Оҷонсии “Тоҷикстандарт” воридоти гӯшт аз Белорусро "танзим нархи ин намуди маҳсулот дар бозори дохилии кишвар" унвон кард ва гуфт, “арзон будани нархи гӯшти аз Белорус воридшаванда маънои хатарнок будани онро надорад”.
Мирзоён Раҳмоншо, муовини аввали директори ин агентӣ дирӯз, 3-юми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, гӯште, ки аз аз Белорус ворид мешавад, “безарар буда, аз санҷиши ин агентӣ гузаштааст”.
Ин намояндаи “Тоҷикстандарт” ба суоли ботакрори хабарнигорон вобаста ба “ҳалол” будани он, аз ҷумла тарзи забҳи ҳайвонот посухи тасдиқкунанда надод, танҳо гуфт, “бехатар аст”.
“Белорус яке аз давлатҳои аз ҷиҳати кишоварзӣ пешрафта ва содиркунандаи маҳсулоти гуштӣ буда, ҳатто Русия аз Белорусия гӯшт ворид мекунад. Ягон ҷойи шубҳа надорад. Баҳазур метавонед истеъмол кунед”, - илова кард Мирзоён Раҳмоншо..
Ба иттилои ӯ, соли гузашта Агентии захираҳои моддии Тоҷикистон аз Белорусия ба кишвар гӯшт ворид кард. Ба чӣ миқдор нагуфт.
Бояд гуфт, соли гузашта дар кишвар нархи гӯшт ба таври бесобиқаа гарон шуда, ба 90-120 сомонӣ боло рафт.
Масъулини вазорати кишоварзӣ дар нишасти хабарии қаблӣ поён наомадани нархи гӯшт дар бозорҳои кишварро ба зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба он ва воридоти хӯроки чорво аз хориҷа рабт дода буданд.
Вобаста ба сабабҳои аслии болоравии нархи гӯшт дар кишвар дар маводи таҳлилии "Азия-Плюс" "Душвор аст. Чаро дар Тоҷикистон гӯшт якбора хеле қимат шуд?" мутолиа кунед.
Более 200 тысяч человек собрались в Ватикане на похоронах Папы римского
Куда обратиться с зубной болью в Душанбе ночью?
Четыре бронзы и одно серебро. Дзюдоисты Таджикистана завоевали первые медали на чемпионате Азии
ЭСКАТО ООН приняла резолюцию Таджикистана о сотрудничестве по воде и климату
Высохли или выглядят высохшими? В центре Худжанда пожелтели листья у посаженных недавно магнолий
Таджикский шахматист выиграл серебро на домашнем турнире
Почему видеографы из Таджикистана переезжают в Дубай и чем их так привлекает этот город?
Ветровая и водородная энергетика: как опыт корейского острова Чеджу можно применить в Таджикистане?
В чём секрет китаянок, которые в 50 выглядят на 30?
Таджикистанец получил в Узбекистане 3,5 года тюрьмы за угон автомобиля в нетрезвом состоянии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста