Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки қарзҳо аз андози як қатор корхонаҳои давлатӣ беэътимод эътироф гардида, аз эътибор соқит дониста шаванд.
Дар қарори дахлдори ҳукумат, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, дар бораи беэътимод эътироф гардидан ва аз эътибор соқит кардани қарз аз андоз ба мабағи ҳудуди 33,2 млн сомонӣ (зиёда аз 3,1 млн доллар) сухан меравад.
Ин маблағ аз ҳисоби қарзи андоз, ҷарима ва фоизи онҳо то 1 апрели соли 2024 ба вуҷуд омадааст.
Ба сурати умум қарзҳо аз пардохти андоз ба маблағи зиёда аз 17,7 млн сомонӣ, ҷарима ва фоизҳо - ба маблағи 15,4 млн сомонӣ аз эътибор соқит карда шудаанд.
Қарзҳои нисбатан зиёди ҶСК “Тоҷик Эйр” (ҳудуди 15,5 млн сомонӣ) ва корхонаи “Кони ангишти Назар-Айлоқ” (зиёда аз 14,8 млн сомонӣ), ки корхонаи фаръии КВД “Ангишти тоҷик” мебошад, бахшида шудаанд.
Ҳамчунин қарзҳои ҶСК “Пармакунии ҷанубӣ” (зиёда аз 1,3 млн сомонӣ), ки бастаи пурраи саҳмияҳояш ба ҳукумати ҶТ тааллуқ дорад, КВДС “Тоҷиксармоягузор” (ҳудуди 1,2 млн сомонӣ) ва корхонаи “Кони ангишти Шӯрообод” (ҳудуди 367 ҳазор сомонӣ) аз эътибор соқит дониста шуданд.
Қаблан хабар дода будем, ки бо қарори ҳукумат қарзҳо аз андози КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба маблағи беш аз 43,6 млн сомонӣ (зиёда аз 4 млн доллар) то 1 апрели соли 2024 аз эътибор соқит карда шуданд.
Пештар аз ин қарзҳо аз андози корхонаҳои зертобеъи Хадамоти алоқа (ҶСК “Тоҷиктелеком” ва КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг”), ҶСК “Тоҷиктрансгаз”, ҶСК “Суғдиён”, ки ба Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумат мансуб аст, бахшида шуда буданд. Ҳамчунин фоизҳо аз андози ҶСК “НБО Роғун”, ки саҳмиядори асосӣ ҳукумат аст ва ба бисёре аз дигар корхонаҳо низ аз эътибор соқит дониста шуданд.
Мақомот пешниҳоди чунин имтиёзу сабукиҳоро солимгардонии вазъи молиявӣ ва иқтисодии корхонаҳои давлатӣ маънидод мекунанд.
Ҳукумат ҳанӯз дар аввали соли 2019 бо қарори худ ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода буд, ки барои коҳиши қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои муассир роҳандозӣ кунанд. Аз ҳамон замон аз эътибор соқит кардани қарзҳо аз андози корхонаҳои давлатӣ таҷрибаи маъмулӣ шуд.
Идеальная фигура к Новому году — как похудеть за 14 дней
Сухроб Касымов: "Я жалею, что воевал против своих…"
Стихия с начала года унесла жизни 17 таджикистанцев
Минтруд России назвал самые высокие зарплаты мигрантов
В Таджикистане создали приложение, которое поможет туристам исследовать страну
Нуреку - городу солнца и света сегодня 64. Фотолетопись нашей истории
В Таджикистане определились с налогоплательщиками – льготниками на 2025 год
Душанбе занял 216-е место в рейтинге лучших городов для экспатов
В Канибадаме обнаружены тела ещё четырёх человек - членов двух семей
За распространение психотропных препаратов в Душанбе задержали пять человек
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста