Моҳҳои охир нархи гӯшт дар Тоҷикистон мунтазам боло меравад. Айни замон нархи гӯшти устухондор ба 90-100 сомонӣ ва беустухон ба 120-150 сомонӣ расидааст, ҳол он ки баҳори имсол нархи онҳо 20-40 сомонӣ арзонтар буд.

Лекин гӯшт кам нест, истеҳсоли он афзоиш ёфта, саршумори чорво дар ҷумҳурӣ аз талабот зиёдтар аст. Пас чаро нархҳо якбора боло рафтанд?

Гарон шудани чорво

Як сабаби асосии болоравии нархи гӯшт гарон шудани чорво дар бозорҳо мебошад. Масалан, дар яке аз бозорҳои назди Душанбе 18 август як гов (буққа)-и вазнаш тақрибан 300 кг бо нархи 20 ҳазор сомонӣ фурӯхта шуд. Агар ҳисоб кунем, ки аз ин гов тақрибан 60% гӯшти соф ба даст меояд, пас як килограмми он тақрибан 90 сомонӣ арзиш хоҳад дошт.

Барои гирифтани фоида, касе, ки ин гӯштро мефурӯшад, бояд нархро 10-15 сомонӣ боло бардорад. Ба ин хароҷоти нақлиёт, хидматрасонии байторӣ, иҷора дар бозор, пардохти андоз ва ғайра илова мешаванд, ки ҳамаи ин дар арзиши ниҳоии гӯшт инъикос меёбад.

Дар Тоҷикистон ҳоло куштани чорво дар хона манъ буда, онро дар нуқтаҳои махсус забҳ мекунанд. Ин боз хароҷоти иловагӣ мебошад. Ҳамаи ин ба арзиши аслии гӯште, ки ба фурӯш мебароранд, таъсир мерасонад.

Гарон шудани хӯроки чорво

Касе, ки говро фурӯхт, ягон фоида мебинад? Ӯ бар ин назар аст, ки айни замон хӯроки чорво хеле гарон шудааст.

Нархи хӯроки чорво баланд аст. Масалан, як кило кунҷора 5 сомонӣ, комбикорм - 4 сомонӣ, сабӯс - 3 сомонӣ, коҳ - 20 сомонӣ, силос ва юнучқа - 25 ва 1 кило хӯроки омехтаи чорво - на камтар аз 4 сомонӣ нарх доранд.

Одатан, чорвои вазнаш 200 кило бояд дар як шабонарӯз тақрибан 5 кило ва чорвои вазнаш 600 килограмм - 10 кило хӯроки хушк бихӯрад. Ба ин тариқ, барои ин дар ним сол камаш 6 ҳазор сомонӣ лозим аст, то ки он фарбеҳ шавад.

Хароҷоти иловагӣ низ ҳаст: витамину минералҳо, муоинаи байторӣ ва нигоҳубини ҳаррӯзаи чорво ҳам кори осон нест. Як говро 11 ҳазор сомонӣ мехаред, 6 ҳазор барои фарбеҳ кардан сарф мешавад, 20 ҳазор  мефурӯшед. Фоида 3 ҳазор сомонӣ дар ним сол, ки маблағи начандон зиёд аст.

Бинобар ин, кирои заҳмат намекунад. Зарар нарасид, лекин даромади зиёд ҳам намегиред.

Ба гуфтаи фурӯшанда, парвариши чорвои зотӣ барои гӯшт хеле гарон буда, зотҳои маҳаллӣ гӯшти зиёд намедиҳанд. Фарбеҳ кардани онҳо маъние надорад. Чӣ қадре, ки хӯрок надиҳед, онҳо кам вазн мегиранд. Аҳолӣ чорвои худро асосан дар хона парвариш мекунад, зеро чарогоҳ нест.

Чарогоҳ каму чорво зиёд аст

Чарогоҳҳо манбаи асосии ғизо барои чорво мебошанд.

Айни замон 40 фоизи чарогоҳҳои ҷумҳурӣ бо сабаби истифодаи нодуруст дар ҳолати нобудшавӣ қарор доранд. Ин чарогоҳҳо дар наздикии деҳаҳо ҷойгир буда, аз ҷониби сокинони маҳаллӣ истифода мешаванд. Дар ин бора Сафаралӣ Назаров, роҳбари МД «Трести чарогоҳу мелиоративӣ» дар нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ хабар дод.

Ба ақидаи коршиносон, омили асосии бадшавии ҳолати табиии чарогоҳҳо аз ҳад зиёд будани саршумори чорво мебошад, ки ин боиси поймол шудани растаниву гиёҳҳои чарогоҳӣ шудааст.

Тибқи тавсияи илмӣ, давоми сол дар як гектар бояд як сар чорвои калони шохдор ё панҷ сар чорвои майда парвариш карда шавад. Дар нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар соли равон хабар доданд, ки дар кишвар 3 миллиону 832 ҳазору 161 гектар чарогоҳ мавҷуд аст.

То 1 июли соли 2024 саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо ба 2 миллиону 705,7 ҳазор сар расид, ки 100,1 ҳазор сар ё 3,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар ҳамин давра, саршумори гӯсфанду  бузҳо 7 миллиону 089,7 ҳазор сарро ташкил дод, ки ин ҳам 478,6 ҳазор сар ё 7,3% зиёд шудааст.

Ба ин тариқ, саршумори умумии чорво дар ҷумҳурӣ аз имкониятҳои ҳамаи чарогоҳҳо бештар мебошад.

Дар натиҷаи норасоии растаниву гиёҳҳои чарогоҳӣ дар фасли зимистон аз 10-15 то 25 фоиз вазни зиндаи чорвои майда талаф меёбад. Коршиносон мегӯянд, агар ҳолати чарогоҳҳо беҳтар ва ҳосилнокии онҳо зиёд карда шавад, меъёри парвариши чорво метавонад 2-3 маротиба зиёд шавад.

Харидорон чӣ мегӯянд?

Масъалаи болоравии нархи гӯшт дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои тезутундро ба миён овард. Корбарон изҳори норозигӣ намуда, маълумоти омори расмиро зери шубҳа мегузоранд. Ба ғайр аз шикоят дар байни шарҳҳо инчунин навиштаҳое низ ҳастанд, ки муаллифонашон кӯшиш кардаанд вазъи бозори гӯштро дар кишвар таҳлил намоянд.

Ба фикри онҳо, гароншавии гӯшт ба болоравии 40-фоизаи маошҳо дар моҳи июл вобаста аст. Дигар ақидаҳо низ мавҷуданд: «Дар Тоҷикистон мутахассисоне, ки нархгузориро медонанд, нестанд. Мақомоти зиддиинҳисорӣ низ ҳаст ва ҳар сол аз ҳама ҳисобот мегирад. Аммо чизе тағйир намеёбад».

Ба назари мардум, дар бозор ва супермаркетҳо нархҳои ғайриқобили қабул барои гӯшт гузошта шуда, ҳеҷ кас онҳоро назорат намекунад.

Фурӯши гӯшт дар яке аз бозорҳои пойтахт
Сурат: Asia-Plus

Истифодабарандагон инчунин аз байн рафтани истеҳсолкунандагони бузурги гӯштро ёдовар шуданд – фермаҳои калони колхозу совхозҳои пештара, ки дар ивазашон комплексҳои муосири чорводорӣ пайдо нашуданд. Қариб ҳамаи фермаҳои дорои чорвои калони шохдор хусусӣ карда шуданд, заминҳояшон ба қитъаҳо тақсим ва фурӯхта шуда, чорво нобуд карда шуд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳукумат тавсия медиҳанд, ки баръакс, ба ҷойи кӯшиши кам кардани воридоти гӯшт, ҳаҷми воридоти онро аз кишварҳое ба мисли Ҳиндустон ва Эрон зиёд кунад.

Талабот ба гӯшт зиёд шуд

Масъулин сабаби поён наомадани нархи гӯшт дар бозорҳои кишварро ба зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба он ва воридоти хӯроки чорво аз хориҷа рабт медиҳанд.

Машокир Назарзода, муовини вазири кишоварзӣ дар ин робита изҳор намуд, ки сол ба сол теъдоди аҳолӣ зиёд мешавад ва талаботи аҳолӣ ба гӯшт афзоиш меёбад.

Назарзода барои мисол гуфт, ки тибқи сабади истеъмолӣ ба ҳар як шаҳрванди кишвар дар як сол 18 кг гӯшти мурғ рост меояд, вале дар кишвар ҳоло 5,5 кг гӯшти мурғ истеҳсол мегардад.

Ӯ илова намуд, ки имрӯз дар шаҳрҳои кишвар бештар гӯшт истеъмол мешавад, зеро сокинон дастикам ду маротиба дар ошхонаҳо таом мехӯранд, ки бегӯшт нест.

Ғайр аз ин, номбурда сабаби дигари афзоиш ёфтани талаботи сокинон ба гӯштро ба баргузории тӯю маъракаҳо иртибот дод.

Истеҳсоли гӯшт низ зиёд мешавад

“Мо 99,9 дарсад аҳолиро бо гӯшт таъмин мекунем, вале сабаби поён наомадани нархи он зиёд шудани талаботи аҳолӣ ва воридоти хӯроки чорво аз хориҷа аст”, - изҳор намуданд дар Вазорати кишоварзӣ.

Дар зарфи 7 моҳи соли равон дар Тоҷикистон зиёда аз 127 ҳазор (бо вазни зинда) гӯшти гову гӯсфанд истеҳсол шудааст, ки 14,6% зиёдтар нисбат ба нимсолаи аввали соли 2023 буда, 88%-и он ба ҳиссаи аҳолӣ рост меояд.

Дар ин давра 19 ҳазор тонна гӯшти паранда бо вазни зинда истеҳсол шудааст, ки 19,4% кам мебошад. Аз ин миқдор 87% ба ҳиссаи корхонаҳои парандапарварӣ рост меояд.

Воридоти гӯшт аз хориҷа сол то сол кам мешавад - аз 10,7 ҳазор тонна дар соли 2014 то 2,8 ҳазор тонна дар соли 2023. Қаблан ба ҷумҳурӣ ҳамасола то 160 ҳазор тонна гӯшт ворид карда мешуд.

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳаҷми истеҳсоли гӯштро дар дохили кишвар зиёд карда, воридоти онро кам кунад
Инфографикаи Asia-Plus

Соҳаи маҳсулнокиаш паст

Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз афзоиши саршумори чорво нисбат ба солҳои 90-уми асри гузашта, сифати зотпарварӣ ва маҳсулнокии он дар сатҳи паст боқӣ мемонанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, зиёда аз 92% саршумори чорвои калонаи шохдор ва 82% чорвои майда (гӯсфанду буз) дар хоҷагиҳои худи аҳолӣ нигоҳубин ва парвариш карда мешавад. Чорвои хонагӣ аз рӯи вазни зинда ва маҳсулнокӣ ба талаботи меъёрҳо ҷавобгӯ нест.

Бале, саршумори чорво дар бахши хусусӣ зиёд мешавад, вале ҳамзамон хатари аз байни рафтани баъзе зотҳои гӯштии чорвои калони шохдор ва гӯсфандҳо вуҷуд дорад.

Ғайр аз ин, бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод, сатҳи истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ оид ба истеҳсоли гӯшт ва маснуоти гӯштӣ ҳамагӣ 20,5%-ро ташкил медиҳанд.

Коршиносон ба ҳукумат тавсия медиҳанд, ки барои афзоиши истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон ба ҳолатҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Пеш аз ҳама бояд барои бунёди маҷмааҳои нави саноатӣ барои парвариши чорвои калони шохдор ва майдаи зотҳои гӯштӣ сармоягузорӣ ҷалб карда шуда, ҳамзамон барои осон кардани дастрасии соҳибкорон ба хариди чорвои зоти гӯштӣ аз хориҷа тавассути сабук кардани андоз ва боҷҳои гумрукӣ тадбирҳо андешида шаванд. Ғайр аз ин, тавсеъаи истеҳсоли саноатии хӯрока барои чорво  ва сохтмони комбинатҳои гӯшт бо таҷҳизоти муосир зарур аст, то ки истеҳсоли гӯшт то сатҳи коркарди ниҳоӣ расонида шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.