пештар бонкҳо аз свопҳои асъорӣ (хариди юан аз Бонки Русия) фаъолона истифода мебурданд, аммо Бонки марказӣ ин равандро маҳдуд кард. Бонк хотиррасон намуд, ки ин як воситаест барои нигаҳдории нақдпазирӣ (ликвидность), на доимо истифода кардан. Ҳоло ба бонкҳо лозим меояд, ки юанро дар бозори ғайрибиржавӣ харанд, ки ин талаботро зиёд мекунад ва ба болоравии қурб боис мегардад.
4. Бонки Русия дар моҳи сентябр ҳамагӣ ба маблағи 200 млн рубл асъор фурӯхт. Бонк дар доираи қоидаи буҷет, ки бояд қурбро аз тағйироти нархҳои нафт муҳофизат кунад, дар бозори асъор амалиёт анҷом медиҳад. Аммо моҳи сентябр фурӯшҳо кам буданд. Барои муқоиса: дар моҳи август 7,3 млрд рубл ва дар моҳи октябр - 5,3 млрд рубл фурӯхта шуд.
5. Коҳиши фурӯши даромади содиркунандагон бо асъор. Ҳукумат ҳанӯз тобистони соли 2024 талаботро коҳиш дод. Лекин таъсири он ба қурб идома дорад. Дар заминаи пайдоиши омилҳои иловагӣ барои заифшавии рубл, ин таъсир боз ҳам бештар шудааст, аммо мақомот то ҳол дар ин бора тадбире рӯйи даст намегиранд.
Искандеркульская вахта полковника Ионова. Первой гидрометеостанции Таджикистана 95 лет
Фильм «Фуруғ» таджикского режиссера получил награду на кинофестивале в России
Чиновники Бухарской области перейдут на чрезвычайный режим работы, чтобы сократить бедность населения
Денежные переводы в Узбекистан выросли на треть в 2024 году
Саки-властелины степей на Крыше мира. Как саки пришли и спустя время ушли с Памира
Главы МИД Таджикистана и Китая обсудили договоренности лидеров двух стран
"Озоди": "Боим" экстрадирован в Таджикистан из Турции, куда уехал после 14 лет отсидки в России
Разложение мозга. Оксфордский словарь назвал слово 2024 года
Спецпредставитель ЕС: «Молодежи Таджикистана нужны образование и рабочие места»
Smartup: инновационные технологии для дистрибьюторов Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста