Як сокини ноҳияи Мӯъминобод барои баргузории маъракаи ҳоҷизиёрат 21,6 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст. Дар умум, дар нӯҳ моҳи соли 2024, сокинони Тоҷикистон барои нақзи қонуни танзим қариб 8 млн сомонӣ ҷарима шудаанд.
Додгоҳи ноҳияи Мӯъминобод Раҷаб Азизов, як сокини ин ноҳияро барои нақзи қисми 2 моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ...) гунаҳкор дониста, 21 ҳазору 600 сомонӣ (300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима кардааст.
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим иттилоъ медиҳад, ки қонунвайронкунии Раҷаб Азизов зимни як “рейд”- и ин Кумита, ки бо ҷалби додраси Додгоҳи ноҳияи мазкур сурат гирифтааст, маълум шудааст.
Аммо назари худи Раҷаб Азизов дар робита қазия дастрас нест.
Дар умум, ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ додгоҳҳои Тоҷикистон сокинони кишварро барои вайрон кардани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 7 миллиону 897 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. То ҳол 4 миллиону 591 ҳазор сомонии он рӯёнида шудааст.
“Додгоҳҳои кишвар дар ин давра барои нақзи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 1 ҳазору 142 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ кардаанд. Ин 642 ҳолат зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст”, - гуфтанд аз ин ниҳод.
Кумита гуфтааст, дар нуҳ моҳи соли маъракаҳо нисбатан коҳиш ёфта, аммо ошкоршавии қонуншиканиҳо афзоиш ёфтааст.
“Аз ҷумла, тӯйҳои домодиву арӯсӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 1 ҳазору 736 адад, маросими чил 150 адад кам ва маросими сол 186 адад зиёд сабт шудааст”, - изҳор доштанд аз ин ниҳод.
Бояд гуфт, баъди қабул шудани тарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои поймол кардани талаботи он ҷарима сангинтар гардид. Ҳамакнун барои нақзи талаботи ин қонун аз 8 ҳазору 640 сомонӣ (ҳудуди 800 доллар) то ба 216 ҳазор 000 сомонӣ (ҳудуди 20 ҳазор доллар) сокинон ҷарима хоҳанд шуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2007 қабул шуда, ҳадаф аз онро мақомоти кишвар, сарфакорӣ дар баргузории маъракаҳо медонанд. Аммо мунтақидон мегӯянд, баъди қабули ин қонун фасод дар кишвар афзуд ва бо истифода аз он ҳукумат ба зиндагӣ, ҷайб ва аз ному насаб гирифта то масоҳати дастархону гӯру чӯби онҳо дахолат кард.
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Манбаъ: Нархи нобудсозии мошинҳо то 16 ҳазор сомонӣ боло меравад
Душанбе ва Тошканд дар Помир корҳои иктишофи геологӣ мегузаронанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста