Аксари ширкатҳои интиқолдиҳандаи мол аз Чин ба Тоҷикистон эълон карданд, ки аз имрӯз, 12 ноябр, муваққатан барои овардани мол аз Чин фармоиш қабул намекунанд. Онҳо сабаби қатъи қабули фармоишро ба “тамбашавии нақлиёт дар сарҳад” рабт доданд.
Сайфулло Қодирзода, сардори раёсати нақлиёти рӯйизаминии Вазорати нақлиёт ба “Азия-Плюс” гуфт, сабаби коҳишёбии интиқоли моли фармоишӣ аз Чин норасоии рухсатномаҳои байналмилалӣ аст.
Ӯ гуфт, ду моҳ пеш Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҳамтоёни чинии худ барои дастрас кардани рухсатномаи иловагӣ дархост ирсол карда буд ва интизори посух аст.
“Ваъда кардаанд, вале мутаасссифона, то ҳол рухсатномаро дастрас накардем”, - афзуд ӯ.
Аз Хадамоти назорат ва танзими соҳаи нақлиёт низ норасоии рухсатнома ва интизори посухи Вазорати нақлиёти Чин буданашонро тасдиқ карданд, вале нагуфтанд, ки мушкил кай ҳалли худро меёбад.
Ширкатҳои интиқоли бор аз Хитой ба суоли “Азия-Плюс” вобаста ба мушкили дар сарҳад пешомада ҷавоби мушаххас надоданд. Аксари ширкатҳои интиқолдиҳандаи бор дар эълони худ дар саҳифаҳои алоҳидаи “Телеграм” ва “Инстаграм” гуфтанд, ки ҳоло назорат дар сарҳад сангин аст ва метавонад молҳои фармоишшуда дар муддати хеле тӯлонӣ ба Тоҷикистон омада расанд. Ба ин далел наметавонанд то бартараф гардидани мушкил дар сарҳад фармоиш қабул кунанд.
Аммо ҳоло баъзе аз ширкатҳои интиқолдиҳандаи бор аз Чин бо эълони пешакии таъхир дар интиқоли бор фармоиш қабул мекунанд.
Рухсатнома - санади якдафъаинаи иҷоза барои гузариши воситаи нақлиёти як кишвар бо бори вазнин, калонҳаҷм ё хатарнок тариқи қаламрави кишвари дигар мебошад. Ба ҳар як санад рақами махсус дода мешавад. Дар гумрук рухсатнома баста шуда, истифодаи такрории он манъ аст. Рухсатномаҳо барои боркунӣ ё фаровардани бор, инчунин барои транзит дода мешаванд.
Санади мазкур ба мошинҳои боркаш аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт бо пардохти маблағи муайян тавассути ширкатҳои логистикӣ дода мешавад. Ронандагони мошинҳои боркаш борҳо шикоят карда буданд, ки рухсатномаро тариқи миёнаравҳо бо нархи баланд дастрас мекунанд. Моҳи сентябри соли 2021 ронандагони мошинҳои боркаш ҳатто дар назди бинои Вазорати нақлиёт даст ба гирдиҳамойӣ зада буданд.
Он замон ронандагон шикоят доштанд, ки то моҳи сентябр як рухсатномаро ба онҳо бо нархи 60 доллар мефурӯхтанд, сипас нархро то 400 доллар боло бурданд, ҳарчанд дар Вазорати нақлиёт изҳор дошта буданд, ки ин санад дар асл ҳамагӣ 84 сомонӣ (7,5 доллар) нарх дорад.
Ҳамчунин, аввали соли ҷорӣ дар дар гузаргоҳи “Фотеҳобод”-и ноҳияи Мастчоҳ, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро бо ҳам мепайвандад, шумори зиёди мошинҳои боркаш дармонда буданд. Сабаби ин ҳолат душвор ва қимат шудани дастрас кардани рухсатнома аз оғози соли 2024 гуфта мешуд.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфта буд, ки муҳлати рухсатаномаҳои соли гузашта 31-уми январи соли 2024 ба анҷом расид, вале рухсатномаҳои навро бархе ҷамъиятҳои боркашонӣ ба ронандагон қимат фурӯхтанд.
Таджикские геологи нашли 15 площадей с проявлением редких металлов
В Таджикистане в конце недели ожидается резкое понижение температуры
Казахстан и Таджикистан вышли на новый уровень сотрудничества
5 важных проектов ЮНИСЕФ, которые работают в Таджикистане
Что скрывается за кулинарными традициями регионов Китая?
В Таджикистане появится новый профессиональный праздник
На остановках в Душанбе появились электронные табло
В Таджикистане увеличена президентская стипендия для школьников и студентов колледжей
В России определили учреждения, обладающие правом приема экзаменов для мигрантов
Сирийский гамбит. Как смена власти в Дамаске отразится на Таджикистане и Центральной Азии в целом?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста