Имрӯз дар дафтари кории “Азия-Плюс” дар ҳамдастӣ бо Иттиҳоди Аврупо давраҳои омӯзишӣ (курсҳо)-и ройгон оғоз шуданд, ки дар онҳо донишҷӯёну блогерон малакаҳои калидии эҷоди муҳтавои расонаҳо ва тарзу усулҳои ҳимоя аз таҳдидҳои иттилоотиро меомӯзанд. Барномаи давраи омӯзишӣ барои ду моҳ пешбинӣ шуда, аз машғулиятҳои кор бо матн, сурату видео ва аз ҳама муҳимтар - муқовимат бо дурӯғпароканӣ иборат аст.

Дар Душанбе давраи омӯзишии ройгон оғоз шуд, ки барои 26 донишҷӯ, толибилмони факултаҳои рӯзноманигорӣ ва ҷавонони ҳавасманд роҳи фаъолиятро ба блогинг ва эҷод дар расонаҳо боз мекунад. Дар маросими ифтитоҳи роҳандозии лоиҳа донишҷӯёнро мудири куллии гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” Умед Бобохонов хуш истиқбол намуда, инчунин Мушовири сиёсии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Ясна Ламбер аҳаммияти ин ташаббусро барои беҳбуди саводнокии расонаӣ дар ҷомеа таъкид кард.

Намояндагони «Азия-Плюс», ки ташкилкунандагон ва муаллифони асосии барнома мебошанд, дар бораи ҳадафҳои мактаби расонаӣ барои муқобила бо иттилооти бардурӯғ маълумот дода, иштирокчиёнро бо ҷадвали машғулиятҳо ва ҳайати мураббиён шинос ва дар таҳсил барояшон комёбӣ хостанд.

Asia-Plus

Барномаи курс тамоми самтҳои калидии кори расонаиро фаро мегирад: аз навиштани матнҳо то офаридани маводҳои визуалӣ ва истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ барои беҳтар намудани мавод ва пешбурди онҳо.

«Ин давраи омӯзишӣ имконияти хубест барои омӯзиши навиштани ҳаёту саргузашт ва рӯйдодҳо ба тавре ки ҳар кас онро қабул ва дарк кунад. Бовар дорам, донишҳои андӯхта ба ман дар фаъолияти минбаъдаам кумак хоҳанд кард», — изҳор мекунад яке ҷавондухтарони иштирокчии лоиҳа.

Мураббиёни курс мутахассисони дорои таҷрибаи амиқ дар таҳияи маводи расонаӣ ва коршиносоне ҳастанд, ки дар сафҳои пеши саводи расонаӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Барои иштирокчиён машғулиятҳои амалии кор бо матн ва графика гузаронида мешаванд, ки дар онҳо иштирокчиён бо истифода аз замимаҳои мобилӣ бо навиштани рӯйдодҳои ҷолиб ва ороиши визуалии онҳо ошно мешаванд. Ба наворбардории мобилӣ ва корҳои васлу насби наворҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад, то ки ҳар кас барои эҷоди маводи мукаммал дар смартфони худ истифодаи асбобу лавозимоти дастрасро азхуд кунад.

1/5

Дар қисмати марбут ба иттилооти бардурӯғ иштирокчиён қабули ахбори носаҳеҳро аз лиҳози равоншиносӣ омӯхта, малакаҳои интиқодии арзёбии иттилоотро сайқал медиҳанд. Онҳо чӣ гуна шинохтани иттилооти бардурӯғ, таҳияи стратегияи ҳимоя ва санҷиши далелҳоро меомӯзанд, то ки дар оянда маводи онҳо барои ҷомеа манбаи боэътимоди иттилоот гардад.

«Масъулият дар касби мо аз малакаи санҷиши далелҳо оғоз мешавад ва давраи омӯзишии мо барои кӯмак ба донишҷӯён дар муқовимат бо таҳдидҳои иттилоотӣ пешбинӣ шудааст», — мегӯяд Баҳманёр Нодиров, мудири таҳририяи «Азия-Плюс».

Пас аз анҷоми машғулиятҳо ҳар кадоме аз иштирокчиён маводи расонаии худро пешниҳод намуда, шаҳодатнома мегирад. Барнома то охири сол идома ёфта, дастандаркорони чорабинӣ умедворанд, ки ин ташаббус як иқдоми муҳим дар ташаккули насли нави мутахассисони масъул ва салоҳиятноки расонаҳо хоҳад гашт. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.