Пас аз адои ҷазо дар муассисаи ислоҳӣ шахс бо тамғаи “доғи ҷиноятӣ” берун мешавад, ки ин яке аз монеаҳои дубора барои дарёфти ҷойи кори муносибу бозгаштан ба зиндагии муқаррарӣ мегардад.
Аксари маҳкумшудагон пас аз адои ҷазо наметавонанд ҷои кор пайдо кунанд, ки ба омилҳое мисли тафаккури шахшудаи корфармо дар бораи обрӯйӣ шахсӣ ва ширкат, тарс аз такрори эҳтимолии содири ҷиноят ва амсоли ин вобаста аст. Маҳз ҳамин сабабҳо боис мешаванд, ки собиқ маҳкумшудагон ба корҳои муваққатӣ ва ғайрирасмӣ ҷалб шуда, раванди мутобиқшавии онҳоро ба зиндагии муқаррарӣ душвортар мекунад.
Яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти мутобиқсозии собиқ маҳкумшуда дар ҷомеа, ҳамкории зичи сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аст. Таҷрибаи лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон”, ки бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон амалӣ мешавад, нишон медиҳад, ки тавассути таъсис додани курсҳои омӯзишӣ дар дохили муассисаҳои ислоҳӣ ва баъдан идома додани барномаҳои таълимӣ барои собиқ маҳкумшудагон исботи гуфтаҳои болост.
Дар доираи лоиҳа, ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”, ки шурӯъ аз соли 2014 дар ин самт кор мекунад, барои собиқ маҳкумшудагон тренингҳои омӯзишӣ дар бораи банақшагирии тиҷорат, рушди шахсӣ ва соҳибкории иҷтимоӣ доир намуда, дар натиҷаи озмун беҳтарин лоиҳаҳои иҷтимоиро маблағгузорӣ мекунад.
Валиҷон (ном бо хоҳиши ҳамсуҳбат иваз шудааст) соли 2023 бо моддаи 111 (қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ) 8 моҳро дар муассисаи ислоҳӣ сипарӣ кард.
“Бинобар сабаби ҷанҷолҳои оилавӣ мо 3 нафар бародар дар маҳбас будем. Баъди баромадан ба озодӣ, аз дӯстам дар бораи ташкилоти ҷамъитӣ ва лоиҳаи кӯмаки собиқ маҳкумшудагон бохабар шудам ва онҳо муроҷиат кардам. Дар аввал маро барои касбомӯзӣ даъват карданд, ва чун ман дар таъмири автомашинаҳо аллакай, мизоҷони худро доштам, баъди омӯзиш тасмим гирифтам, ки дар ҳамин самт лоиҳа менависам. Вақте барои гирифтани грант дархост пешниҳод кардам, аз ташкилоти омада, шароити кории маро аз наздик диданд ва боварӣ ҳосил карданд, ки ман дар ин самт аллакай, кори худро медонам”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ҳамчун ғолиби озмуни грантӣ, “Идораи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонуният” ба Валиҷон асбобҳои корӣ, аз қабили бастаи калидҳо, муҳаррики барқӣ (электродвижок) компрессор, вазнбардор (домкрат) ва дигар лавозимоти зарурӣ барои таъмири автомобилҳо дод.
“Қабл аз ба маҳбас рафтан ба таъмири мошинҳо машғул будам, вале бо сарфи маблағи зиёд таҷҳизоти кориро ба иҷора мегирифтам, ки ин мушкилии маро дучанд мекард. Ҳоло бошад, таҷҳизоти корӣ аз они худам аст ва бо истифода аз онҳо зиндагиамро пеш мебарам ва бо қадри имкон ба дигарон низ кӯмак мекунам”, - нақл мекунад Валиҷон.
Наргис Зокирова, роҳбари “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” мегӯяд, дар баробари Валиҷон, боз 10 нафари дигар соҳиби чунин грант дар шакли таҷҳизоти корӣ шуда, ҳоло онҳо низ тиҷорати хурди худро дар самтҳои гуногун бо муваффақият пеш бурда истодаанд.
“Дар давоми қариб 10 соле, ки мо чунин лоиҳаҳоро амалӣ менамоем қариб 20 нафар соҳиби грант шуданд. Барои мисол, Валиҷон барои дарёфти ёрии ҳуқуқӣ ба мо муроҷиат карда буд. Дар баробари ёрии ҳуқуқӣ, бо тавсияи кормандони мо дар дигар барномаҳои омӯзишӣ низ фаро гирифта шуд.
Вақте ташкилоти мо барои дарёфти грантҳо барои баҳрабарандагони лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” озмун эълон кард, Валиҷон низ тавонист лоиҳаи худро пешниҳод намоянд. Ғояи ӯ ташкили устохонаи шахсӣ дар макони зисташ буд, ва чун вай аллакай устои таҷрибадор буда, мизоҷони худро дошт, лоиҳаи ӯ низ дар қатори 10 пешниҳоди дигар ғолиби озмун дониста шуд”, - гуфт Наргис Зокирова.
Валиҷон 54 сола буда, соҳиби чор духтару як писар аст. Баъди гирифтани таҷҳизот, барояш муяссар шуд, ки писар ва бародарашро низ ба ин кор ҷалб намояд, то хизматрасониро ба муштариён беҳтару бештар ба роҳ монанд.
“Аз набудани маблағ натавонистам писарамро ба донишгоҳ дохил кунам. Ҳоло ӯ ҳамроҳи бародарам бо ман кор мекунад. Ғолибият дар ин озмуни грантӣ ва дарёфти таҷҳизот роҳи ҳалли мушкили ман барои дарёфти ҷойи кори хуб шуд”, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Ба ин қишри осебпазири ҷомеа омӯзонидани касбу кор, маҳорати пеш бурдани соҳибкории иҷтимоӣ ва додани грантҳо таҷрибаи омӯхташуда аст. Зеро ин раванд имкон медиҳад, ки дар баробари худ, онҳо дигаронро низ метавонанд бо ҷойи кор таъмин намоянд.
“Агар собиқ маҳкумшуда баъди ба озодӣ баромадан бо кор ва маоши хуб таъмин гардад, ӯ дубора даст ба ҷиноят намезанад ва ё ба ягон гуруҳҳои экстремистӣ ҷалб намешавад. Бинобар ин вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ин самт мутобиқ гардонидани онҳо дар ҷамъият мебошад. Чунки баъди баромадан ба озодӣ нафарони маҳкумшуда бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешаванд. Барои ҷоннок намудани ин кор қабули барномаи алоҳидаи давлатӣ зарур аст.
Умедворем, ки дар оянда чунин як барнома аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва шарикони рушд таҳия гардида, мавриди амал қарор дода мешавад”, - изҳор намуд Зокирова.
Қобили қайд аст, ки лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” аз соли 2014 инҷониб аз тарафи “DVV International” дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон фаъолият мекунад. Аз ҷумла касбомӯзӣ, ёрии ҳуқуқӣ ва равонӣ, бо шуғл фаро гирифтани собиқ маҳкумшудагон тавассути таъсиси грантҳо, ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонидани онҳо баъди ба озодӣ баромадан ва дигар тадбирҳо дар доираи ин лоиҳа амалӣ гардонида мешаванд.
Ин мавод дар доираи лоиҳаи «Ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд омода ва нашр шудааст. Лоиҳа аз тарафи Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ – “Ҷаҳон” ва “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонқният” амалӣ мешавад. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.
Дар Telegram, Facebook ва Instagram бо мо бимонед.
“Ҷуръати баррасии фоҷеаҳои 100 соли гузашта”. Баҳси зерматнҳои китоби “Нони шарикӣ" (Сад сол бо Русия)
Додгоҳ як мардро барои қатли ронандаи таксӣ 15 сол равонаи зиндон кард
Имрӯз ҳавопаймои Душанбе-Хоруғ парвози худро анҷом дод
Вазорат: “Дар Тоҷикистон коронавируси ХЕС ошкор нашудааст, ҳеҷ асосе барои нигаронӣ нест”
Суғд нақшаи даъвати ҳарбиро 80% иҷро кардааст
Аз 30 ба 90 сомонӣ. Нархи гӯшт чӣ гуна боло рафт?
Амирхон Мутаққӣ барои ширкат дар нишасти шашуми "Формати Маскав" вориди Русия шуд
Чӣ гуна «Душанбе Сити Бонк» шуморо аз қаллобон ҳимоя мекунад?
Ҷаримаи волидайни се хонанда барои кашидани “калян”-и электронӣ дар мактаб
Беш аз 85% ифротиёни тоҷик муҳоҷирон будаанд. Ин то куҷо дуруст аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста